Баргашт Чоп кардан

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ


Самараи якдилӣ дар рушди давлат ва беҳбудии зиндагии мардум
Имсол мардуми Тоҷикистон 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил менамоянд. Аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон (27-уми июни соли 1997) то имрӯз кишвари мо роҳи пуршарафи рушду созандагиро тай кардааст. Агар солҳои аввали баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Тоҷикистон бо мушкилоти зиёди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ рӯ ба рӯ буд, имрӯз он ба давлати рӯ ба рушд табдил ёфтааст. Ин ҳама натиҷаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон танҳо як санаи таърихӣ нест. Он асоси рушди иқтисодӣ, пешрафти иҷтимоӣ, таҳкими давлатдорӣ ва беҳтар шудани зиндагии ҳар як сокини кишвар мебошад. Ҳар як мактаби нав, беморхонаи замонавӣ, роҳу пул ва ҳар як корхонаи наве, ки имрӯз дар мамлакат фаъолият мекунад, самараи сулҳу ваҳдат аст.


САРМОЯГУЗОРӢ БА МАОРИФ – САРМОЯГУЗОРӢ БА ОЯНДАИ МИЛЛАТ
Пас аз барқарор шудани сулҳ, давлат ба рушди маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд, зеро ояндаи ҳар миллат аз сатҳи дониш ва маърифати ҷавонони он вобаста аст.
Солҳои соҳибистиқлолӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳазорҳо муассисаи таълимӣ сохта ва навсозӣ шуданд. Мактабҳои замонавӣ бо синфхонаҳои барҳаво, озмоишгоҳ, китобхона ва синфҳои компютерӣ таъмин гардиданд. Имрӯз ҳазорон хонанда дар шароити беҳтар аз гузашта таҳсил мекунанд.
Дар баробари ин, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои дақиқ ва технологияҳои иттилоотӣ зиёд гардид. Олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва барномаҳои давлатии дастгирии ҷавонони боистеъдод барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии насли наврас мусоидат мекунанд.
Имрӯз ҷавонони тоҷик на танҳо дар донишгоҳҳои ватанӣ, балки муассисаҳои бонуфузи хориҷӣ низ таҳсил намуда, дар рушди мамлакат саҳми худро мегузоранд.


КИШОВАРЗӢ – ЗАМИНАИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ
Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, қисми зиёди аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ ва фаъолият мекунад. Аз ин рӯ, рушди кишоварзӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум аҳамияти калон дорад.
Дар ин давра кишоварзӣ марҳалаи нави рушдро оғоз намуд. Бо дастгирии давлат ва татбиқи барномаҳои махсус ҳазорҳо гектар боғҳои нав бунёд гардида, гармхона ва хоҷагиҳои муосир таъсис ёфтанд.
Имрӯз деҳқонон аз усулҳои нави обёрӣ, техникаҳои муосир ва навъҳои серҳосили зироатҳо истифода мебаранд. Дар натиҷа, истеҳсоли мева, сабзавот, ғалладона ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст.
Фаровонии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои кишвар нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд. Ҳамчунин, қисми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот гардида, ба иқтисоди миллӣ даромади иловагӣ меорад.


САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА
Тоҷикистон ба татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръат диққати махсус медиҳад. Дар шаҳру ноҳияҳои гуногун корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис ёфта, иқтидори истеҳсолии кишвар меафзояд.
Корхонаҳои истеҳсоли хӯрокворӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ, доруворӣ ва дигар бахшҳо ҳазорҳо ҷойи нави кор таъсис додаанд. Ин раванд барои паст кардани сатҳи бекорӣ ва баланд гардидани даромади аҳолӣ мусоидат мекунад.
Энергетика яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Кишвари мо дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ аст ва имрӯз аз ин имкониятҳо самаранок истифода мебарад.
Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун бузургтарин иншооти стратегии кишвар барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ аҳамияти бузург дорад. Бо ба истифода додани агрегатҳои нави Неругоҳ истеҳсоли неруи барқ афзуда, имконияти таъмини аҳолӣ ва корхонаҳо бо барқи босифат беҳтар мегардад.


ИЛМ, ФАРҲАНГ ВА ВАРЗИШ – МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ
Дар баробари рушди иқтисодӣ, ба соҳаҳои илм, фарҳанг ва варзиш низ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Марказҳои илмӣ ва тадқиқотӣ барои рушди илм ва омода намудани мутахассисони баландихтисос фаъолият мекунанд.
Дар соҳаи фарҳанг даҳҳо қасри фарҳанг, китобхона ва марказҳои фарҳангӣ сохта шудаанд. Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва дигар ташаббусҳо барои баланд бардоштани маърифати ҷомеа мусоидат менамоянд.
Варзишгарони тоҷик низ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дастовардҳои назаррас ба даст оварда, Парчами давлатии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон баланд мебардоранд.


ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Имрӯз Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун кишвари сулҳҷӯ ва ташаббускор шинохта мешавад. Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии васеъ пайдо кардаанд.
Конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд, ки дар Душанбе баргузор мешаванд, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшанд.
Ҳамаи дастовардҳое, ки имрӯз дар Тоҷикистон дида мешаванд, дар фазои сулҳу ваҳдат ба даст омадаанд. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад, зеро маҳз ваҳдат кафили рушди устувори давлат, пешрафти иқтисод ва зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон аст.


Хуршед ТОЛИБОВ, «Ҷумҳурият»