Дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори ваҳдати миллӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд.
Дар он муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода ва дигарон баромад карданд.
Таъкид шуд, ки таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, "Ҷумҳурият"