Баргашт Чоп кардан

ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


Об, иқлим, экология ва ҳифзи пиряхҳо
Воқеан, ҳоло ҷомеаи башарӣ дар ҳалли масоили обу иқлим ба ваҳдати сартосарӣ ниёз дорад, то фардои ҳаёт дар рӯйи Замин ҳифз шавад. Имрӯз ҷойи шубҳа нест, ки тағйирёбии иқлим ба тамоми ҷанбаҳои фаъолияти инсон таъсири бевосита мерасонад. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон бошад, беш аз 20 сол аст, ки ба масъалаи мазкур нигаронда шудаанд. Ин ташаббусҳо бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳдошти захираҳои обию вазъи иқлими сайёра, ҳифзи пиряхҳо барои ҳалли қазияву хатарҳои мавҷуда чун ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои 29 – 31-уми майи соли 2025 дар Тоҷикистон Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир гардид, ки 30-юми май Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо тайи даҳсолаи охир, бесобиқа будани ин равандро дар таърихи инсоният таъкид намуданд ва иттилоъ доданд, ки тибқи арзёбии коршиносон соли 2023 бузургтарин коҳиши солонаи ҳаҷми пирях ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа, 600 гигатонна оби ошомиданӣ талаф ёфт, ки сабаби баландшавии сатҳи миёнаи уқёнуси ҷаҳонӣ гардид. Тағйирёбии иқлим, аллакай, тақрибан сеяки пиряхҳои кӯҳиро дар саросари ҷаҳон аз байн бурд. Яъне, ин танҳо мушкилоти экологӣ нест, балки ба бисёр соҳаҳои ҳаёти инсоният алоқамандии зич дорад.
Мутахассисон иброз медоранд, ки обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба пайомадҳои нохуш, аз қабили зиёд гардидани хатари селу обхезӣ, баланд шудани сатҳи уқёнусҳо, коҳиши имкониятҳои энергетикӣ, кам шудани оби ошомиданӣ оварда расонад. Барои ҳалли ин масъалаҳо мебояд як қатор корҳоеро ба анҷом расонд, ки барои ҳифзи пиряхҳо пешбинӣ шудаанд:
1. Коҳиш додани партови газҳои гулхонагӣ тавассути истифодаи “энергияи сабз” ва кам кардани сӯзишвории маъданӣ.
2. Огоҳонидани мардум – роҳандозии маъракаҳои тарбиявию экологӣ.
3. Ҳифзи манбаъҳои об – назорати истифодаи оқилонаи об ва ҷорӣ кардани технологияҳои сарфакорона.
4. Тадқиқоти илмӣ-омӯзишии пайвастаи ҳолати пиряхҳо барои қабули қарорҳои дуруст.
Бояд зикр намуд, ки дар фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи пиряхҳо ҳанӯз аз аввали солҳои асри XXI мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Маҳз иқдоми навбатии Пешвои миллат – сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ аз таҳдиди обшавии пиряхҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба андешидани тадбирҳои фаврӣ ва муҳим водор намуд, зеро ҳифзи пиряхҳо, маънои ҳифзи оби тоза, амнияти озуқаворӣ, устувории энергетикӣ ва дар ниҳояти кор, ояндаи неки наслҳоро дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист тавассути талошҳои муштарак дар чаҳорчӯбаи ташаббусҳое чун Соли байналмилалии оби тоза, 2003, Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт, 2005 – 2015” ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013 корҳои зиёдеро ба сомон расонад.
Давоми ду даҳсолаи охир ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд, ки дар пешбурди масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дар сатҳҳои гуногун нақши муҳим мебозанд. Ин аст, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, сохторҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии сайёра ба ҳам овардаанд.
Бо пешниҳоди Тоҷикистон то имрӯз 14 қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардидааст, ки дар татбиқи ҳадафҳои мушаххас, аз ҷумла Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030, асос гузоштанд.
Эътирофи пешниҳод ва ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалии сайёра дар масоили об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ нишони мавқеи баланди Тоҷикистон дар ин самт буда, Ҳукумати мамлакат бо сиёсати дурбинона ва башардӯстонаи худ хоҳони зиндагии арзандаи мардуми сайёра ва бартараф кардани мушкилоти умумибашарӣ мебошад.
Тоҷикистон бо сиёсати оқилонаву дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар радифи амалӣ намудани Ҳадафҳои рушди ҳазорсола бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ ҳам барои рушди иқтисодиёти миллӣ ва ҳам ҳифзи муҳити зист қадамҳои устувор мегузорад.
Ба гуфтаи табиатшиноси рус М.Пришвин: «Мо соҳиби табиати худ ҳастем ва об барои мо махзани Офтобро мемонад, ки пур аз ганҷинаи ҳаёт аст. Ин ганҷинаи бебаҳоро ҳифз кардан кам аст, дари онро кушодан ва намоиш додан лозим аст. Ба моҳӣ – об, ба паранда – ҳаво, ба ҳайвоноти ваҳшӣ – бешазор ва кӯҳсор, ба одам – Ватан лозим аст. Пас ҳифзи табиат ҳифзи Ватан аст».
Дар доираи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 бояд 2 миллиард бех ниҳол шинонда шавад ва дар ин замина кишвари мо ба мамлакати сабз табдил гардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба ин масъала диққати махсус дода, тамоми мардуми кишварро ба шинондани ниҳол ва кабудизоркунии маҳал даъват намуданд. Чунонки фармуданд: «Яъне, мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем…».
Воқеан, имрӯзҳо, мардуми сарбаланди Тоҷикистон ин масъалагузории Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, дар сартосари кишвар ба шинондани ниҳолҳо ва кабудизоркунии маҳалҳо машғуланд, то бо ин амали некашон табиатро аз тамоми газанду осебҳое, ки ҳаст наҷот дода бошанд.
Пас, ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳадафи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бошад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳамеша дарк намояд, ки пешниҳодҳои кишвари мо ин танҳо нақше дар коғаз ва ё садое аз минбари баланд нест, балки қадамҳои устувор барои рушди ҷомеа, зиндагии шоиста ва некуаҳволии сокинони сайёра мебошад.
Хурсандиовар аст, ки пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.


Саъдулло МАХКАМОВ,
рӯзноманигор, узви ИЖТ