Баргашт Чоп кардан

«КӮДАКОНИ ИТТИҲОД»


Тоҷикистон мизбони Форуми байналмилалӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст мизбони Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» гардида, маросими расмии ифтитоҳи он дар Қасри фарҳанги Арбоб бо иштироки ҳайати давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.


Форуми мазкур дар мувофиқа бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва бо пешниҳоди котиботи Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 15 то 24-уми июн доир мегардад. Дар Форум намояндагони ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Туркманистон иштирок доранд.
Пеш аз баргузории маросими расмии ифтитоҳи чорабинӣ, дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон, ки макони асосии баргузории чорабиниҳои Форум мебошад, барои меҳмонон ва иштирокчиён барномаи рангини фарҳангӣ ва муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон ташкил шуд. Ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти дастии ҳунармандон, либосҳои миллӣ ва таомҳои анъанавии тоҷикӣ пешкаш гардид. Иштирокчиёни Форум бо намунаҳои беҳтарини фарҳанги миллӣ, анъанаҳои мардумӣ ва санъати қадимаи тоҷикон аз наздик ошно шуда, ба ҳунари воло ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик баҳои баланд доданд.
Барномаҳои консертӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ ва саҳнаҳои театрӣ ба чорабинӣ шукӯҳи хосса бахшида, фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиро миёни наврасон фароҳам кард.
Дар маросими расмии ифтитоҳ муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, намояндагони Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳайатҳои расмӣ ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии гуманитарӣ, таҳкими дӯстии байни халқҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Қобили зикр аст, ки Форуми байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» аз соли 2013 дар кишварҳои гуногуни узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида, имрӯз ба яке аз майдонҳои муҳими муколамаи фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона байни наврасон табдил ёфтааст.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”