Баргашт Чоп кардан

ДАНҒАРА. ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БО АРМУҒОНҲОИ САЗОВОР


Сокинони деҳоти Себистони ноҳияи Данғара ҷиҳати истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ободонии диёрашон камари ҳиммат бастаанд.

– Мушоҳида мегардад, ки ҳоло дар деҳоти ноҳия корҳои созандагӣ вусъати бесобиқа пайдо карда, хурду бузург бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ба хотири обод гардондани зодгоҳи худ, заҳмати аҳлона нишон дода истодаанд. Ҳар сокини деҳот бо ҳавасмандӣ омода аст, ҷойеро обод кунаду ягон нуқтаи савдо ва ё хидматрасонӣ бунёд созад, масофаи муайяни роҳҳои пиёдагарду мошингардро таъмир намояд. Ростӣ, чунин тасмиму ташаббусҳо хеле зиёданд, ки самарааш кӯчаҳои ободу сарсабз, гулгаштҳои замонавӣ, манзилҳои таъмиршуда аст ва аз ин амалҳо танҳо ифтихор, шукри соҳибистиқлолӣ ва давлатдорӣ мекунед, – иброз дошт Фарҳод Саймуродзода, раиси деҳоти Себистон.


Ба маълумоти ӯ, ҷиҳати пазироии шоистаи Ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сокинон тасмим гирифтаанд, ки дар ҳамаи гӯшаву канори деҳот, дар маҷмуъ, 25 иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзиширо сохта, ба истифода диҳанд. То имрӯз бо иқдоми соҳибкорони бонангу номус ва ҳашари умумии мардум 11 иншоот бо тарҳу сифати хуб эъмор шуда, деҳот симои шаҳракро гирифтааст. Ба ин васила, ҳамзамон, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфт.

Ҳоло дар деҳаи Себистон аз тарафи соҳибкорон сохтмони корхонаи хурди истеҳсоли хишти сабук (газоблок), тарабхонаи нав ва дар деҳаи Розиён аз тарафи сокинони деҳа толори варзиш ва иншооти дигари ҷашнӣ бомаром идома дорад ва қарор аст, ки то моҳи сентябр мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Ин ҳанӯз шумораи ниҳоии иншооти ҷашнӣ набуда, интизор меравад, ки теъдоди онҳо бо мусоидати сокинону соҳибкорони ободкор марҳала ба марҳала афзоиш меёбад.

Аз ҷумла, дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ раиси ноҳияи Данғара Сиҷоуддин Саломзода дар деҳаи Себистон майдони нави бозии футболро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Иншоот бо ташаббус ва саҳми сокинони деҳа бунёд гардида, ҳамчун туҳфаи арзанда ба истиқболи 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ҷавонону наврасони маҳал тақдим шуд.

Сохта ба истифода супурдани чунин иншоот барои ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонии насли наврас аҳамияти калон дорад. Дар деҳоти мазкур ин дуюм майдони варзиш аст, ки дар доираи эълон шудани Рӯзи ҷаҳонии футбол ба истифода дода шуд. Дар шафати майдон барои бозӣ ва дилхушии кӯдакон низ шароит фароҳам оварда шудааст. Амалӣ намудани ин лоиҳа баробари рушди соҳаи варзиш, аз ҷумла бозии футбол, ҳамчунин, ба ҳусни деҳот зинати дигар бахшид.

Аз шумораи 16 ҳазор аҳолӣ дар деҳоти Себистон 6548 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки талабот ба иншооти варзиширо афзун кардааст.


Раиси ноҳияи Данғара Сиҷоуддин Саломзода зимни ифтитоҳи майдони варзиш таъкид намуд, ки дастгириҳои пайваста ва сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи варзиш ва беҳтар намудани инфрасохтори иҷтимоӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст. Маҳз дар натиҷаи чунин таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои роҳбарияти олии давлат имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат садҳо иншооти варзишӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ бунёд гардида, барои зиндагии шоистаи мардум шароити беҳтар муҳайё мешавад. Сокинони деҳоти Себистон низ аз сиёсати бунёдкоронаи давлат руҳу илҳом гирифта, дар корҳои ободониву созандагӣ фаъолона саҳм мегузоранд. Бунёди майдони футбол намунаи равшани ҳамбастагӣ, ватандӯстӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи давлат аз тарафи аҳолӣ мебошад.

Сокинон ва фаъолони деҳа аз фазои сулҳу субот, ваҳдат ва имкониятҳои фароҳамоварда изҳори қаноатмандӣ намуда, барои дастгириҳои пайваста ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос карданд.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”