Масоҳати кишти картошка васеъ мешавад
Имсол кишоварзони шаҳри Панҷакент дар майдони 2503 гектар картошка кишт намуданд. Ҳоло кишти картошка дар заминҳои аз ҳосили ҷав холишуда идома дорад.
Кишоварзон картошкаи барвақтиро дар оғози моҳи феврал дар майдони 8,7 гектар шинонда буданд. Ҳоло ҷамъоварии ҳосили картошка идома дошта, кишоварзон мақсад доранд, ки пас аз ҷамъоварии ҳосили боқимондаи картошка заминро ба кишти такрорӣ омода сохта, дар он сабзӣ, карам, қаланфури булғорӣ ва зироати хӯроки чорво кишт намоянд.
ВАҲДАТ
Навсозии варзишгоҳи марказии шаҳр
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат бо корҳои навсозӣ аз наздик шинос гардиданд.
Аз ҷониби Конфедератсияи футболи Осиё чаманзори Варзишгоҳ пурра навсозӣ ва ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда мешавад. Тибқи супоришҳо, мутахассисон айни замон барои сари вақт бартараф кардани камбудиҳо чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, "Ҷумҳурият