Баргашт Чоп кардан

ШАРИФҶОН ҲУСЕЙНЗОДА


Аз зиндагиномаи ибратбахши омӯзгор ва пажӯҳишгари номвар
Шарифҷон Ҳусейнзодаро дар доираҳои илмиву адабӣ ҳамчун муҳаққиқ, мунаққид ва олими соҳибмактаби адабиёти классикӣ мешиносанд. Ҳамзамон, то ҳанӯз шогирдону парвардагонаш ӯро ҳамчун омӯзгори асил ва педагоги барҷаста ёд мекунанд. Фарогирии фаъолиятҳои ӯ дар ДМТ ва сохторҳои адабиётшиносии АМИТ ончунон муассир буд, ки ҳатто ифодаи “Мактаби Ҳусейнзода” вирди забонҳо шуд. Дар ҳақиқат, ӯ устоди адабиётшиносон ва мунаққидони имрӯзии Тоҷикистон буда, бештари шогирдонаш ҳоло соҳибмактабанд.
Профессор Шарифҷон Ҳусейнзода аз рӯзҳои аввали фаъолияти илмии худ тавъам ба омӯзондани назарияи адабиёт, хоссатан арузу қофия ва бадеъ, ҳамчунин, барои омода кардани кадрҳои арзанда дар самти адабпажӯҳӣ гомҳои устувор ниҳод. Адабиётшиносони маъруф Урватуллоҳ Тоиров, Абдунабӣ Сатторзода, Бадриддин Мақсудзода шогирдони асили ӯ буда, кору пайкори некуи ӯро идома медиҳанд. Бо роҳбарӣ ва зери назари ӯ 30 кас рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ кардаанд.
Устод тайи 50 соли фаъолияти омӯзгорӣ дар ДМТ нахустин бор ихтисоси назмшиносиро роҳандозӣ кард, ки минбаъд тадриси он дар ҳамаи донишгоҳу донишкадаҳо ҳатмӣ гардид.
Дар дарсҳои устод ҳар матни адабиву илмӣ таҳлилу баррасии комил меёфт, ҳаводис ва шароити замонҳои рафта бо рӯзгор ва фарҳанги имрӯз муқоисаву тавъам мегардид, саволу ҷавоб ва баҳсҳои озоди донишҷӯён аҳамияти калон доштанд.
Шарифҷон Ҳусейнзода дар соҳаи адабиёт аз бунёдгузорони китоби таълимӣ дар Тоҷикистон низ буд. Ҳамроҳи Ш. Ниёзӣ соли 1934 китоби «Адабиёт» (барои синфи панҷуми мактаб)-ро таълиф кард. Аз соли 1943 «Адабиёти ватан» ном китоби ӯ китоби дарсии синфи ҳафтум буд (қариб чил сол). Аз соли 1950 то соли 1982 китоби «Адабиёти тоҷик» дар синфи ҳаштум тадрис мешуд. Китоби таълимии ахир мазомини адабиро аз аҳди қадим то ҳукумати Темуриён мутобиқи тартиби замонӣ фаро мегирифт. Мактаби илмии ин шахсияти фарзона то имрӯз побарҷост.
Дар фаъолияти омӯзгории устод назарияи дониш ба амалияи он робитаи ногусастанӣ дошт. Ӯ тавассути усулҳои муҳими тарбия эҳсоси шогирдонро ба олами атроф, ҳастӣ, худшиносӣ ва омӯзиши амиқ ташвиқ мекард, барои омӯзиши адабиёт ва хусусиятҳои он шогирдонро ба сафарҳои илмӣ, ҷамъоварии фолклору сайрҳои илмӣ мефиристод.
Аз таваҷҷуҳ ба фаъолияти ин шахсияти мунир пайдост, ки ӯ дар як давраи ҳассоси таърихи Тоҷикистон ба фаъолият пардохта, барои мактабҳои Тоҷикистон китобу дастурҳо навишта, насли ҷавону навраси миллатро бо бузургтарин чеҳраҳои адабиёти мо шинос кардааст. Ҳамчунин, дар китобу дастурҳои гуногуни илмиаш адибони гумном ва камшинохтаи тоҷикро муаррифӣ намудааст.


Шамшод ДИЛШОДЗОДА,
омӯзгори МТМУ №1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе