“Бунёди 101 иншоот ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ симои Тоҷикободро ба куллӣ тағйир медиҳад”, –
гуфт Ҳасан Давлатзода, муовини якуми раиси ноҳияи Тоҷикобод, зимни суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият”.
Тибқи иттилои ӯ, барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони 101 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора то ҳол 84-тоаш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст ва дар ин замина, 199 ҷойи нави кор фароҳам гардидааст.
– Нақши соҳибкорон дар ободу зебо гардондани ноҳия ва корҳои ободонию созандагӣ зиёд мебошад. Аз 101 иншооти ба нақша гирифташуда 54 иншоот аз ҳисоби онҳо сохта мешавад. Ҳамчунин, бунёди 28 иншоот аз ҳисоби шарикони рушд, 9 иншоот аз тарафи аҳолӣ, 2 иншоот аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва 8 иншооти дигар аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохта мешаванд, – гуфт Ҳ. Давлатзода.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”