ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА МАРҲАЛАИ НАВИ ЭҲЁИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Пешвои миллат дар самти арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузург ва рӯйдодҳои таърихию фарҳангӣ ҳамеша дар сафи пеш қарор доранд. Сифатҳои беҳтарини халқи тоҷик дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтаанд. Сарвари давлат шахси ватандӯстанд, қатъияту ҷасурӣ доранд, аз масъулият намеҳаросанд. Қонунмандии таърих аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар интиҳои садаи XX ҳамон рисолати таърихиеро анҷом доданд, ки соли 888-ум Исмоили Сомонӣ ба сомон расонда буд. Шиори Исмоили Сомонӣ чунин буд: «То вақте зиндаам, девори Бухоро ман ҳастам». Эмомалӣ Раҳмон низ давлати фурӯрехта ва мардуми парешонро ба ҳам оварданд ва ваъда доданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам ва дар ин роҳ лозим шавад, ҷон медиҳам».
Тамаддуни ориёӣ қисми муҳими таърихи инсоният ва яке аз сарчашмаҳои асосии ташаккули фарҳанги тоҷикон буда, омӯзиши ин тамаддун барои дарки гузашта, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди худшиносии таърихӣ аҳамияти бузург дорад. Яке аз муҳимтарин меросҳои тамаддуни ориёӣ китоби муқаддаси Авесто мебошад. Дар ин асар ҷаҳонбинӣ, одобу ахлоқ, муносибати инсон бо табиат ва арзишҳои инсонӣ инъикос ёфтаанд. Тамаддуни ориёӣ ба рушди давлатдорӣ низ таъсири калон расондааст. Тамаддуни ориёӣ бо шиори «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» дастури аслии равиши зиндагии инсониятро пешниҳод кардааст, ки мавҷудияти башар ва саодатмандии неруи зеҳнию ҷисмонии ӯ пайванд ба ҳамин се нукта аст. Давлатҳои қадимаи Бохтар, Суғд ва Хоразм аз марказҳои муҳими сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳони бостон маҳсуб мешуданд. Дар ин сарзаминҳо шаҳрҳо бунёд гардида, савдо, илм ва фарҳанг рушд мекарданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини давр – ташаккули худшиносии миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Албатта, корномаи Сарвари давлат дар ин самт бисёр доманадору сутуданист. Шинохтани қаҳрамонҳои миллати худ, нишони арҷгузорӣ ва қадршиносӣ ба хидматҳои шоиставу мондагори онҳо мебошад. Чунончи, бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гардондани Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур амри ҳувиятсозест, ки дар тарбияи насли наврасу ҷавон ва баланд бардоштани ҳисси ватанпарастию дифоъ аз марзу буми аҷдодӣ нақши муассир дорад.
Мисоли дигар, бо талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 ёздаҳ ёдгории таърихӣ-фарҳангии миллат – Хуттали Қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ, бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027, танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният), ки ҷузъи асосӣ ва муҳими таърихи ниёкони тоҷикон маҳсуб меёбад, дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардид. Ташкили Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон бузургтарин хидмати дигари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба мақсадҳои ниҳоии шинохти гузаштаи пурифтихори худ дониста шуда, барои таҳкими эътимоду эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун маҳсуб меёбад.
Эҳё намудани гузаштаи пурифтихор ва ёдоварӣ аз санаҳои муҳими таърихӣ, ки боиси худшиносиву худогоҳии наслҳо мегарданд, аз шумори ибтикороти Президенти кишваранд. Таҷлили ҷашнҳои бостонии Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон омили иттиҳоди миллат, рамзи сулҳу ваҳдат, эҳёи арзишҳои миллӣ ва пойдории суннатҳои волои аҷдодӣ ба шумор меравад.
Ин гуфтаҳо қатрае аз баҳри беканори корномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба омӯзиш, соҳибӣ кардан, муаррифӣ, арҷгузорӣ ва эҳёи фарҳангу тамаддуни бостониву таърихиямон маҳсуб меёбад. Мегӯянд, ки ҳама чиз дар муқоиса маълум мешавад. Ба умқи таърихи миллати тоҷик сар фурӯ бурда, шахсиятеро чун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёфтан душвор аст, ки дар чунин муддати кӯтоҳи таърихӣ барои халқу кишвараш ин қадар корҳои таърихӣ карда бошад. Корномаи Оли Сомон дар муддати як аср ба вуқуъ пайваст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон корро дар се даҳсола анҷом доданд, ки боиси ифтихор аст.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”