![]()
Боиси сарфарозист, ки бо сиёсати дурбинона ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеа таҳким ёфта, барои рушди истеъдод ва фаъолияти занону духтарон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат қабул гардидани барномаҳои зиёди давлатӣ, хусусан таъсиси грантҳои президентӣ, сабаб гардид, ки ҳазорон бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногун фаъолияти пурсамар намоянд, ҳунари худро рушд диҳанд, дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
СОЛҲОИ 2000 – 2010 ОҒОЗИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ДАСТГИРИИ ЗАНОН
Боғигул Исломзода, муовини сардори раёсати кор бо оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита бо занони ҳунарманд корбарӣ дорад, доир ба фаъолият ва дастовардҳои бонувон изҳор дошт, ки пас аз барқарории сулҳ ва рушди иқтисодиёт давлат ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд. Дар ин давра шумораи занони соҳибкор афзоиш ёфт, марказҳои ҳунаромӯзӣ таъсис дода шуданд, занон бештар ба фаъолияти фарҳангӣ ва эҷодӣ ҷалб гардиданд. Соли 2006 Ҳукумати мамлакат қарор қабул намуд, ки тибқи он 20 Гранти президентӣ (10 грант ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва 10 грант ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ) барои солҳои 2006 – 2010 барои занону духтарон ҷудо гардид. Ин иқдом дар он давра як дастгирии муҳим ба ҳисоб мерафт, зеро имкониятҳои молиявии занон маҳдуд буданд.
СОЛҲОИ 2011 – 2020 ДАВРАИ РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА СОҲИБКОРИИ ЗАНОН
Ин давра марҳалаи нави фаъолшавии занон дар соҳаи ҳунар гардид. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми апрели соли 2011, №185 теъдоди грантҳо афзоиш ёфта, ҳамасола 80 грант ҷудо гардид. Агар соли 2006 ҳамагӣ 20 грант ҷудо шуда бошад, то соли 2015 шумораи онҳо ба 80 расид. Ин нишон медиҳад, ки дастгирии давлатии занон дар давоми 10 сол 4 маротиба афзуд. Дар натиҷа, дар ҳамин давра садҳо коргоҳҳои дӯзандагӣ ва чакандӯзӣ таъсис ёфтанд, занони хонашин соҳиби касб шуданд, ҳунарҳои миллӣ аз нав эҳё гардиданд ва иштироки занон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ афзоиш ёфт.
СОЛҲОИ 2021 – 2026 МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНД
Дар солҳои охир дастгирии давлатӣ боз ҳам васеъ гардид. Тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 29-уми апрели соли 2024, № 257 шумораи грантҳои президентӣ ба 120 расид, ки маблағи умумӣ 5 миллион сомониро ташкил дод. Аз ҷумла, 20 грант ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ, 20 грант – 50 ҳазор сомонӣ ва грантҳои дигар аз 25 то 45 ҳазор сомониро ташкил доданд. Муҳим он аст, ки 10 фоизи маблағҳо барои лоиҳаҳои вобаста ба иқлим ҷудо карда шуданд. Ин нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ имрӯз рушди “иқтисоди сабз” ва ҳунарҳои экологиро низ дастгирӣ мекунад.
Тибқи таҳлили мутахассисони соҳа, агар соли 2006 ҳамагӣ 20 грант ба маблағи умумии 150 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида бошад, то соли 2025 шумораи грантҳо ба 200 ва ҳаҷми маблағгузорӣ ба 15 миллион сомонӣ расид. Ин далел аз он шаҳодат медиҳад, ки дар давоми солҳои 2006 – 2025 теъдоди грантҳо 10 баробар ва маблағгузории давлатӣ барои дастгирии занону духтарон 100 маротиба афзудааст. Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи он аст, ки давлат, махсусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди иқтисодӣ ва маънавии занонро яке аз самтҳои афзалиятнок мешуморад ва ҳамеша нисбат ба занон ғамхорӣ менамояд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” исботи рӯшани гуфтаҳои боло мебошад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”