Баргашт Чоп кардан

ШОМИ ШАНБЕ


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.


ФИЛВОРДИ «ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН»
Дар ин филворд насаби футболбозҳое, ки солҳои гуногун чемпиони ҷаҳон шудаанд, ҷой гирифтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. АБДУЛЛО


ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ
КАЙҲОННАВАРД
19-уми июни соли 1963 нахустин зани кайҳоннавард Валентина Тереш-кова бо киштии кайҳонии Vostok - 6 парвоз кард. Ӯ дар мадори Замин қариб се шабонарӯз қарор гирифта, 48 маротиба атрофи сайёраи моро давр зад. Ин дастоварди бузург на танҳо барои Иттиҳоди Шуравӣ, балки барои тамоми башарият аҳамияти таърихӣ дошт.
Парвози Валентина Терешкова собит намуд, ки занон низ метавонанд дар соҳаҳои мураккаби илмӣ ва техникӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гарданд.


Таҳияи Оҳистамоҳ Вафобек


МАЪЛУМОТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ҲАРФҲО
Дар қадим то пайдоиши хат инсон барои ифода кардани афкору ақоид ва ҳодисаҳо аз суратҳо истифода мебурд. Фарзи мисол, сурати ғизол макони сайдро ифода мекард. Ин гуна суратҳо як навъи хат ба ҳисоб мерафтанд.
Бобулиёни қадим, мисриҳо ва хитоиҳо илова ба кашидани сурати ҳар гуна предметҳо рамзи ҳаракатҳоро истифода мебурданд. Чунончи, сурати қадам рамзи рафтан буд. Аммо ин тарзи навишт тафсирро талаб менамуд. Мардум ин гуна тарзи навиштро ба тариқи гуногун тафсир мекард.
Хишти аввал дар ин самт 3500 сол муқаддам дар Шарқи Миёна гузошта шуд. Ин пайдоиши ҳуруфи абҷадӣ буд. Ҳар як ҳарф як овозро ифода мекард. Ин ҳуруфро финикиён ва баъдтар юнониҳо қабул намуда, баъзе тағйирот ва изофаҳо дароварданд.
Таҳияи Кароматулло АТО


ХАТОҲОИ ТАҚДИРСӮЗИ СУДӢ
41 МИЛЛИОН ДОЛЛАР Ё ҶУБРОНПУЛИЕ, КИ ДОҒҲОРО НАХОҲАД ШУСТ


Шоми 19-уми апрели соли 1989 Триша Мейлии 28-сола ҳангоми сайругашти шабона дар Боғи марказии (Central Park) шаҳри Ню-Йорки ИМА мавриди ҳамла ва таҷовуз қарор гирифт. Пулиси шаҳр дар содир кардани ин ҷиноят наврасон - Антрон МакКрей, Кевин Ричардсон, Юсуф Салам, Реймонд Сантана ва Кори Вайзро гумонбар донист.
Наврасон зери фишори равонии пулис ба ҷиноят иқрор шуда, соли 1990 баъд аз ду мурофиаи судӣ, сарфи назар аз номувофиқатии ташхису далелҳо ба нишонаҳои ҷиноят аз 5 то 15 сол равонаи зиндон шуданд.
Танҳо соли 2002, вақте ҷинояткори аслӣ Матиас Рейес боздошт ва ба ҳабси абад маҳкум шуд, асрори ин ҷиноят ошкор гардид. Тафтишот муайян кард, ки маҳз ӯ зани 28-соларо мавриди латукӯб ва таҷовуз қарор додааст.
Дар пайи ошкор шудани ҳолати воқеӣ, баъд аз 12 сол наврасон сафед шуда, аз ҷониби давлат ба онҳо 41 миллион доллар ҷубронпулӣ пардохт шуд, вале азоби руҳию равонии зиндониён ва иштибоҳи дағали суд дар саҳифаҳои таърихи додгоҳии ИМА боқӣ монд.


Таҳияи Фирӯз РАҲМОНИЁН


БА ҶОЙИ МУҶОЗОТ МУКОФОТ


Муҳофизони мағозаи Dollar General-и шаҳри Торронтои иёлати Алабама (ИМА) Ҳелен Ҷонсонро ҳангоми дуздии се дона тухми мурғ дастгир карда, ба политсия супурданд.
Афсари полис Уилям Стейси ҳангоми тафтишот муайян кард, ки Ҳелен ин дуздиро ба хотири наберагонаш, ки ду рӯз боз аз гуруснагӣ азият мекашиданд, анҷом додааст. Аз ин рӯ, афсар ба ҷойи зан-ро ба ҳабс гирифтан, барояш ду қуттии тухм харида дод.
Бартар аз ин, пас аз чанде шуъбаи полиси шаҳр барои ин оила ду мошини пурбор фиристод, ки иборат аз маҳсулоти хӯрокворию бозичаҳо буданд.
Таҳияи Шаҳноз САБУРОВА


РЕКОРДИ ОМӮЗГОРИ 55-СОЛА
Ойгул Ержанова сокини шаҳри Остонаи Қазоқистон бо гузоштани рекорди нав диққати ҷомеаро ба худ ҷалб намуд. Омӯзгори 55-солаи синфҳои ибтидоӣ тавонист автобусеро, ки 13,5 тонна вазн дорад, дар давоми як дақиқа ба масофаи 14 метр кашад.
Бо ин комёбӣ Ойгул аввалин зане дар ҷаҳон гардид, ки дар синни аз 50 боло чунин натиҷаро нишон додааст. Барои ин дастовард ба ӯ медали тиллоии Global Best of Records супурда шуд.
Таҳияи Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА


ҶОМИ ҶАҲОН – 2026
Рекордҳои нав моро интизоранд


Футболбози машҳури ҷаҳон Криштиану Роналду то оғози Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол - 2026, ки дар се кишвар – ИМА, Канада ва Мексика баргузор шуда истодааст, ягона бозигаре дар таърих буд, ки дар панҷ чемпионати ҷаҳон гол задааст.
17-уми июни соли равон футболбози номошнои аргентинӣ Лионел Месси дар бозии марҳалаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон – 2026 ба дарвозаи тими миллии Алҷазоир се гол зада, рекорди Роналдуро такрор кард. Аммо Криштиану Роналду, ки дар ҳайати тими миллии Португалия дар ин мусобиқа бозӣ мекунад, имкони задани гол ва гузоштани рекорди навро дорад.
Бояд гуфт, ки Лионел Месси шумораи голҳояшро ба 16 расонда, рекорди Мирослав Клозеи олмониро такрор кард. Интизор меравад, ки ӯ бо задани ҳадди ақал як голи дигар номашро ҳамчун беҳтарин нишонзани чемпионати ҷаҳон дар таърих сабт намояд. Ногуфта намонад, ки Киллиан Мбаппеи фаронсавӣ низ чунин имконро дорад.
Таҳияи С. АШУРОВ


НЕКӢ НЕКӢ МЕОРАД


Ду дӯст пирмардеро диданд, ки бо душворӣ халтаҳои вазнинро мебурд. Онҳо дарҳол ба назди ӯ рафта, кумаки худро изҳор доштанд. Пирмард розӣ шуд ва онҳо якҷоя халтаҳоро то хона расонданд.
Дар роҳ пирамард нақл кард, ки танҳо зиндагӣ мекунад ва анҷом додани чунин корҳо барояш рӯз ба рӯз мушкилтар мешавад. Ӯ аз ғамхорӣ ва меҳрубонии ҷавонон хеле мутаассир шуда, ба онҳо барои некиву дилсӯзӣ изҳори сипос намуд.
Ҳангоми хайрухуш пирамард гуфт: «Дӯстии ҳақиқӣ на дар сухан, балки дар амалҳои нек зоҳир мешавад».
Ин суханонро ду дӯст барои ҳамеша дар ёд нигоҳ доштанд ва пайваста кӯшиш мекарданд, то ба ҳар касе, ки ба дастгирӣ ниёз дорад, ёрӣ расонанд.


Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ


ФАРОНСА
Хӯроки нисфирӯзии муқаррарии мактаб


Дар мактабҳои Фаронса хӯроки нисфирӯзӣ қисми муҳими таҳсили кӯдак ҳисобида мешавад. Бисёре аз мактабҳо чун тарабхона хӯрокҳои гуногунро пешниҳоди хонандагон мекунанд.
Ҳадаф аз ин на танҳо таъмини кӯдакон бо ғизои солим, балки кумак ба онҳо дар ташаккули одатҳое мебошад, ки тамоми умр боқӣ мемонанд: нигоҳубини саломатии худ, эҳтиром ба дигарон ва лаззат бурдан аз хӯроки муштарак. Ин як мисоли хубест, ки чӣ гуна ҳатто хӯроки нисфирӯзии муқаррарии мактаб метавонад ба як дарси муҳим табдил ёбад.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА


МУЪҶИЗАИ МУҲАНДИСӢ
Бино ба маълумоти сомонаи wikipedia.org, калонтарин неругоҳи барқи обии олам - НБО «Се дарбанд» (Чин) мебошад.
Сохтмони неругоҳ соли 1992 дар дарёи Янсзи оғоз ёфт ва 4-уми июли соли 2012 он ба фаъолият пардохт. Дар бунёди неругоҳ 203 миллиард юан ё наздики 30,5 миллиард доллари ИМА харҷ гардидааст.
Иқтидори НБО «Се дарбанд» 22 500 МВт-ро ташкил дода, ҳар сол аз 90 то 100 миллиард киловатт/соат барқ истеҳсол мекунад.


Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


СИНГАПУР
Парҳез аз сақич


Тибқи қонунгузорӣ, аз соли 1992 дар Сингапур воридот, хариду фурӯш, нигаҳдорӣ ва истеъмоли сақич (ба ҷуз сақичҳое, ки дар дорухонаҳо фурӯхта мешаванд) манъ мебошад.
Тавре сомонаҳои интернетӣ хабар медиҳанд, чунин қонун баҳри аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат ва меҳмонону сайёҳон риоя кардани талаботи санитарӣ ва тозагӣ дар идораву муассисаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ қабул гардид.
Таъкид мегардад, ки барои истеъмоли сақич 1000 доллари Сингапур (SGD, 779,1 доллари ИМА) ва барои воридоти он бошад, 100 000 SGD (77 932 доллари ИМА) ҷарима пешбинӣ шудааст.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛО


НАҶОТИ НАҲАНГ
Ба наҷотдиҳандагон муяссар шуд, ки дар баҳри Баренс як наҳанги нодири ба "Китоби Сурх" дохилшударо, ки ба ресмон печида буд, наҷот диҳанд.
Дар ин бора мутахассиси ҳайвоноти ширхӯри баҳрӣ ва корманди Донишгоҳи арктикии Мурманск Анастасия Кунитса хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, ресмон ба қисмати синаи наҳанг печида буд, ки дар натиҷа, он танҳо бо ёрии дум ва қисми баданаш ҳаракат карда метавонист. Ин ҳолат ҳаракати наҳангро суст карда буд ва ҳамин чиз ба наҷотдиҳандагон имкон дод, то ба он наздик шуда, амалиёти раҳо кардани ҷонварро анҷом диҳанд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ


КОНСЕРТИ ТУЛОНӢ
Бовар нокарданист, вале далел аст, ки консерте, ки аз рӯи асари мусиқии композитор Ҷон Кейҷ «ORGAN2/ASLSP» дар калисои Бурҳарди Муқаддаси Олмон 5-уми сентябри соли 2001 оғоз гардида буд, тибқи нақша бояд 639 сол идома ёфта, соли 2640 ба поён расад. Дар ин бора сомонаи hitkiller.com хабар додааст.
ASLSP мухтасари As Slow as Possible буда, маънояш «то метавон ҳар қадар оҳистатар» мебошад.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


10 ФУТБОЛБОЗЕ, КИ ПАС АЗ КАРЙЕРА АЗ ФУТБОЛ ДУР ШУДАНД
8. ҶИБРИЛ СИССЕ


Собиқ ҳамлагари дастаи “Ливерпул” ва тими миллии Фаронса Ҷибрил Сиссе пас аз рафтан аз футбол диҷей (DJ), продюсери мусиқӣ, тарроҳи либос шуд.
Ҷибрил Сиссе ҳам дар майдони футбол ва ҳам дар паси дастгоҳи мусиқӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудааст. Ӯ исбот кард, ки як варзишгари боистеъдод метавонад дар дигар ҷода низ худро нишон диҳад.
Ӯ дар фестивалҳои бузурги мусиқии электронии Фаронса ва Аврупо баромад мекунад ва издиҳоми мухлисонро ҷамъ меорад. Асарҳои маъруфи "Most Wanted" (дар ҳамкорӣ бо актёр ва диҷей Идрис Элба), "Orixа", "Massilia", "Glitterball" ва "Don't Stoppin" маҳсули эҷоди ӯст.


Таҳияи С.УМАРАЛӢ


ЧАРОҒ

Дар як деҳаи дурдасти кӯҳӣ чароғи ягонаи кӯча сӯхт. Вале касе ба ин ҳодиса аҳамият намедод.
Аз куҷо чун ҷавоне онро таъмир кард, роҳгузаре гуфт: «Чи кори кӯчаке».
Хирадманде посух дод:
– Саҳм гирифтан дар ободии Ватан кори кӯчаку бузург надорад.


Таҳияи Сайфиддин СУННАТӢ


ДИҚҚАТ!
РУБРИКАИ НАВ


АҶОИБОТИ ДУНЁ
Ҷаҳон пур аз чизҳои аҷиб аст, ки донистанашон аз манфиат холӣ нест. Мо дар ин рубрика фактҳои аҷибтаринро гирд овардем, ки, бешубҳа, ба муштариёни саҳифаи "Шоми шанбе" хуш хоҳад омад.


АСАЛИ 3000-СОЛА
Ҳангоми гузарондани ҳафриёт дар аҳромҳои Мисри Қадим, бостоншиносон кӯзаҳои асалро пайдо карданд, ки, ба гуфтаи олимон, таърихи зиёда аз 3000-сола дорад.
Зикр мегардад, ки бо вуҷуди гузаштани ҳазор-солаҳо, асал вайрон нашудааст ва онро метавон истеъмол кард.


Таҳияи Ҷӯрабег НЕГМАТОВ


ЧАНД СУХАНЕ АЗ УИЛЯМ ШЕКСПИР
Бузургтарин шоир ва нависандаи англис Уилям Шекспир (1564 – 1616) мегӯяд: “Вақте мехостам сухане бигӯям, гуфтанд: “Гӯш кун!”. Мехостам бозӣ кунам, маро кор кардан омӯхтанд. Чун ба кор шуруъ кардам, маро зан доданд. Пас аз издивоҷ бошад, кӯдакҳо ба дунё омаданд. То кӯдаконро дарк намудам, ки маро тарк карданд. Акнун, ки ба маънии зиндагӣ сарфаҳм рафтам, ҳаётам ба охир мерасад”.


Таҳияи З. РАҶАБ


10 БОҒИ ЗЕБОТАРИН ДАР ҶАҲОН
Боғи ботаникии биёбони Финикс
Шумо дар баробари ба забон овардани калимаи биёбон чиро тасаввур мекунед? Албатта, дар зеҳнатон зуд масоҳати бузурги рег бо ранги норинҷӣ, хору алафҳои хушку хазонгашта пайдо мешавад.
Аммо, агар шумо боре аз боғи ботаникии биёбони Финикс дидан намоед, дар ин минтақа акси ҳолро мебинед, зеро дар ин ҷо зиёда аз бист ҳазор намунаи кактус ва гиёҳҳои гуногун парвариш мешаванд, ки сабзу хуррам буда, диққати бинандаро ба худ ҷалб мекунанд.


Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


ГУРБАИ САРВАТМАНД
Бино ба навиштаи сомонаи ctclove.ru, гурбаи тарроҳи машҳури олмонӣ Карл Лагерфелд бо номи Шупетт сарватмандтарин гурбаи олам ба ҳисоб меравад. Дороии ӯро 200 миллион доллари ИМА арзёбӣ мекунанд.
Айни ҳол Шупетт дар нигоҳубини Франсуаза Касоте, ёвари Карл Лагерфелд, қарор дошта, бо вуҷуди сарватмандияш, мустақилона аз ҳисоби рекламаҳо пул кор мекунад.


Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА