
Аз ифтихори миллӣ то ифтихори ҷаҳонӣ
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ боз як ташаббуси нави маънавии ҷаҳонӣ зоҳир намуданд, ки мояи хушнудӣ, ифтихор ва сарфарозии тамоми миллати тоҷик аст. Ин Ҷоиза ҳамчун рамзи ифтихори тамоми мардуми тоҷик – меросбарони Абуалӣ ибни Сино хоҳад буд ва номи ҳакими тавонои тоҷик бори дигар тавассути ин иқдоми Пешвои миллат дар саросари ҷаҳон ҳамчун нишони тақдир аз пешаи табибӣ, ифтихори табиб будан ва мусоидат дар таъмини саломатии мардуми сайёра интишор хоҳад ёфт.
Абуалӣ ибни Сино, ҳамчун намояндаи бузурги миллати тоҷик, ба унвони пири табибони олам эътироф гардидааст. Ин донишманди соҳибном барои бозкушоии асрори пешгирии бемориҳо ва табобати онҳо дар рӯзгори хеш хидматҳои бузурге анҷом додааст. Танҳо ду асари бузургу мондагори ӯ «Ал-Қонун» ва «Китоб-уш-шифо» ба ҳукми дастури асосӣ, раҳнамои муҳим ва, гуфтан мумкин аст, ки сарқонуни илми тибби ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Солиёни зиёд ба ҳукми китобҳои дарсии макотиби тиббии ҷаҳонӣ қарор гирифтани ин осор мақому манзалати илмии на танҳо муаллиф, балки илми тибби тоҷикро бозгӯйӣ мекунад. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки чанд сол қабл бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат бори аввал дар Тоҷикистон китоби «Қонуни тиб» ба забони тоҷикӣ нашр шуд.
Рисолати бузурги мо – табибони тоҷик, дар замони муосир, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки бояд дар навбати аввал шоистагии ворисияти ин абармарди бузургро бо донишу малакаи баланди касбии тиббӣ собит созем. Баробари ин, маълум аст, ки он донишҳои тиббие, ки Ибни Сино дар ин осори илмии хеш манзур карда буд, ҳанӯз таҳқиқу баррасӣ ва дар амалия татбиқ нашудаанд. Дар навбати аввал мо – шогирдони мактаби бузурги Ибни Сино, дар назди наслҳои оянда масъул ҳастем, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат дар амри таҳқиқу омӯзиш ва татбиқ намудани донишҳои назарии устоди табибони олам иқдом намоем. Нашри тоҷикии китоби “Қонуни тиб” низ моро вазифадор мекунад, ки дар паҳнои фаъолиятҳои амалии худ дар соҳаи тандурустӣ барои омӯзиши назарӣ ва тарғибу ташвиқи равишҳои суннатии табобати беморон, ки дар ин осор ҳамчун самараи таҷрибаҳои худи Сино шарҳу тафсир ёфтаанд, иқдом намоем.
Аҳруллоҷон ДӮСТМАТОВ,
табиби дараҷаи олии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд ба номи Султон Урунов