Баргашт Чоп кардан

ФИРДАВСӢ. БАРДОШТ АЗ ЯК СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР НОҲИЯ

18-уми июн Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои муовинони раисони ташкилотҳои ибтидоии Ҳизб, кормандони масъул ва гурӯҳҳои таблиғотӣ семинари омӯзишӣ доир намуд.

Ҷӯрабек Муродзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, зикр кард, ки мақсад аз баргузории семинар татбиқи муқаррароти оинномаи Ҳизб, баланд бардоштани донишҳои сиёсии кормандони масъул, муовинони раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва гурӯҳҳои таблиғотии Ҳизб, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва шуури сиёсӣ, малакаи корӣ, омӯзиши равандҳои муосири технологӣ, тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, таҳкими фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ, шарҳу тавзеҳи мазмуну муҳтавои тағйиру иловаҳое, ки ба як қатор низомномаву санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ойинномаи Ҳизб ворид шудаанд ва вусъати раванди корҳои таблиғотӣ мебошад. 

Абдураҳмон Хонзода, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, дар мавзуи “Шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Асрор Латифзода, узви КИМ ҲХДТ, дар мавзуи “Ойинномаи Ҳизб дар меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ”, Шоҳзод Раҳимзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизб дар шаҳри Душанбе, дар мавзуи “Танзими ҳуҷҷатнигорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва истифодаи низомномаҳои Ҳизб дар фаъолияти онҳо”, Илҳомҷон Ҳамидиён, профессори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мавзуи «Роҳу усулҳои муосири таблиғоту ташвиқот дар фаъолияти Ҳизб» ва дигарон маъруза карданд.

Дар рафти семинар миёни иштирокдорон ва баромадкунандаҳо саволу ҷавоб сурат гирифт.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”