Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба шумор меравад. Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ (27-уми июни соли 1997) барои халқи тоҷик саҳифаи нави таърихро боз намуда, роҳи сулҳу субот, созандагӣ ва пешрафти давлатро ҳамвор сохт.
Маҳз баъд аз барқарор гардидани сулҳу субот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ барои рушди инфрасохтор ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ имкониятҳои васеъ фароҳам омаданд. Дар ин давра роҳҳои байналмилалӣ ва дохилӣ бунёду таҷдид гардида, пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тиббӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ сохта шуданд.
Яке аз дастовардҳои муҳим дар Бадахшон рушди соҳаи энергетика мебошад. Бо бунёди неругоҳҳои хурду миёна ва татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ дастрасии аҳолӣ ба неруи барқ тадриҷан беҳтар гардида, барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа заминаҳои мусоид фароҳам омаданд. Ҳамзамон, Бадахшон имрӯз ба яке аз марказҳои муҳими сайёҳии кишвар табдил ёфтааст. Кӯҳҳои осмонбӯси Помир, кӯлҳои нодири Сарез, Яшилкӯл ва Қаракӯл, чашмаҳои шифобахш ва ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳи дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд. Рушди соҳаи сайёҳӣ ба таъсиси ҷойҳои нави кор, рушди соҳибкорӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Дар баробари ин, ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таҷдиди мактабҳо, таъсиси марказҳои муосири тиббӣ ва сохтмони майдончаҳои варзиш барои беҳтар шудани шароити зиндагии мардум мусоидат намуда истодаанд. Ҷавонони Бадахшон низ имрӯз дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, бо дастовардҳои худ обрӯйи кишварро баланд мебардоранд.
Ваҳдати миллӣ на танҳо омили рушду пешрафт, балки мактаби бузурги давлатдорӣ ва рамзи ягонагии миллат мебошад. Он ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон сабақ медиҳад, ки танҳо дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ метавон ҷомеаи пешрафта ва давлати неруманд бунёд кард.
Хулоса, таҷрибаи солҳои истиқлолият бори дигар исбот менамояд, ки ваҳдати миллӣ сарчашмаи ҳамаи пешрафтҳо ва асоси рушди устувори Тоҷикистон мебошад. Самараи ин неъмати бузург имрӯз дар тамоми гӯшаву канори кишвар, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба таври равшан эҳсос мегардад. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, кафили сулҳу субот, ободӣ ва зиндагии шоистаи наслҳои имрӯзаву оянда мебошад. Бигзор, ваҳдати миллӣ ҳамеша поянда ва чароғи раҳнамои роҳи рушди Тоҷикистони азиз бошад.
Азизи НАЗРИБЕК, раиси суди иқтисодии ВМКБ