Баргашт Чоп кардан

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»


Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 1, мод. 380; с. 2015, №7-9, мод. 698; с. 2016, №7, мод. 603; с. 2018, №2, мод. 62; с. 2021, №1-2, мод. 1, №4, мод. 191, №12, қ. 1, мод. 680; с. 2024, №11, мод. 515; с. 2025, №11-12, мод. 873) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонуни конститутсионӣ калимаҳои «ӯҳдадор», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадориҳо», «мӯҳлатнокро», «Мӯҳлати», «мӯҳлати», «мӯҳлат», «Мӯҳлатҳои», «Шӯрои», «шӯъбаҳо», «шӯъбаҳои» ва «шӯъба» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадор», «уҳдадориҳои», «уҳдадориҳо», «муҳлатнокро», «Муҳлати», «муҳлати», «муҳлат», «Муҳлатҳои», «Шурои», «шуъбаҳо», «шуъбаҳои» ва «шуъба» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 4 моддаи 12 ва қисми 5 моддаи 68 калимаҳои «ӯҳдадории умумии» ба калимаи «уҳдадории» иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 1 моддаи 19 калимаи «итиҳодияи» ба калимаи «иттиҳодияи» иваз карда шавад.
4. Дар сархати сеюми моддаи 22 калимаҳои «қабулнамудаи ӯ» ба калимаҳои «қабулкардаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
5. Дар қисми 3 моддаи 28 калимаҳои «муовинони вай» ба калимаҳои «муовинони ӯ» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 3 моддаи 29 калимаҳои «қабул карда» ба калимаҳои «қабул гардида» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми 1 моддаи 37:
- дар сархати бисту дуюм калимаи «ташкилотҳои» ба калимаи «иттиҳодияҳои» иваз карда шавад;
- дар сархати бисту чорум калимаи «оиди» ба калимаҳои «дар хусуси» иваз карда шавад;
- ба сархати бисту ҳафтум пеш аз калимаҳои «судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,» илова карда шаванд;
- сархати сиву ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқиро шахсан қабул мекунад ва корро оид ба баррасии муроҷиатҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;».
8. Дар қисми 1 моддаи 53:
- дар сархати ёздаҳум калимаҳои «судяҳои судҳои» ба калимаи «судяҳои» иваз карда шаванд;
- дар сархати шонздаҳум калимаҳои «ташкилотҳои» ва «қонунвайронкуниҳо» мувофиқан ба калимаҳои «иттиҳодияҳои» ва «қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳаждаҳум калимаи «оид» ба калимаҳои «дар хусуси» иваз карда шавад;
- сархати сиюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқиро шахсан қабул мекунад ва корро оид ба баррасии муроҷиатҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;».
9. Сархати даҳуми қисми 1 моддаи 63 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқиро шахсан қабул мекунад ва корро оид ба баррасии муроҷиатҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;».
10. Сархати дувоздаҳуми қисми 1 моддаи 77 ва сархати шашуми қисми 1 моддаи 83 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқиро шахсан қабул мекунад ва корро оид ба баррасии муроҷиатҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;».
11. Ба қисми 1 моддаи 88 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқиро шахсан қабул мекунад ва корро оид ба баррасии муроҷиатҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;».
12. Дар қисмҳои 2 ва 7 моддаи 118 калимаҳои «муовини вай» ба калимаҳои «муовини ӯ» иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 134:
- ба номи модда пас аз калимаи «судҳо» калимаҳои «ва либоси махсуси судяҳо» илова карда шаванд;
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Дар болои бинои судҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар толорҳои маҷлиси судӣ, ҳуҷраҳои кории судяҳо Парчам ва тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2258


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №170


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 14 апрели соли 2026, №409


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68, мод. 69, №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346, №7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126, №7, мод. 399, №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3, №6, мод. 444, мод. 447, №10, мод. 803, №12, қ. 1, мод. 986, №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80, №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155, №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161, №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258, №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403, мод. 404, №11, мод. 785, №12, мод. 881; с. 2014, №3, мод. 141, №7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, №3, мод. 198, мод. 199, №11, мод. 949, №12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, №3, мод. 127, №5, мод. 355, мод. 356, №7, мод. 608, мод. 609, №11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, №1-2, мод. 2, мод. 3, №7-9, мод. 586; с. 2018, №1, мод. 4, мод. 5, №5, мод. 266, №7-8, мод. 522; с. 2019, №1, мод. 1, мод. 2, №6, мод. 311; с. 2020, №1, мод. 8, мод. 9, №7-9, мод. 607, мод. 623, №12, мод. 904; с. 2021, №4, мод. 196, №12, қ. 2, мод. 683; с. 2022, №7, мод. 437, мод. 438, №12, қ. 2, мод. 764, мод. 765; с. 2023, №11, мод. 457, мод. 458; с. 2024, №5-6, мод. 251; с. 2025, №3-4, мод. 248, №5, мод. 507, №11-12, мод. 875, мод. 876), тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 234:
- дар санксияи қисми 1) калимаҳои «панҷсад то ҳафтсад» ба калимаҳои «ҳафтсад то нуҳсад» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2) калимаҳои «ҳафтсад то ҳазор» ба калимаҳои «нуҳсад то як ҳазору дусад» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 235:
- дар санксияи қисми 1) калимаҳои «сесад то панҷсад» ба калимаҳои «панҷсад то ҳафтсад» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 2) калимаҳои «панҷсад то як ҳазор» ба калимаҳои «ҳафтсад то нуҳсад» иваз карда шаванд;
- дар санксияи қисми 3) калимаҳои «як ҳазор то ду ҳазор» ба калимаҳои «як ҳазору дусад то як ҳазору панҷсад» иваз карда шаванд;
- эзоҳ бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Эзоҳ: дар моддаҳои 234 ва 235 таҳти мафҳуми зарари ҷиддӣ ҳисобе дар назар дошта шудааст, ки мутобиқи таксаҳои муайяншуда зарар аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар лаҳзаи содир гардидани ҷиноят сад маротиба ва зарар ба миқдори калон аз дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад.».
3. Дар санксияи моддаи 236 калимаҳои «сесад то панҷсад» ба калимаҳои «панҷсад то ҳафтсад» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2259


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №171


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 18 марти соли 2026, №379


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Точикистон аз 23 июли соли 2016 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 604; с. 2022, №7, мод. 439; с. 2024, №5-6, мод. 255; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2026, №2234) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархати ҳаштуми қисми 2 моддаи 19, қисми 3 моддаи 31, қисми 1 моддаи 55, қисми 3 моддаи 84, қисми 3 моддаи 112, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 113, қисми 5 моддаи 118, қисми 5 моддаи 123, қисми 1 моддаи 140, қисми 1 моддаи 147, қисми 3 моддаи 151, қисми 1 моддаи 153, моддаи 155, қисми 1 моддаи 156, қисмҳои 1, 2, 3 ва 4 моддаи 157, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 158, қисми 1 моддаи 159, қисми 1 моддаи 180, қисми 2 моддаи 206, қисми 4 моддаи 212, қисми 1 моддаи 223, қисми 4 моддаи 242, қисми 5 моддаи 246, қисми 2 моддаи 256, қисми 2 моддаи 269, қисми 2 моддаи 284, қисми 3 моддаи 312, қисми 2 ва 4 моддаи 338, қисми 5 моддаи 343 пеш аз калимаи «пардохт» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
2. Ба қисми 4 моддаи 139 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Чунин иловапулиҳо тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешаванд.».
3. Ба қисмҳои 1 ва 3 моддаи 154 пас аз калимаҳои «муқаррарӣ» ва «дукарата» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 160:
- ба қисми 1 пеш аз калимаи «пардохт» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои «мумкин аст» хориҷ ва калимаи «шавад» ба калимаи «мешавад» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 179:
- ба сархати дуюми қисми 1 пеш аз калимаи «пардохт» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
- ба қисми 3 пеш аз калимаи «пешпардохт» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
6. Ба қисмҳои 1 ва 4 моддаи 224 пас аз калимаи «кумакпулӣ» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
7. Ба матни моддаи 226 пеш аз калимаи «пардохта» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2261


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №173


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 8 апрели соли 2026, №397


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №7-8, мод. 609: с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142; №11, мод. 643; с. 2015, №11, мод. 950; с. 2016, №3, мод. 128, №5, мод. 357, №7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, №1-2, мод. 4; с. 2018, №5, мод. 267; с. 2019, №1, мод. 3; с. 2020, №7-9, мод. 602, мод. 608; с. 2021, №1-2, мод. 5, № 4, мод. 197, №12, қ. 2, мод. 684, мод. 685; с. 2022, №1-3, мод. 4, №7, мод. 442, №12, қ. 2, мод. 766, мод. 767; с. 2024, №1-2, мод. 2), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархатҳои чорум, бистум ва бисту якуми моддаи 6, моддаи 44, ном ва қисмҳои 1, 3 ва 4 моддаи 45, сархати чоруми қисми 6 моддаи 53, моддаи 54, моддаи 55, қисми 1 моддаи 59, қисми 1 моддаи 61, қисми 3 моддаи 65, қисми 2 моддаи 68, қисми 1 моддаи 69, моддаи 71, сархати панҷуми қисми 3 моддаи 78, қисми 1 моддаи 80, қисми 4 моддаи 86, қисми 2 моддаи 89, қисми 2 моддаи 116, номи боби 15, моддаи 126, моддаи 127, моддаи 128, моддаи 129, моддаи 130, матни моддаи 131, ном ва қисмҳои 1, 4 ва 6 моддаи 132, моддаи 133, моддаи 134, моддаи 135, матни моддаи 169, матни моддаи 174, қисми 1 моддаи 175, қисми 2 моддаи 177, қисми 1 моддаи 231, қисми 3 моддаи 233, қисми 1 моддаи 236, қисми 1 моддаи 237, қисми 2 моддаи 238, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 239, ном ва қисми 1 моддаи 240, қисми 1 моддаи 242, қисми 1 моддаи 243, қисми 2 моддаи 245, сархати ҳаштуми қисми 1 моддаи 247, қисми 3 моддаи 250, қисми 2 моддаи 254, номи моддаи 267, қисми 1 моддаи 268, моддаи 277, қисми 8 моддаи 279, моддаи 283, сархати дуюми қисми 3 моддаи 293, моддаи 297, қисми 1 моддаи 301, моддаи 303, қисми 2 моддаи 307, қисми 3 моддаи 314, қисми 1 моддаи 328, сархати ҳаштуми қисми 1 моддаи 335, сархати чоруми моддаи 345, сархати якуми моддаи 347, моддаи 350, қисми 4 моддаи 357, қисми 1 моддаи 361, қисми 3 моддаи 369, ном ва қисми 3 моддаи 389, қисмҳои 2 ва 8 моддаи 401, қисми 1 моддаи 403, қисмҳои 5 ва 6 моддаи 410, қисми 4 моддаи 433, қисми 1 моддаи 455, қисми 1 моддаи 466, қисми 1 моддаи 467, қисми 2 моддаи 485, қисми 4 моддаи 488, қисми 2 моддаи 517, банди 3) қисми 2 моддаи 522 ва қисми 5 моддаи 524 калимаҳои «гражданӣ», «граждании», «гражданиро», «ГРАЖДАНӢ» ва «граждание» мувофиқан ба калимаҳои «маданӣ», «мадании», «маданиро», «МАДАНӢ» ва «мадание» иваз карда шаванд.
2. Ба қисми 1 моддаи 62 пас аз калимаҳои «дароз кардааст,» калимаҳои «шикоят аз қарори прокурорро доир ба ҳамин парванда баррасӣ кардааст,» илова карда шаванд.
3. Дар қисми 2 моддаи 64 калимаҳои «судяҳои дигар» ба калимаҳои «ҳайати боқимондаи суд» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 2 моддаи 90 калимаи «муаллимон» ба калимаи «омӯзгорон» иваз карда шавад.
5. Ба қисми 1 моддаи 295 пас аз калимаи «раисикунанда» калимаҳои «дар давоми панҷ шабонарӯз аз рӯзи ворид шудан» илова карда шаванд.
6. Дар моддаи 331:
- ба қисми 1 пас аз калимаи «ҳукм» калимаҳои «ё таъинот» илова карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи «ҳукмро» ба калимаҳои «ҳукм ё таъинотро» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2260


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид
намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №172


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 18 марти соли 2026, №381


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СИЛОҲ»
Моддаи 1. Ба қисми 1 моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» аз 19 марти соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3, мод.182; с. 2014, №7, қ. 2, мод.402; с. 2015, №7-9, мод.705) пас аз калимаи «ҳуқуқӣ» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2262


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №174


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 11 марти соли 2026, №352


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РӮЗҲОИ ИД»
Моддаи 1. Ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 608; с. 2012, №7, мод. 684, №12, қ. 1, мод. 1011, мод. 1012; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 401; с. 2015, №3, мод. 209, №7-9, мод. 706; с. 2016, №5, мод. 371, №7, мод. 619, №11, мод. 878; с. 2017, №1-2, мод. 13, №5, қ. 1, мод. 294; с. 2018, №1, мод. 12; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 693; с. 2022, №1-3, мод. 13, №6, мод. 346, №12, қ. 2, мод. 775, мод. 776; c. 2023, №4-6, мод. 157; с. 2024, №7-11, мод. 524, мод. 525, мод. 526; с. 2025, №2, мод. 115, мод. 116, №5, мод. 520; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2026, №2255) сархати наваду сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- Рӯзи кормандони мақомоти аудити давлатӣ – 12 декабр;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2263


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №175


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 11 марти соли 2026, №362


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РӮЗҲОИ ИД»
Моддаи 1. Ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 608; с. 2012, №7, мод. 684, №12, қ. 1, мод. 1011, мод. 1012; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 401; с. 2015, №3, мод. 209, №7-9, мод. 706; с. 2016, №5, мод. 371, №7, мод. 619, №11, мод. 878; с. 2017, №1-2, мод. 13, №5, қ. 1, мод. 294; с. 2018, №1, мод. 12; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 693; с. 2022, №1-3, мод. 13, №6, мод. 346, №12, қ. 2, мод. 775, мод. 776; c. 2023, №4-6, мод. 157; с. 2024, №7-11, мод. 524, мод. 525, мод. 526; с. 2025, №2, мод. 115, мод. 116, №5, мод. 520; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2026, №2255) сархати чилу сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- Рӯзи хизматчии давлатӣ – 23 июн;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, 2264


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №176


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 18 марти соли 2026, №375


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ СОДИРОТ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» аз 31 декабри соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №12, мод. 822; с. 2017, №1-2, мод. 15; с. 2024, №1-2, мод. 25) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ - силоҳ, техникаи ҳарбӣ, лавозимоти ҷангӣ, инчунин кору хизматрасонӣ, молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавӣ, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ (ҳуқуқ ба онҳо) ва иттилоот дар соҳаи ҳарбӣ-техникӣ, ки барои мақсадҳои ҳарбӣ тарҳрезӣ, омода, мутобиқ ва (ё) такмил дода шудаанд;».
2. Моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 8. Ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа
Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа ва додани хулоса барои маводи таъиноти дуҳадафа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2265


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №177


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 18 марти соли 2026, №387


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ДАКТИЛОСКОПӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» аз 3 сентябри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №9, мод. 234; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 809; с. 2014, №11, мод. 652; с. 2025, №11-12, мод. 896) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархати якум калимаи «бешаҳрвандӣ» ба калимаи «бешаҳрванд» иваз карда шавад;
- ба сархати дуюм пас аз калимаи «наметавонанд» калимаҳои «ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоранд» илова карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаи «шаҳрвандоне» ба калимаи «шахсоне» иваз карда шавад;
- дар сархати чорум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- мақсадҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
2. Дар қисми сеюми моддаи 2 калимаҳои «амалҳои зерин» ва «мешавад» мувофиқан ба калимаҳои «намудҳои бақайдгирии давлатии дактилоскопии зерин» ва «мешаванд» иваз карда шаванд.
3. Ба моддаи 5 пас аз калимаи «Тоҷикистон» калимаҳои «, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд» илова карда шуда, калимаи «шаҳрвандон» ба калимаҳои «шахсони мазкур» иваз карда шавад.
4. Матни моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Бо бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ фаро гирифта мешаванд:
- шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар шудаанд, ба ҳабс гирифта шудаанд, айбдор ва маҳкум карда шудаанд, инчунин шахсоне, ки ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ садди роҳи муайян кардани шахсият мегарданд;
- шахсоне, ки ба хизмати ҳарбӣ, хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ба кор дар корхона, муассиса, дигар ташкилотҳо ва ё воҳидҳои сохтории онҳо, ки фаъолияти онҳо ба ҳаёти кормандон хатари калон дорад ё бо низоми махсуси махфӣ алоқаманд аст, тибқи номгӯйи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда қабул карда мешаванд;
- шахсоне, ки ба мақомоти корҳои дохилии маҳали истиқомат барои гирифтани рухсатнома барои нигоҳ доштани силоҳ муроҷиат мекунанд;
- шахсоне, ки дар ҳудуди минтақаҳои фавқулодаи хавфноки дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ истиқомат менамоянд;
- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои паноҳ ҷустан меоянд;
- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд;
- шахсоне, ки бо сабаби вазъи саломатӣ ва ё синну сол дар бораи шахсияти худ маълумот дода наметавонанд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият надоранд;
- ҷасадҳои шахсияташон шинохтанашуда.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2266


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №178


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 8 апрели соли 2026, №405


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз 22 июни соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2023, №4-6, мод. 152; с. 2024, №5-6, мод. 257; с. 2025, №6-10, мод. 634, №11-12, мод. 889) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 1 моддаи 11 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Аз ҷониби дорандаи ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта ба шахси дигар гузашт кардани ҳуқуқ, додан ё фурӯхтани ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта манъ аст.».
2. Дар моддаи 24:
- дар банди 2) калимаҳои «маҳалли ҷойгиршавии» ба калимаи «суроғаи» иваз карда шаванд;
- банди 5) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«5) санаи додани иҷозатнома ва рақами он тибқи феҳристи мақоми иҷозатдиҳанда;»;
- ба банди 10) пас аз калимаи «иҷозатнома» калимаҳои «ва рақами он» илова карда шуда, аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- банди 11 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«11) маълумот оид ба суроғаи сомонаи расмие, ки дар он фаъолияти иҷозатномашаванда тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет, ба роҳ монда мешавад.».
3. Сатри 5 ҷадвали 1 замима ба Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«


»
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2268


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №180


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 10 июни соли 2026, №468


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНД ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Дар қисми 2 моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 январи соли 2018 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2018, №1, мод. 3, №5, мод. 276; с. 2025, №11-12, мод. 893) калимаи «хонаҳои» ба калимаи «манзили» иваз карда шуда, пас аз калимаҳои «ворисони қонунӣ» калимаҳои «ё ба даст овардани биною манзили истиқоматӣ дар ҳудуде, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2269


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №181


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 10 июни соли 2026, №478


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МИНТАҚАҲОИ КӮҲИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 531; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 703) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати чоруми моддаи 1 калимаи «маҷмӯи» ба калимаи «маҷмуи» иваз карда шавад.
2. Дар сархати дуюми моддаи 4 калимаи «табиии» ба калимаҳои «табиӣ ва объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангии» иваз карда шавад.
3. Моддаи 61 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
Моддаи 61. Ҳифзи муҳити зист ва объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ
1. Дар минтақаҳои кӯҳӣ системаҳои табиии экологӣ, ландшафтҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ таҳти муҳофизати махсус қарор дода мешаванд.
2. Истифодаи қитъаҳои алоҳидаи минтақаҳои кӯҳӣ, ки ҷойи сукунати объектҳои олами ҳайвоноти эндемикӣ, нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта, инчунин маҳали ҷойгиршавии объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ мебошанд, бар хилофи мақсадҳои ҳифзи гуногунии биологӣ ва объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ манъ аст.
3. Ба корҳои сохтмонӣ, ҷойгиронии объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари хоҷагидорӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ, ки метавонанд ба муҳити зист ва объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ таъсири манфӣ расонанд, пас аз гирифтани хулосаи мусбати экспертизаи давлатии экологӣ иҷозат дода мешавад.».
4. Дар моддаи 8:
- аз сархати якум калимаҳои «ташаккул ва» хориҷ карда шаванд;
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ;»;
- дар сархати чорум калимаҳои «барномаҳои мақсадноки» ба калимаҳои «ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 9:
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- иштирок дар таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кӯҳӣ;»;
- дар сархати сеюм калимаҳои «соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии» ба калимаҳои «ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии кишоварзӣ,» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум калимаи «муқарар» ба калимаи «муқаррар» иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 10:
- ба сархати якум пас аз калимаи «таъмини» калимаҳои «шуғли аҳолӣ ва» илова карда шаванд;
- дар сархати ҳаштум калимаи «чарогоҳҳои» ба калимаи «чарогоҳии» иваз карда шавад;
- ба модда сархати сездаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- таъмини омодабошӣ ва ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ.».
7. Дар қисми 1 моддаи 12 калимаи «мӯҳлати» ба калимаи «муҳлати» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2272


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №184


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 22 апрели соли 2026, №425


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ АҲОЛӢ ВА ҲУДУД АЗ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДАИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТАБИӢ ВА ТЕХНОГЕНӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» аз 15 июли соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №7, мод. 460) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар ном ва тамоми матни Қонун калимаҳои «ФАВҚУЛОДДАИ», «фавқулоддаи», «фавқулодда», «фавқулоддаро», «фавқулоддае», «ФАВҚУЛОДДА», «ӯҳдадоранд», «ӯҳдадориҳои», «Ӯҳдадории» мувофиқан ба калимаҳои «ФАВҚУЛОДАИ», «фавқулодаи», «фавқулода», «фавқулодаро», «фавқулодае», «ФАВҚУЛОДА», «уҳдадоранд», «уҳдадориҳои» ва «Уҳдадории» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми якуми моддаи 1 калимаҳои «бидуни шаҳрвандӣ» ва «бойгарии» мувофиқан ба калимаҳои «бешаҳрванд» ва «захираҳои» иваз карда шаванд.
3. Дар сархатҳои дуюм ва сеюми моддаи 2 калимаи «системаи» ба калимаи «маҷмуи» иваз карда шавад.
4. Аз матни моддаҳои 3 ва 8 калимаҳои «(Сарқонуни)» ва «(Сарқонун)» хориҷ карда шаванд.
5. Дар моддаи 6 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои «Системаи», «Системаи» ва «системаҳои» мувофиқан ба калимаҳои «Низоми», «Низоми» ва «низоми» иваз карда шаванд.
6. Дар номи моддаи 8 калимаи «Ваколатҳои» ба калимаи «Салоҳияти» иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 9:
- дар ном калимаи «Ваколатҳои» ба калимаи «Салоҳияти» иваз карда шавад;
- дар сархатҳои чорум ва ҳафтум калимаҳои «бартараф намудани» ба калимаи «рафъи» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 11:
- дар ном калимаҳои «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии махсус ваколатдор» ба калимаҳои «Мақомоти давлатии махсус ваколатдоршуда» иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюми қисми дуюм калимаҳои «бартараф намудани» ба калимаи «рафъи» иваз карда шаванд.
9. Дар қисми дуюми моддаи 12 калимаҳои «вазифаҳои штатии» ба калимаҳои «воҳидҳои кории» иваз карда шаванд.
10. Ба боби 2 моддаи 161 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 161. Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ
Бо мақсади ташаккул ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ, инчунин талафоти ҷонӣ ва зарари иҷтимоию иқтисодӣ, гузаронидани машваратҳо доир ба ворид намудани масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ба стратегияҳо, нақша ва барномаҳои рушд Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ҳамчун мақоми машваратӣ таъсис дода мешавад.
Низомнома ва ҳайати Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табииро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.».
11. Дар қисми дуюми моддаи 24 калимаи «захиравии» ба калимаҳои «хароҷоти пешбининашудаи» иваз карда шавад.
12. Ба ном ва қисми якуми моддаи 25 пас аз калимаҳои «барои» ва «ҷиҳати» мувофиқан калимаҳои «пешгирӣ ва» ва «пешгирӣ ва» илова карда шаванд.
13. Қисми дуюми моддаи 27 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Назорати давлатиро дар соҳаи мазкур мақомоти давлатии махсус ваколатдоршуда барои ҳалли вазифаҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ва ташкилотҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.».
14. Моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2270


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №182


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 28 январи соли 2026, № 324


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ШИКОР»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» аз 26 июли соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 2, мод. 415) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Ба сархати ҳафтуми қисми 3 моддаи 12 пас аз калимаи «вақт» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
3. Ба моддаи 17 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Пардохт ва истифодаи маблағи роҳхати шикор тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2271


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №183


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 11 марти соли 2026, № 356


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» аз 29 декабри соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ. 1 мод. 832; с. 2025, №6-10, мод. 639) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонун калимаҳои «системаи», «СИСТЕМАИ», «Системаи», «Системаи» ва «системаи» мувофиқан ба калимаҳои «низоми», «НИЗОМИ», «Низоми», «Низоми» ва «низоми» иваз карда шаванд.
2. Моддаи 8:
-дар қисми 1:
-дар муқаддима калимаҳои «зерин дорад» ба калимаҳои «зеринро дар бар мегирад» иваз карда шаванд;
- дар сархати якум калимаи «экологии томактабӣ» ба калимаҳои «экологӣ дар зинаи таҳсилоти томактабӣ» иваз карда шаванд;
- ба сархатҳои дуюм, сеюм, чорум, панҷум ва шашум пас аз калимаи «дар» калимаи «зинаи» илова карда шавад;
- дар сархати ҳафтум калимаҳои «таҳсилоти махсус ва иловагӣ» ба калимаҳои «зинаҳои таҳсилоти иловагӣ, махсус ва калонсолон» иваз карда шаванд;
-дар сархати ҳаштум калимаи «табақаҳои» ба калимаи «қишри» иваз карда шавад;
- дар қисми 2 калимаҳои «меъёрҳои» ва «мешаванд» мувофиқан ба калимаҳои «стандартҳои» ва «мешавад» иваз карда шаванд.
3. Қисми 2 моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Маърифати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи барномаҳои давлатӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи талаботи стандартҳои давлатӣ таҳия мешаванд, амалӣ мегардад.».
4. Дар моддаи 11:
- сархатҳои сеюм, шашум ва ҳафтум хориҷ карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаи «ходимони» ба калимаи «кормандони» иваз карда шавад.
5. Моддаи 111 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 111. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маърифати экологии аҳолӣ дохил мешаванд:
- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани барномаҳои комплексии давлатии маърифати экологӣ ва дигар барномаҳои мақсаднок ва соҳавӣ;
- амалӣ намудани барномаҳои комплексии давлатии маърифати экологӣ ва дигар барномаҳои мақсаднок ва соҳавӣ;
- иштирок дар таҳияи барномаҳои байналмилалии таълимии экологӣ;
- таъмини низоми маърифати экологӣ бо маводи иттилоотӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2273

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №185


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 29 апрели соли 2026, № 432


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №5, қ. 1, мод. 270; с. 2021, №1-2, мод. 12; с. 2024, №1-2, мод. 17; с. 2025, №11-12, мод. 882, мод. 883) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Сархати чоруми моддаи 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- манбаъҳои маблағгузории дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.».
2. Дар номи боби 5 калимаҳои «ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ, ИҶОЗАТДИҲӢ» ба калимаҳои «ДОДАНИ ҲУҶҶАТҲОИ ХУСУСИЯТИ ИҶОЗАТДИҲИДОШТА» иваз карда шаванд.
3. Моддаи 20 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 20. Ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта дар соҳаи фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ
Додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта дар соҳаи фаъолияти тиббӣ ва фарматсевтӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.».
4. Моддаи 21 хориҷ карда шавад.
5. Дар қисми 3 моддаи 79 калимаҳои «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба калимаҳои «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.
6. Дар матни моддаи 121 калимаҳои «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» ба калимаҳои «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми 2 моддаи 184 калимаи «товони» ба калимаи «ҷуброни» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2274


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №186


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 14 апрели соли 2026, №412


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СИРРИ ДАВЛАТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» аз 26 июли соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 1, мод. 380; с. 2015, №3, мод. 207; с. 2020, №1, мод. 11) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархати шашум калимаҳои «моддӣ, аз ҷумла» ба калимаҳои «моддӣ ва» иваз карда шуда, пас аз калимаи «техникӣ» калимаҳои «бо шаклҳои гуногун» илова карда шаванд;
- сархати ёздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- гум кардани сирри давлатӣ – аз соҳибӣ ё истифодаи қонунӣ баромадан, аз ҷумла муваққатан баромадани маълумоти дорои сирри давлатӣ ё ҳомилҳои он;»;
- сархати нуздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ҳифзи техникии иттилоот – фаъолият оид ба татбиқи чораҳои техникии ҳифзи сирри давлатӣ аз ихроҷшавӣ тавассути каналҳои техникӣ ва дастрасии беиҷозат ба онҳо;».
2. Дар матни моддаи 5 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои «ӯҳдадориро», «ӮҲДАДОРИҲОИ», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадор», «ӯҳдадоранд», «Ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадории», «ӯҳдадориҳояшро», «ӯҳдадорӣ» ва «Ӯҳдадориҳои» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориро», «УҲДАДОРИҲОИ», «уҳдадориҳои», «уҳдадориҳои», «уҳдадор», «уҳдадоранд», «Уҳдадориҳои», «уҳдадории», «уҳдадориҳояшро», «уҳдадорӣ» ва «Уҳдадориҳои» иваз карда шаванд.
3. Ба сархати чоруми моддаи 8 пас аз калимаҳои «сирри давлатӣ» калимаҳои «ва ҳифзи техникии иттилоот» илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 10:
- сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- сиёсати давлатиро дар соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот амалӣ менамояд;»;
- ба сархати дуюм пас аз калимаҳои «сирри давлатӣ» калимаҳои «ва ҳифзи техникии иттилоот» илова карда шаванд;
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- фаъолияти мақомоти ҳифзи сирри давлатиро дар самти таҳия ва иҷрои барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар самтҳои фаъолият оид ба ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот ҳамоҳанг месозад;»;
- ба сархати панҷум пас аз калимаҳои «сирри давлатӣ» калимаҳои «ва ҳифзи техникии иттилоот» илова карда шаванд;
- сархатҳои панҷум ва шашум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо доир ба бартараф намудани камбудиҳо дар соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот пешниҳод ирсол менамояд;
- роҳбарии методии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот амалӣ менамояд;»;
- дар сархати чордаҳум калимаи «муқарраршуда» ба калимаи «муқарраргардида» иваз карда шавад;
- сархати понздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои воҳидҳои сохторӣ оид ба ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоотро ташкил менамояд;»;
- ба сархатҳои шонздаҳум, ҳаждаҳум ва нуздаҳум пас аз калимаҳои «сирри давлатӣ» калимаҳои «ва ҳифзи техникии иттилоот» илова карда шаванд.
5. Дар моддаи 12:
- дар сархати якум калимаи «идоравии» ба калимаи «соҳавии» иваз карда шавад;
- ба сархати шашум пас аз калимаи «воситаҳои» калимаи «техникии» илова карда шавад;
- ба сархати ҳаштум пас аз калимаҳои «сирри давлатӣ» калимаҳои «ва ҳифзи техникии иттилоот» илова карда шаванд;
- сархати дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатии соҳавӣ, тавсия ва дастурҳои мақоми ваколатдори давлатиро таъмин менамоянд;».
6. Ба банди 22) моддаи 18 пас аз калимаи «давлатӣ,» калимаҳои «таъмини ҳифзи техникии онҳо аз ҳамлаҳои компютерӣ,» илова карда шаванд.
7. Дар қисми 3 моддаи 20 калимаҳои «маълумоти мушаххаси дорои сирри давлатӣ» ба калимаи «маълумот» иваз карда шаванд.
8. Ба сархати чоруми қисми 1 моддаи 21 пас аз калимаи «озодиҳои» калимаҳои «инсон ва» илова карда шаванд.
9. Дар муқаддимаи қисми 2 моддаи 23 калимаи «инҳо» ба калимаҳои «масъалаҳои зерин» иваз карда шавад.
10. Ба ҷумлаи якуми қисми 2 моддаи 24 пас аз калимаҳои «дар номгӯйи» калимаи «соҳавии» илова карда шавад.
11. Дар моддаи 25:
- ба қисми 1 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дар бораи нусхаи чопшуда;»;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Агар ҳомил аз якчанд қисми таркибии дорои дараҷаҳои гуногуни махфият иборат бошад, ба ҳар як қисми таркибии он муҳри махфияти дахлдор ва ба ҳомил дар маҷмуъ муҳри аз ҳама баланди дараҷаи махфият дода мешавад.».
12. Дар қисми 2 моддаи 26 калимаи «идоравии» ба калимаи «соҳавии» иваз карда шавад.
13. Қисми 1 моддаи 43 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон ба сирри давлатӣ алоқаманд аст, уҳдадоранд бо мақсади ҳифзи техникии иттилоот аз воситаҳои техникии ҳифзи иттилоот, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дорои сертификатсияи мутобиқат мебошанд, истифода баранд.».
14. Дар номи моддаи 47 пас аз калимаи «воситаҳои» калимаи «техникии» илова карда шавад.
15. Матни моддаи 49 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Дар ҳолатҳое, ки шаҳрванд тибқи шароитҳои фаъолияти касбии худ доимо бо маълумоти дорои сирри давлатӣ кор мекунад, ҷубронпулии дахлдор дода мешавад, ки намуд, андоза ва тартиби додани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2267


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №179


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 26 майи соли 2026,№447


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Моддаи 1. Ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №5, қ. 1, мод. 270; с. 2021, №1-2, мод. 12; с. 2024, №1-2, мод.17; с. 2025, № 11-12, мод. 882, мод. 883) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати ҳаждаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- вазни зиёди бадан – ҳолати аз меъёр зиёд будани чарббандӣ, ки тавассути индекси вазни бадан муайян карда мешавад;»;
- сархати нуздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- воситаҳои худназораткунӣ – асбобҳое, ки имконияти мустақилона муайянкунӣ ва низоми мониторинги доимии сатҳи қандро дар хун таъмин менамоянд;»;
- сархати бисту нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ғизои солим – ҷараёнҳои алоқамандии ҳамаи моддаҳои ғизоӣ бо дарназардошти миқдор, сифат ва омили дар организм ҳосилнашаванда, ки талаботи физиологии организмро вобаста аз ҷинс, синну сол, фаъолияти меҳнатӣ ва ғайра қонеъ мегардонад;»;
- сархати сию панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- диабети қанд – бемории музмин, ки бо баландшавии устувори сатҳи қанд дар хун тавсиф шуда, дар натиҷаи норасоӣ ва ё вайроншавии таъсири инсулин (ҳормони ғадуди зери меъда) ба вуҷуд меояд;»;
- сархатҳои сию шашум ва сию ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- диабети қанди навъи 1 – беморие, ки бар асари он ғадуди зери меъда аз худ инсулин ҷудо намекунад ва гузаронидани инсулин ба организм зарур аст;
- диабети қанди навъи 2 – беморие, ки бар асари он организм инсулинро самаранок истифода намекунад ва он сабаби баландшавии сатҳи қанди хун гардида, беморро водор месозад, ки бо маслиҳати табиб доруи зиддидиабетӣ истеъмол кунад ё инсулин қабул намояд;»;
- сархати чилу сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- индекси вазни бадан – нишондоде, ки мувофиқатии вазни инсонро нисбат ба қадди ӯ баҳо медиҳад (вазн дар кг/қад дар м2);»;
- сархати ҳаштодум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- оризаҳои диабети қанд – осеб дидани рагҳои хунгард, ки сабабҳои асосии маъюбшавии беморон ба ҳисоб рафта, онҳо дар шакли осеб ёфтани шабакияи чашм (ретинопатияи диабетикӣ) бо инкишофи минбаъдаи нобиноӣ, осеб дидани гурдаҳо (нефропатияи диабетикӣ), инчунин бо пайдоиши захмҳои трофикӣ дар пойҳо, сироятёбии онҳо ва эҳтимоли ампутатсия (синдроми попанҷаи диабетикӣ) зоҳир мегарданд;».
2. Ба қисми 1 моддаи 55 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- гузаронидани машқҳои мунтазами ҷисмонӣ на камтар аз 20 дақиқа дар як шабонарӯз;».
3. Номи БОБИ 27 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«БОБИ 27. ПЕШГИРӢ ВА НАЗОРАТИ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНД».
4. Дар моддаи 209:
- дар ном ва минбаъд дар тамоми матни Кодекс калимаҳои «шаҳрвандони мубталои» ба калимаи «беморони» иваз карда шаванд;
- ба сархати якуми қисми 1 пас аз калимаи «ҳаёт» калимаҳои «ва саломатӣ» илова карда шаванд;
- ба қисми 1 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- бартараф сохтани монеаҳо барои ҳамбастагии комил, новобастагӣ, баробарҳуқуқӣ, мустақилият ва пешгирии табъизи ин гурӯҳи шахсон дар ҷомеа;».
- қисмҳои 2 ва 3 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ҳамчун масъули ташкили бевосита ва ҳамоҳангсози иҷрои чорабиниҳо вобаста ба пешгирии бемории диабети қанд ва ҳимояи тиббию иҷтимоии беморони диабети қанд:
- сиёсати давлатӣ дар самти ба амал баровардани ҳуқуқи беморони диабети қандро амалӣ месозад;
- номгӯйи доруҳои зиддидиабетӣ ва воситаҳои худназораткуниро, ки ройгон дода мешаванд, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- ҳуҷҷатҳои методиро оид ба пешгирӣ, ташхис, табобат ва назорати бемории диабети қанд таҳия ва қабул мекунад;
- корҳои илмию тадқиқотиро дар мавзуи бемории диабети қанд ҳамоҳанг ва маблағгузорӣ мекунад;
- бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ низоми мониторинг ва назорати сифати хизматрасонии тиббию иҷтимоии муассисаҳои пешгирию табобатии бемории диабети қанд, фаъолияти озмоишгоҳҳо, усулҳои ташхис, табобат ва худназоратии онҳоро ба роҳ мемонад;
- дастурҳои методии роҳбарикунандаро оид ба пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории диабети қанд тасдиқ менамояд;
- Феҳристи давлатии беморони диабети қандро пеш мебарад.
3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи пешгирии бемории диабети қанд, ҳимояи тиббию иҷтимоии беморони диабети қанд иштирок карда, оид ба ҳимояи иҷтимоии беморон тадбирҳо меандешад ва дар ин самт иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро таъмин менамояд.»;
- қисми 2 қисми 4 ҳисобида шавад.
5. Моддаҳои 2091 ва 2092 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Моддаи 2091. Корҳои маърифатӣ оид ба бемории диабети қанд
1. Корҳои маърифатӣ оид ба бемории диабети қанд аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб якҷо бо мутахассисони соҳаҳои дигар мунтазам гузаронида шуда, дар байни аҳолӣ ба роҳ мондани корҳои иттилоотонӣ вобаста ба пешгирии бемории диабети қанд ва ба беморони диабети қанд таълим додани истифодаи воситаҳои худназораткунӣ ва пешгирӣ аз оризаҳои диабети қандро дар бар мегиранд.
2. Корҳои маърифатӣ оид ба бемории диабети қанд андешидани тадбирҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
- нашр кардани маводди пешгирии бемории диабети қанд ва ташхиси барвақтӣ;
- интишори воситаҳои методологӣ барои беморони диабети қанд аз рӯйи асосҳои парҳезшиносӣ, худназораткунӣ ва пешгирии оризаҳои диабети қанд;
- ташкили барномаҳои телевизионӣ ва радио дар мавзуи бемории диабети қанд;
- интишори нашрияҳои махсуси даврӣ (рӯзнома, маҷалла) барои аҳолӣ доир ба бемории диабети қанд.
Моддаи 2092. Чораҳои ҳатмии пешгирӣ аз бемории диабети қанд
Чораҳои ҳатмии пешгирӣ аз бемории диабети қанд инҳо мебошанд:
- нигоҳ доштани вазн мувофиқи индекси вазни бадан;
- машқҳои мунтазами ҷисмонӣ на камтар аз 20 дақиқа дар як шабонарӯз;
- риояи истеъмоли ғизои солим;
- пешгирии омилҳои зидди тарзи ҳаёти солим ва назорати мунтазами вазъи саломатӣ.».
6. Дар қисми 1 моддаи 210:
- дар сархати дуюм калимаҳои «давлатӣ,» ва «тиббию санитарӣ» мувофиқан ба калимаҳои «давлатии» ва «махсусгардонидаи тиббӣ» иваз карда шаванд;
- ба сархати сеюм пас аз калимаи «иҷтимоӣ» калимаҳои «вобаста ба маҳали зист ё истиқомати доимӣ» илова карда шаванд;
- сархатҳои панҷум ва шашум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- омӯзиши асосҳои пешгирии оризаҳо ва назорати бемории диабети қанд;
- интихоби инсулин бо маслиҳати табиби табобаткунанда;».
7. Моддаи 2101 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 2101. Уҳдадориҳои бемори диабети қанд
Бемори диабети қанд уҳдадор аст:
- вазъи саломатии худро назорат ва беҳтар намояд;
- аз истеъмоли машруботи спиртӣ ва маҳсулоти тамоку худдорӣ намояд;
- ба мутахассиси тиб маълумоти дастрасро дар бораи вазъи саломатии худ, аз ҷумла маълумот дар бораи таъсири манфии доруҳои пештар истифодашуда, бемориҳои ирсӣ ва қаблан гузаронида пешниҳод намояд;
- ташрифи мунтазамро ба муассисаҳои тиббӣ риоя карда, дастурҳои тиббии муқарраршударо сари вақт ва пурра иҷро намояд.».
8. Дар қисми 3 моддаи 211:
- дар сархати якум пас аз калимаи «генноинженерӣ» аломат ва калимаҳои «, ҳаммонанди онҳо» илова карда шуда, калимаҳои «автоматонидашуда» ва «ва ҳамчунин ба навъи 2» мувофиқан ба калимаҳои «помпаҳои инсулинӣ» ва «, диабети қанди навъи 2» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта «.» иваз карда шавад;
- сархати сеюм хориҷ карда шавад.
9. Дар моддаи 212:
- ба қисми 3 сархатҳои чорум ва панҷум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- баланд бардоштани маърифати умумии иҷтимоӣ ва сатҳи огоҳии умумӣ оид ба масъалаҳои бемории диабети қанд;
- ташкили истироҳатгоҳҳои табобатӣ барои кӯдакон ва калонсолони бемори диабети қанд;»;
- қисмҳои 4 ва 5 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«4. Хизматрасонии иҷтимоӣ барои беморони диабети қанд, аз ҷумла маъюбон ва пиронсолоне, ки ба хизматрасонии иҷтимоии доимӣ ё муваққатӣ ниёз доранд, дар хона ва муассисаҳои будубоши доимӣ аз ҷониби кормандони хадамоти иҷтимоӣ тавассути пешниҳоди хизматҳои иҷтимоии хусусияти гуногундошта ба амал бароварда мешавад. Хизматрасонии иҷтимоӣ барои беморони диабети қанд бо мақсади таъмини шароити табиӣ барои мутобиқшавӣ ва барқарорсозӣ ё нигоҳдории доимии шароити муқаррарии зиндагии онҳо, расонидани кумак дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ, инчунин пешгӯӣ ва пешгирии чунин ҳолатҳо анҷом дода мешавад.
5. Хизматрасонии иҷтимоӣ ба беморони диабети қанд, ки бинобар сабаби пиронсолӣ, беморӣ, маъюбӣ ва ҳолатҳои дигари душвори зиндагӣ қобилияти нигоҳубини худро қисман аз даст додаанд, пешниҳод карда мешавад.».
10. Ба моддаи 213 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Ба кӯдакони бемории диабети қанд дар як сол як маротиба табобати ройгони санаторию курортӣ аз рӯйи нишондодҳои тиббӣ дар муассисаҳои санаторию курортии махсусгардонидашуда кафолат дода мешаванд.».
11. Дар моддаи 215:
- дар сархати чорум калимаҳои «як маротиба» ба калимаҳои «ду маротиба» иваз гардида, аломати нуқта ба аломати нуқта вергул «;» иваз карда шавад;
- сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- таъмини доругузаронӣ, ки хуруҷи заъфи гурдаро пешгирӣ менамояд.».
12. Моддаи 2161 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 2161. Маблағгузории чорабиниҳои ҳимояи тиббию иҷтимоии беморони диабети қанд
Чорабиниҳо оид ба амалисозии сиёсати давлатӣ ва иҷрои барномаҳои мақсадноки ҳимояи тиббию иҷтимоии беморони диабети қанд аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузории низоми давлатии тандурустӣ роҳандозӣ карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2276


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №187


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 10 июни соли 2026, №474


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХАЗИНАДОРӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» аз 2 январи соли 2020 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2020, № 1, мод. 20) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз сархати даҳуми моддаи 6 калимаҳои «ё коғазӣ» хориҷ карда шаванд.
2. Ба сархати дуюми моддаи 7 пас аз калимаҳои «ҳуҷҷати электронӣ» калимаҳои «ва имзои электронӣ» илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 19:
- аз сархати дуюми қисми 1 калимаҳои «намуда, дар ҳолати надоштани имконияти пешниҳоди ҳуҷҷати электронӣ бо имзои электронии рақамӣ, ба мақомоти хазинадорӣ нусхаи аслии ҳуҷҷатҳоро пешниҳод» хориҷ карда шаванд;
- аз сархати шашуми қисми 1 калимаҳои «намуда, дар ҳолати надоштани имконияти пешниҳоди ҳисоботи буҷетӣ ва молиявии даврӣ ва солона бо имзои электронии рақамӣ, ба мақомоти хазинадорӣ нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои ҳисоботиро пешниҳод» хориҷ карда шаванд;
- аз қисми 7 калимаҳои «ва коғазӣ» хориҷ карда шаванд.
4. Ба моддаи 20 қисми 9 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«9. Аз ҷониби мақоми марказӣ ва маҳаллии хазинадорӣ дар шакли коғазӣ қабул намудани ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатӣ, ҳисоботи буҷетӣ, молиявӣ, замимаҳо ба ҳисоботи молиявӣ ва тавзеҳномаҳо манъ аст.».
5. Аз қисмҳои 2 ва 3 моддаи 21 ва қисмҳои 1-4 моддаи 22 калимаҳои «ва коғазӣ», «ва ё коғазӣ» ва «ё қоғазӣ» хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2027 мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2289


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №201


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 11 марти соли 2026, № 364


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ САНОАТИИ ОБЪЕКТҲОИ ИСТЕҲСОЛИИ ХАТАРНОК»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок» аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 46; с. 2005, №12, мод. 648; с. 2007, №6, мод. 438; с. 2008, №6, мод. 456, №10, мод. 815; с. 2013, №12, мод. 897; с. 2020, №1, мод. 28; с. 2025, №5, мод. 516) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 5:
- дар сархати якум калимаҳои «таҳияи самтҳои асосии» ба калимаи «пешбурди» иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
2. Дар моддаи 7:
- дар сархати нуҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
3. Дар матни моддаи 10 калимаҳои «баландбардории дараҷаи» ба калимаи «такмили» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 1 моддаи 12:
- дар муқаддима ва минбаъд дар матни Қонун калимаи «ӯҳдадор» ба калимаи «уҳдадор» иваз карда шавад;
- аз сархати дуюм аломат ва калимаи «(литсензия)» хориҷ карда шаванд;
- дар сархати нуҳум калимаи «амали» ба калимаи «коршоямии» иваз карда шавад;
- дар сархати даҳум калимаҳои «мӯҳлати» ва «нишондоди бо тартиби муайяншуда» мувофиқан ба калимаҳои «муҳлати» ва «дастури бо тартиби муқарраргардида» иваз карда шаванд;
- сархати понздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- дастур ва амрномаҳои мақоми ваколатдор ва шахсони мансабдори онро вобаста ба таъмини бехатарии саноатӣ иҷро намояд;»;
- дар сархати шонздаҳум калимаи «нишондоди» ба калимаи «амрномаи» иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 16:
- дар қисми 3 калимаҳои «Қонуни мазкур таҳияи ҳатмии» ва «муқаррар менамояд» мувофиқан ба калимаҳои «Таҳияи» ва «ҳатмӣ мебошад» иваз карда шаванд;
- дар қисми 6 калимаи «мӯҳлати» ба калимаи «муҳлати» иваз карда шавад.
6. Дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 17 калимаи «амволи» ба калимаҳои «молу мулки» иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 18:
- аз қисми 1 калимаи «ҷории» хориҷ карда шавад;
- дар қисми 2:
- дар сархати якум калимаҳои «ба» ва «дароянд» мувофиқан ба калимаҳои «бе мамониат ба бинои» ва «ворид шаванд» иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои чорум ва панҷум калимаи «нишондодҳо» ба калимаи «амрнома» иваз карда шавад;
- дар сархати шашум калимаҳои «нишондодҳо» ва «мӯҳр» мувофиқан ба калимаҳои «дастур» ва «муҳр» иваз карда шаванд;
- аз сархати нуҳум калимаи «ҷории» хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2291


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №203


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 18 марти соли 2026, №385


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ МАИШӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» аз 19 марти соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 3, мод. 186; с. 2014, № 3, мод. 150; с. 2015, № 7-9, мод. 704; с. 2023, № 1-3, мод. 12) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддимаи Қонун ва сархати ҳафтуми моддаи 4 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 2:
- ба сархати якум пас аз калимаҳои «молҳои истеъмолӣ» калимаҳои «(маҳсулоти озуқаворӣ)» илова ва калимаҳои «маҳсулоти спиртдор» ба калимаҳои «нӯшокиҳои спиртӣ, маҳсулоти алкоголӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаи «низоми» ба калимаи «махзани» иваз карда шавад;
- дар сархати ёздаҳум калимаи «шӯъбаи» ба калимаи «шуъбаи» иваз карда шавад;
- дар сархати бистуҳаштум калимаи «овезаи» ба калимаи «ҳуҷҷати» иваз карда шавад;
- дар сархатҳои бистунуҳум ва сиюм калимаи «номгӯи» ба калимаи «махзани» иваз карда шавад.
3. Аз матни моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаи 6:
- дар сархати дуюм калимаҳои «таҳия ва тасдиқ намудани консепсия ва дурнамои давлатӣ» ба калимаҳои «тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ» иваз карда шаванд;
- сархати чорум хориҷ карда шавад.
5. Ба моддаи 7 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудаанд;».
6. Дар моддаи 11:
- дар қисми 1 калимаи «чорво» ба калимаи «ҳайвонот» иваз карда шавад;
- дар қисми 7 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои «ӯҳдадор», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадории», «ӯҳдадориҳояшон», «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадоранд» ва «мӯҳлати» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадор», «уҳдадориҳои», «уҳдадории», «уҳдадориҳояшон», «уҳдадориҳо», «уҳдадоранд» ва «муҳлати» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 14:
- дар қисми 3 калимаи «иҷозатдиҳанда» ба калимаи «иҷозатдиҳӣ» иваз карда шавад;
- дар қисми 6 калимаҳои «маводи истеъмолӣ» ба калимаҳои «молҳои истеъмолӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои 9 ва 16 калимаи «вазифадор» ба калимаи «уҳдадор» иваз карда шавад;
- дар қисми 11 калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти зиддиинҳисорӣ» ба калимаҳои «қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- дар қисми 15 калимаи «граждании» ба калимаи «мадании» иваз карда шавад;
- сархати якуми қисми 20 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- нӯшокиҳои спиртӣ, маҳсулоти тамоку ва алкоголӣ, оби ҷав;».
8. Дар моддаи 16:
- дар қисми 6 калимаи «молҳои» ба калимаи «маҳсулоти» иваз карда шавад;
- дар қисми 7 калимаҳои «тамоку, нӯшокиҳои спиртӣ, маҳсулоти алкоголӣ ва» ба калимаҳои «нӯшокиҳои спиртӣ, маҳсулоти тамоку ва алкоголӣ,» иваз карда шаванд.
9. Дар қисми 1 моддаи 19 калимаи «вазифадоранд» ба калимаи «уҳдадоранд» иваз карда шавад.
10. Дар қисми 1 моддаи 21 калимаҳои «санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти зиддиинҳисорӣ» ба калимаҳои «қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
11. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 22 калимаҳои «молҳои озуқаворӣ» ба калимаҳои «молҳои истеъмолӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2292


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №204


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 18 марти соли 2026, № 389


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» аз 1 августи соли 2003 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 465; с. 2025, № 6-10, мод. 365) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Аз сархати чоруми моддаи 5 калимаҳои «, ки қобили гирифтани иҷозатнома (литсензия) мебошанд» хориҷ карда шаванд.
2. Дар моддаи 6:
- сархати дуюми қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«таъмини бехатарии радиатсионӣ ва додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта барои фаъолият оид ба истифодаи манбаъҳои радиоактивӣ;»;
- қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ – Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ) буда, дорои ваколатҳои зерин мебошад:
сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ пеш мебарад ва кори мақомоти дигари давлатиро дар ин соҳа ҳамоҳанг месозад;
ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидоштаро барои фаъолият дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» медиҳад;
меъёрҳо, қоидаҳо, талабот ва дастурамалҳоро, ки ба таъмини бехатарии радиатсионӣ дар соҳаҳои тиб (ташхиси рентгенӣ, ташхиси радиоизотопӣ, тибби ядроӣ, муолиҷаи нурӣ), саноат (дефектоскопия, назорати ғафсӣ ва зичии мавод, стерилизатсияи мавод, калибровкакунӣ ва назорат), энергетика ва таҳқиқот (истифодаи энергияи атомӣ ва реакторҳои тадқиқотӣ), кишоварзӣ (шуоъдиҳии тухмиҳо, стерилизатсияи ҳашарот ва муайянкунии намнокӣ), нақлиёт ва амният (назорати борҳо, истифодаи радиоизотопҳо дар авиатсия ва кайҳон, детекторҳои муайянкунии қочоқ), илму маориф (истифодаи радиоизотопҳо) алоқаманд аст, тасдиқ менамояд;
иҷрои меъёр ва қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ ва шартҳои иҷозатдиҳиро назорат мекунад;
барои кормандоне, ки дар объектҳои истифодаи манбаъҳои афканишоти ионофар машғул мебошанд, талаботи тахассусӣ муқаррар менамояд.».
3. Дар қисми панҷуми моддаи 8 калимаи «танзимкунандаи» ба калимаи «ваколатдори» иваз карда шавад.
4. Дар матни моддаи 9 калимаҳои «мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 10:
- дар қисми дуюм калимаҳои «ба мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки идора, бозрасӣ ва назоратро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ анҷом медиҳанд,» ба калимаҳои «бо мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 13:
- дар қисми якум калимаҳои «мақомоти давлатие, ки танзимро дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ анҷом медиҳанд» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати якуми қисми дуюм калимаи «олудашавии» ба калимаи «олудагии» иваз карда шавад;
- аз қисми сеюм калимаҳои «давлатии» ва «(литсензиядиҳанда)» хориҷ карда шаванд.
7. Дар моддаи 19:
- дар қисми дуюм калимаҳои «мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар мақомотҳои салоҳиятдори» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақомоти дигари» иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои «мақомоти давлатии танзимкунандаи соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.
8. Дар қисми чоруми моддаи 21 калимаҳои «мақомоти ваколатдори назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.
9. Дар сархати чоруми моддаи 23 калимаҳои «мақомоти давлатии танзимкунанда дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2294


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №206


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 8 апрели соли 2026, №401


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» аз 28 июли соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод. 345; с. 2009, №5, мод. 327; с. 2010, №1, мод. 3; с. 2011, №12, мод. 848; с. 2013, №3, мод. 191; с. 2015, №11, мод. 971; с. 2016, №7, мод. 629, №11, мод. 884; с. 2019, №4-5, мод. 230, №6, мод. 324, мод. 325; с. 2021, №6, мод. 396; с. 2023, №11, мод. 477, №12, мод. 576; с. 2024, №5-6, мод. 268; с. 2025, №3-4, мод. 250, мод. 251) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархати дуюми қисми 1 моддаи 5 пас аз калимаҳои «зарарнок ба об» аломат ва калимаҳои «, пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишвории маъданӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо, ҷинсҳои битумӣ ва мумҳои маъданӣ» илова карда шаванд.
2. Ба қисми 1 моддаи 44 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар самти ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ки дар асоси санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор мегарданд, аз пардохт пурра озод карда мешаванд;».
3. Ба матни моддаи 48 пас аз калимаи «мешавад» аломат ва калимаҳои «, инчунин маводи воридшавандаи сӯзишвории маъданӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо, ҷинсҳои битумӣ ва мумҳои маъданӣ мебошанд» илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 49:
- матни модда қисми якум ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад ва ба ҷумлаи якум пас аз калимаи «пардохт» аломат ва калимаҳои «, ба истиснои муқаррароти қисми 2 моддаи мазкур,» илова карда шаванд;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишвории маъданӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо, ҷинсҳои битумӣ ва мумҳои маъданӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.».
5. Дар моддаи 50:
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Маблағи пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишвории маъданӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо, ҷинсҳои битумӣ ва мумҳои маъданӣ аз ҷониби пардохтсупорандагон ҳангоми воридоти маводи мазкур ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.»;
- қисмҳои 2, 3 ва 4 мувофиқан қисмҳои 3, 4 ва 5 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2293


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №205


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 8 апрели соли 2026, №399