Баргашт Чоп кардан

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО АРҶГУЗОРӢ БА НОБИҒАИ ТОҶИК ВА САРМОЯГУЗОРӢ БА ОЯНДАИ ИЛМ



23-юми майи соли равон дар таърихи илму фарҳанги тоҷик рӯйдоди муҳим ба вуқуъ пайваст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони №1180 Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тибро таъсис доданд. Ин иқдом на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҷомеаи илмии ҷаҳон аҳамияти бузург дорад.
Абуалӣ ибни Сино аз ҷумлаи шахсиятҳои камназири башарият мебошад, ки осори ӯ асрҳо боз ҳамчун сарчашмаи дониш ва маърифат хизмат мекунад. Китоби машҳури ӯ «Ал-Қонун фи-т-тиб» садсолаҳо дар донишгоҳҳои Аврупо ва Шарқ ҳамчун дастури асосии тиббӣ истифода мешуд. Аз ин рӯ, таъсиси ҷоизае ба номи чунин донишманди бузург идомаи мантиқии эҳтиром ба мероси илмии ӯ ва эътирофи саҳми беназири ӯ дар рушди тамаддуни инсонӣ мебошад.
Мақоми байналмилалии ин Ҷоиза маънои онро дорад, ки Тоҷикистон ба яке аз марказҳои муҳими қадршиносии дастовардҳои тиббии ҷаҳон табдил меёбад. Ҷоиза метавонад олимон, пажӯҳишгарон, табибон ва навоварони соҳаи тибро аз кишварҳои гуногун гирди ҳам оварад ва барои рушди ҳамкориҳои илмӣ заминаи мусоид фароҳам созад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ чунин иқдомҳо ба густариши дипломатияи илмӣ ва тақвияти нуфузи байналмилалии давлатҳо мусоидат мекунанд.
Ҳамзамон, ин ташаббус арзиши бузурги фарҳангӣ низ дорад. Ибни Сино фарзанди муҳити фарҳангии тоҷикон буда, дар сарзамини таърихии тоҷикон ба дунё омада ва ба камол расидааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, ӯ дар деҳаи Афшанаи атрофи Бухоро чашм ба ҷаҳон кушодааст.
Осори зиёди ӯ ба забони арабӣ навишта шудаанд, зеро арабӣ дар он давра забони илм ба ҳисоб мерафт. Аммо Ибни Сино, ҳамчунин, асарҳои муҳим ва арзишманде ба забони тоҷикӣ эҷод кардааст, ки аз ҷумла «Донишнома», "Рисола дар ҳақиқат ва кайфияти силсилаи мавҷудот ва тасалсули асбоб ва мусаббибот", "Рисола андар набз", рисолаи «Рагшиносӣ» ва «Рисолаи саргузашт»-ро метавон ном бурд. Ин осор нишон медиҳанд, ки ӯ ба забони модарии худ низ пайванди амиқ доштааст.
Мардуми Тоҷикистон ба мероси гаронбаҳои ин нобиғаи илму фарҳанг эҳтироми хос қоил буда, номи ӯро пос медоранд.
Барои гиромидошти Абуалӣ ибни Сино дар Тоҷикистон як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд. Бо қарори Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва Шурои Вазирони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 1967 Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъсис дода шуд. Ин Ҷоиза яке аз мукофотҳои олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илм ва техника ба ҳисоб меравад.
Соли 1980 дар ЮНЕСКО бо иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ 1000-солагии Абуалӣ ибни Сино дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат як қатор асарҳои ӯ, аз ҷумла китоби машҳури “Ал-Қонун” дар панҷ ҷилд нашр гардид.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми июли соли 2006 дар "Боми ҷаҳон" яке аз баландтарин қуллаҳои ҷаҳон ба номи Абуалӣ ибни Сино гузошта шуд. Ин иқдом боз як далели арҷгузории мардуми тоҷик ба фарзанди фарзонаи худ мебошад.
Аз ҳамин ҷиҳат, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино танҳо як иқдоми илмӣ нест, балки ҳифз ва муаррифии мероси воқеии таърихию фарҳангии тоҷикон низ мебошад. Ин Ҷоиза метавонад барои шинохти бештари нақши тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузорад ва пеши роҳи таҳрифу азхудкунии мероси шахсиятҳои бузурги таърихиро бигирад.
Бешубҳа, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино иқдоми дурбинона ва стратегӣ буда, ба эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон, рушди илм ва гиромидошти яке аз бузургтарин фарзандони миллат мусоидат хоҳад кард.


Аламхон АҲМАДОВ,
муовини ректори МТҒ "Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон"
оид ба илм ва инноватсия ,
узви вобастаи АМИТ