Баргашт Чоп кардан

БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ


18-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли эҳтиром Шумо ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Исломии Эронро ба муносибати дастёбӣ ба созиши сулҳ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико самимона табрик мегӯям.
Мо медонем, ки дастрасӣ ба ин созиши муҳим барои миллати Эрон осон набуд ва маҳсули талошҳои зиёду иродаи қавии он мебошад. Бовар дорам, ки мувофиқаҳои дар ин зимн ҳосилшуда барои таъмини сулҳи устувор ва фарогир дар Ховари Миёна, таҳкими низоми амнияти байналмилалӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии пойдор аҳамияти калидӣ доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳалли ҳамаи ихтилофоту низоъҳо тавассути музокирот ва муколамаи дипломатӣ, аз ин рӯйдоди муҳим истиқбол менамояд.
Бо умеди рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд ва тақвияти робитаҳои дӯстона байни кишварҳои мо, ба Шумо саломатии бардавом ва комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу амнияти пойдор ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам».


18-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самимият ба Шумо ва мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико табрикоту таҳнияти инҷонибро ба муносибати расидан ба созиши сулҳ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон иброз менамоям.
Ин рӯйдоди воқеан ҳам муҳим, ки маҳсули иродаи матин ва заҳматҳои пайвастаи Шумо мебошад, барои истиқрори сулҳу суботи фарогир дар минтақаи Ховари Миёна, ҳамчунин, таҳкими низоми амнияти ҷаҳонӣ аҳамияти калидӣ дошта, ҷиҳати роҳандозии иқдомҳои нави сулҳомез дар ин ҷода заминаҳои мусоиди устуворро фароҳам меорад.
Тоҷикистон, ҳамчун кишвари сулҳпарвар, аз ин дастоварди муҳим сидқан истиқбол намуда, ҷонибдории худро аз ҳалли ҳама гуна ихтилофоту низоъҳо танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ боз ҳам таъкид мекунад.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба Шумо – муҳтарам ҷаноби Президент, сиҳатмандии комил ва комёбиҳои навин, барои мардуми дӯсти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сулҳу осоиши пойдор ва пешрафту шукуфоии бардавом орзумандам».


18-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли эҳтиром Шуморо ба муносибати нақши муассири миёнҷигариатон дар роҳи расидан ба созиши сулҳ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона табрик мегӯям.
Мо талошҳои хастагинопазир ва иродаи қавии Шуморо дар ҳалли ин масъалаи ҳассос баланд арзёбӣ мекунем. Мувофиқаҳои дар зимн ҳосилшуда, бешубҳа, барои таъмини сулҳи фарогир дар минтақаи Ховари Миёна, таҳкими низоми амнияти байналмилалӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аҳамияти калидӣ дошта, заминаҳои устуворро барои иқдомҳои нави сулҳомез дар ин ҷода фароҳам меоранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳалли ҳама ихтилофоту низоъҳо тавассути музокироту муколама, аз ин дастоварди муҳими дипломатӣ сидқан истиқбол менамояд.
Бо умеди рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд ва тақвияти робитаҳои дӯстона байни кишварҳоямон, ба Шумо – муҳтарам ҷаноби Сарвазир, саломатии бардавом ва комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсту бародари Покистон сулҳу субот, некуаҳволӣ ва шукуфоии пойдор орзумандам».


18-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Волоҳазрат,
Дар иртибот ба нақши миёнҷигарии созандаи Давлати Қатар дар роҳи расидан ба созиши сулҳ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Шумо табрикоту таҳнияти самимии моро иброз менамоям.
Мо талошҳои пайвастаи Шуморо дар ҳалли ин масъалаи ҳассос баланд арзёбӣ мекунем. Бовар дорем, ки мувофиқаҳои дар ин замина ҳосилшуда барои таъмини сулҳи фарогир дар минтақаи Ховари Миёна, таҳкими низоми амнияти байналмилалӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва иқдомҳои нави сулҳомез дар ин ҷода заминаҳои устуворро фароҳам месозанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳалли ҳама ихтилофоту низоъҳо тавассути музокироту муколама, аз ин дастоварди муҳими дипломатӣ сидқан истиқбол менамояд.
Бо таъкиди алоқамандии инҷониб ба пешбурди минбаъдаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд миёни кишварҳоямон, ба Шумо саломатии бардавом ва комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсту бародари Қатар сулҳу субот, некуаҳволӣ ва шукуфоии пойдор орзумандам».