Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони муосир на танҳо як дастоварди таърихию сиёсӣ, балки як принсипи ҳаётии ҳуқуқӣ мебошад, ки ба тамоми соҳаҳои фаъолияти давлатӣ, аз ҷумла низоми судӣ, ворид гардидааст. Ҳокимияти судӣ ҳамчун яке аз се рукни асосии ҳокимияти давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст ва он масъулияти махсус дорад: таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар маҷмуъ, таҳкими ваҳдати миллӣ тавассути риояи адолат ва қонун.
Табиӣ ва ҳам мантиқӣ аст, ки ҳифзи ҳуқуқи инсон ва адолат ҳамчун меҳвари асосии фаъолияти судӣ, бевосита ба таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад. Судҳо вазифадоранд, ки нисбат ба ҳар як шаҳрванд бе табъиз ва ба таври мустақил қарор қабул кунанд ва ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандонро ҳимоя намоянд. Ин амал на танҳо эътимод ба давлат ва низоми қонунгузориро баланд мебардорад, балки пайванди иҷтимоӣ, эҳсоси баробарӣ ва эҳтироми ҳуқуқҳоро байни қишрҳо ва гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа тақвият мебахшад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти судӣ, пешгирӣ ва мубориза бо қонуншиканиҳое мебошад, ки метавонанд ба ягонагии давлат осеб расонанд. Моддаи 7 Конститутсия тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозиро манъ мекунад ва моддаи 8 таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳое, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ ва бадбиниро тарғиб мекунанд ё барои сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ даъват менамоянд, қатъиян манъ намудааст. Судяҳо дар баррасии парвандаҳои марбут ба ин моддаҳо, бояд ҳушёриро риоя намуда, қарори худро дар асоси далелҳо ва муқаррароти қонун қабул кунанд. Ин на танҳо рисолати ҳуқуқӣ, балки вазифаи ватандӯстонаи судя мебошад, зеро ҳар гуна бемасъулиятӣ дар ин ҷода метавонад ба бесуботии сиёсӣ ва осеб расондан ба ваҳдати миллӣ гардад.
Ғайр аз ин, судя дар раванди мурофиа бояд намунаи баланди фарҳанги ҳуқуқӣ ва одобро нишон диҳад. Риояи одоби судя, ки дар санадҳои дахлдори Суди Олӣ муқаррар шудааст, ба ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба адолат мусоидат мекунад. Судя бо рафтори худ, бо риояи принсипҳои адолат, беғаразӣ ва салоҳияти касбӣ, метавонад намунаи беҳтарини иҷрои қонун ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсонро ба намоиш гузорад. Чунин рафтор дар ҷомеае, ки аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шикастҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дидааст, барои мустаҳкам кардани пайвандҳои ҷомеа ва тарғиби арзишҳои ягонагӣ аҳамияти калон дорад.
Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон на танҳо гузашта, балки ҳозира ва ояндаи устувори он мебошад. Ҳокимияти судӣ, ки ба ҳайси кафили асосии ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва адолат амал мекунад, дар таҳкими ин арзиш нақши муҳим ва бевосита дорад. Судя ҳамчун намояндаи ин ҳокимият, масъул аст, ки дар фаъолияти касбии худ ба принсипҳои Конститутсия содиқ буда, бо риояи волоияти қонун, беғаразӣ ва фарҳанги баланди ҳуқуқӣ ба ташаккули ҷомеаи адолатпарвар ва ягона мусоидат намояд. Дар ин замина, судяҳо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ҳар як қарори онҳо метавонад ба сарнавишти шахс ва эътибору устувории давлат таъсир расонад ва бояд онро бо масъулият ва дарки баланди вазифаи миллӣ анҷом диҳанд.
Ифтихор АСРОРӢ, муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат