Ваҳдат ва марҳалаи нави ташаккул
29 сол боз мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихии навини кишвар ва ниҳоят боарзишу муҳим – Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу оромӣ ҷашн мегиранд. Расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самараи хиради азалӣ, фарҳанги сулҳпарварона ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дастоварди беқиёсу арзишманди замони истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешавад.
Бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ раванди таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ, марҳалаи наву тоза касб намуд.
Баъди ду соли ба имзо расидани Созишномаи таърихӣ, аниқтараш 9-уми феврали соли 1999 вохӯрии Президенти кишвар бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ доир гардид. Дар ин вохӯрӣ Роҳбари давлат таъкид карда буданд: «Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кори судяҳо вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ, судяҳо вазифадоранд, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо ҳисси баланди масъулият муносибат кунанд ва барои таъмини адолати судӣ кӯшиш намоянд».
Дар ин вохӯрӣ муҳимтарин масъалаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти судӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифта, Пешвои миллат камбудиву норасоиҳоро таҳлил карда, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва самтҳои афзалиятноку аввалиндараҷаи мақомоти судиро муайяну пешниҳод намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ диққати махсус зоҳир намуда, ҷиҳати таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба таҳкими ҳокимияти судӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се Барномаи нави ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, 2015-2017, 2019-2021 қабул ва амалӣ гардид, ки ин иқдомҳо аз муҳтавои паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сарчашма гирифта, ба рушди минбаъдаи низоми судӣ – ҳуқуқии кишвар равона гардидаанд.
Барномаҳои зикршуда дар баробари мусоидат ба рушди фаъолияти ҳокимияти судӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим гузоштанд.
Ҳоло боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо дар мақомоти судӣ занону духтароне, ки парвардаи даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд, ба вазифаи пурмасъули судя таъин гардида, ҳамчунин, дар вазифаҳои пурмасъули мақомоти судӣ фаъолият доранд. Зимнан, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дар мақомоти судӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии кормандони суд, такмили ихтисос ва забономӯзӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ, ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта, маҳз ҳамин омилҳо ба ташаккули низоми судии кишвар заминаи асосӣ гардиданд.
Шаъмигул НУРУЛЛОЗОДА,
муовини якуми раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ