Баргашт Чоп кардан

НОҲИЯИ АЙНӢ. КОРҲОИ АСФАЛТПӮШКУНӢ ВА ОБОДОНӢ ИДОМА ДОРАНД


СОЛИ 2026 – СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ВА ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ


Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ азнавсозӣ ва таъмиру асфалтпӯшкунии роҳҳо оғоз гардида, муташаккилона идома доранд. Дар ин давра мо бо такя ба арзишҳои муқаддаси миллӣ, таҷрибаи давлатдории муосир ва ваҳдати ҷомеа қадамҳои устувор ба сӯйи рушди ҳамаҷонибаи кишвар мегузорем.
Дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар деҳаи Урметан корҳои асфалтпӯш ва бетонпӯш намудани роҳҳои дохилидеҳавӣ бо маром идома доранд. То имрӯз дар деҳаи мазкур зиёда аз 3 километр роҳи дохилидеҳавӣ тахту ҳамвор гардида, асфалтпӯшу бетонпӯш карда шуд. Барои иҷрои ин корҳои муҳими инфрасохторӣ наздики 2 миллион сомонӣ масраф гардида, корҳои сохтмонӣ ҳоло ҳам идома доранд.
Дар оғози марҳалаи навбатии корҳои асфалтпӯшкунӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иштирок намуда, дар якҷоягӣ бо сокинон, фаъолон ва ҷавонони деҳа дар корҳои ободонӣ саҳм гузошт.
Зимни суҳбат бо аҳолӣ ӯ таъкид намуд, ки рушду ободии маҳалҳо, беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат ба ҳисоб меравад.
Раиси ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои миллатро ба сокинони деҳаи Урметан расонда, изҳор дошт, ки ҳар як сокини деҳа бояд дар корҳои ободонӣ, тозагии муҳити зист, нигоҳдории роҳҳо ва рушди деҳаи худ саҳми арзанда гузорад. Ӯ, ҳамчунин, аз ҳамбастагӣ ва ташаббускории сокинони деҳа дар амалисозии чунин корҳои созанда изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки корҳои асфалтпӯшкунӣ ва беҳсозии инфрасохтор дар дигар маҳаллаҳои ноҳия низ пайгирона идома хоҳанд ёфт.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Айнӣ ҳамасола на танҳо шоҳроҳҳо, балки роҳҳои дохилиноҳиявӣ ва байнидеҳавӣ низ асфалтпӯшу бетонпӯш гардида, корҳои тозакунӣ ва ободонӣ мунтазам анҷом дода мешаванд. Ин иқдомҳо нишонаи фарҳанги баланди шаҳрдориву деҳотсозӣ ва ҳисси масъулияти сокинон нисбат ба ободии диёри хеш мебошад.


Саъдулло МАҲКАМОВ,
рӯзноманигор