Баргашт Чоп кардан

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАОРИФ»


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод.532; с.2014, №3, мод.156, №7, қ. 2, мод.422; с.2016, №3, мод.148, №7, мод.624; с.2017, №7-9, мод.581; с.2018, №5, мод.278; с.2020, №12, мод.912; с.2021, №12, қ. 2, мод.706; с.2022, №7, мод.447; с.2023, №11, мод.468; с.2024, №1-2, мод.20, мод.21, №3-4, мод.156, №5-6, мод.263, мод.264; с. 2025, №6-10, мод. 642; ҚҶТ аз 17.12.2025, №2228) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати сиюми моддаи 1 ва сархати чоруми қисми 1 моддаи 9 калимаҳои «мақомоти идоракунии маориф» ба калимаҳои «мақомоти давлатии идоракунии соҳаи маориф» иваз карда шаванд.
2. Ба сархати ҳаждаҳуми моддаи 1 пас аз калимаи «таълимӣ» калимаҳои «, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 8:
- ба қисми 10 пас аз калимаи «таълимӣ» калимаҳои «, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова карда шаванд;
- қисми 11 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«11. Назорати риояи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ амалӣ менамояд.».
4. Моддаҳои 17 ва 18 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 17. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ
1. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ зинаи таҳсилот буда, бо мақсади гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омӯхтани касбҳои коргарӣ аз рӯйи ихтисосҳои алоҳида ташкил карда мешавад. Шахс дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияташ ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дохил шуда, дар натиҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ соҳиби таҳсилоти ибтидоии касбӣ мегардад.
2. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 18. Таҳсилоти миёнаи касбӣ
1. Таҳсилоти миёнаи касбӣ зинаи таҳсилот, тарбия ва инкишофи шахсияти таълимгиранда мебошад, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ба роҳ монда шуда, ба онҳо шаҳрвандон метавонанд баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ дохил шаванд.
2. Таҳсилоти миёнаи касбӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.».
5. Дар моддаи 23:
- ба қисмҳои 11 ва 13 пас аз калимаҳои «соҳаи маориф» калимаҳои «ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова гардида, калимаи «менамояд» ба калимаи «менамоянд» иваз карда шавад;
- қисми 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«19. Тартиби қабул, бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва супоридани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва олии касбиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия ва тасдиқ менамоянд.».
6. Ба қисми 2 моддаи 31 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;».
7. Дар моддаи 33:
- ба сархатҳои сеюм, панҷум ва шашум пас аз калимаи «таълимӣ» калимаҳои «, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова карда шаванд;
- аз сархати ҳафтум калимаҳои «, ибтидоӣ, миёна» хориҷ карда шаванд;
- ба сархати ҳаштум пас аз калимаи «таҳсилот» калимаҳои «, ба истиснои стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова карда шаванд;
- ба сархати нуҳум пас аз калимаи «таҳсилот» калимаҳои «, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова карда шаванд;
- ба сархати даҳум пас аз калимаҳои «зинаҳои таҳсилот» калимаҳои «, ба истиснои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова карда шаванд;
- ба сархатҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум пас аз калимаи «маориф» калимаҳои «, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова карда шаванд;
- дар сархатҳои сездаҳум ва чордаҳум калимаҳои «муассисаҳои таълимӣ» ба калимаҳои «муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва олии касбӣ» иваз карда шаванд;
- ба сархати понздаҳум пас аз калимаи «таълимӣ» калимаҳои «, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова карда шавад;
- аз сархати шонздаҳум калимаҳои «муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ,» хориҷ карда шаванд;
- аз сархати бисту якум калимаҳои «ибтидоӣ, миёна,» хориҷ карда шаванд;
- ба сархатҳои бисту панҷум ва бисту ҳаштум пас аз калимаҳои «соҳаи маориф» калимаҳои «, ба истиснои кормандони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова карда шаванд;
- дар сархати бисту ҳафтум калимаҳои «мақомоти идоракунии маориф» ба калимаҳои «мақомоти давлатии идоракунии соҳаи маориф» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 34:
- аз сархати якум калимаҳои «ибтидоӣ, миёна,» хориҷ карда шаванд;
- ба сархати чорум пас аз калимаи «маориф» калимаҳои «ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова карда шаванд;
- ба сархати ҳаштум пас аз калимаи «маориф» калимаҳои «ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова карда шаванд.
9. Сархати шашуми моддаи 36 хориҷ карда шавад.
10. Ба қисми 2 моддаи 42 пас аз калимаҳои «соҳаи маориф» калимаҳои «ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова карда шаванд.
11. Дар моддаи 44:
- ба қисми 3 пас аз калимаҳои «соҳаи маориф» калимаҳои «, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова карда шаванд;
- ба қисми 4 пас аз калимаи «касбӣ» калимаҳои «, ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова карда шаванд;
- дар қисми 9 калимаҳои «мақомоти идоракунии маориф» ба калимаҳои «мақомоти давлатии идоракунии соҳаи маориф» иваз карда шаванд;
- дар қисми 10 калимаҳои «муайян мекунад» ба калимаҳои «ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар доираи ваколатҳои худ муайян мекунанд» иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 46:
- ба сархати сеюми қисми 1 пас аз калимаҳои «соҳаи маориф» калимаҳои «, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова карда шаванд;
- дар сархати панҷуми қисми 2 калимаҳои «масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба калимаҳои «масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» иваз карда шаванд.
13. Ба ҷумлаи чоруми қисми 3 моддаи 54 пас аз калимаҳои «дар соҳаи маориф» калимаҳои «ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова гардида, калимаи «менамояд» ба калимаи «менамоянд» иваз карда шавад.
14. Ба қисми 6 моддаи 58 пас аз калимаҳои «соҳаи маориф» калимаҳои «ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова карда шаванд.
15. Ба қисми 6 моддаи 64 пас аз калимаҳои «соҳаи маориф» калимаҳои «, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова карда шаванд.
16. Ба қисми 2 моддаи 65 пас аз калимаҳои «сохторҳои соҳаи маориф» калимаҳои «, ба истиснои зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, № 2277


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №190


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 11 феврали соли 2026, №334


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАРМОИШИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ» аз 31 декабри соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1016) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 аломат ва калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шаванд.
2. Ба сархати панҷуми моддаи 4 пас аз калимаи «давлатӣ» аломат ва калимаҳои «, ба истиснои шартномаҳои бевосита барои иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ» илова карда шаванд.
3. Моддаи 81 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 81. Шартномаҳои бевосита барои иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ
1. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории иҷтимоӣ ба субъектҳои соҳибкории иҷтимоӣ шартномаҳои бевосита барои иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатӣ пешниҳод карда мешаванд.
2. Субъектҳои соҳибкории иҷтимоӣ танҳо баъди ворид гардидан ба феҳристи субъектҳои соҳибкории иҷтимоӣ ҳуқуқи иҷрои фармоиши иҷтимоии давлатиро соҳиб мешаванд.».
4. Моддаи 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 12. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2279


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №191


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 18 марти соли 2026, №383


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» аз 18 марти соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 219; с. 2018, №5, мод. 281; с. 2019, №7, мод. 469; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 712) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаҳои 1, 11, 23 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои «рӯи», «шӯроҳои», «шӯрои», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадор», «ӯҳдадоранд» мувофиқан ба калимаҳои «рӯйи», «шуроҳои», «шурои», «уҳдадориҳои», «уҳдадор», «уҳдадоранд» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
- дар сархати сеюм калимаҳои «ташкилоти илмӣ ё муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ» ба калимаҳои «ташкилоти илмӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» иваз карда шаванд;
- сархати бисту чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- унвонҷӯйӣ – шакли инфиродии омода намудани кормандони илмии тахассуси олӣ бе ҷудо шудан аз истеҳсолот, ки берун аз аспирантура ва докторантура бо мақсади дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ё доктори илм амалӣ мегардад;».
3. Дар моддаҳои 3, 5, 13, 17, 20, 23 ва 25 калимаҳои «Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Академияи илмҳо» мувофиқан ба калимаҳои «Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва «Академияи миллии илмҳо» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 6:
- дар сархати нуҳум калимаҳои «низомнома оид ба» ба калимаи «низомномаи» иваз карда шаванд;
- сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- тасдиқи тартиби додан ва баҳисобгирии дараҷаҳои илмӣ барои диссертатсияҳои дорои маълумоти сирри давлатӣ;».
5. Дар моддаи 9:
- дар сархати дуюм калимаҳои «низомнома оид ба» ба калимаи «низомномаи» иваз карда шаванд;
- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби додан ва баҳисобгирии дараҷаҳои илмӣ барои диссертатсияҳои дорои маълумоти сирри давлатӣ;»;
6. Дар сархати шашуми моддаи 11 калимаи «унвони» ба калимаи «дараҷаи» иваз карда шавад.
7. Дар қисми 4 моддаи 18 калимаҳои «унвонҷӯии дараҷаи илмӣ» ба калимаи «унвонҷӯйӣ» иваз карда шаванд.
8. Дар сархати якуми моддаи 21 ва сархати ёздаҳуми моддаи 22 калимаҳои «муноқиз (оппонент)» ва «муноқизи илмӣ» ба калимаи «муқарриз» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2280


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»


Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №192


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ
ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»


Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 8 апрели соли 2026, №403


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НАФАҚАҲОИ СУҒУРТАВӢ ВА ДАВЛАТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» аз 12 январи соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №1, мод. 19; с. 2011, №3, мод. 175; с. 2012, №8, мод. 831, №12, қ. 1, мод. 1003; с. 2015, № 3, мод. 222; с. 2020, №7-9, мод. 611; с. 2021, №12, қ. 2, мод.714; с. 2025, №1, мод. 10) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 2 моддаи 3 калимаҳои «дахл дорад» ба калимаҳои «паҳн мегардад» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 5 калимаи «таҳиясозӣ» ба калимаи «таҳия» иваз карда шавад.
3. Моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 9. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъминоти нафақа
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъминоти нафақа мансубанд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа;
- тасдиқи дурнамо, консепсияҳо, стратегия ва барномаҳои соҳаи таъминоти нафақа;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
4. Дар моддаи 16:
- дар қисми 1 калимаҳои «бе ному нишон гумшуда» ва «бе ному нишон гум» мувофиқан ба калимаҳои «бедарак ғоибшуда» ва «бедарак ғоиб» иваз карда шаванд;
- дар сархати якуми қисми 2 калимаи «шӯъбаи» ба калимаи «шуъбаи» иваз карда шавад.
5. Дар сархати дуюми қисми 3 моддаи 17 калимаи «гузаштани» хориҷ ва калимаи «шӯъбаи» ба калимаи «шуъбаи» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 5 моддаи 18 калимаи «муқаррароти» ба калимаи «тартиби» иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 49:
- дар ном, қисмҳои 1, 2 ва 4 калимаҳои «Боздошти», «боздошта» ва «боздошти» мувофиқан ба калимаҳои «Нигоҳ доштан аз», «нигоҳ дошта» ва «нигоҳ доштан аз» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои «бозгардонидани» ва «боздошт шуда метавонад» мувофиқан ба калимаҳои «баргардонидани» ва «метавонад нигоҳ дошта шавад» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2281


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №193


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 14 апрели соли 2026, №414


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» аз 5 январи соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 2, мод. 24; с. 2023, №11, мод. 471) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолиро муайян мекунад.».
2. Дар матни Қонун калимаҳои «кӯмак», «кӯмаки», «ӯҳдадории», «ӮҲДАДОРИҲОИ», «ӯҳдадориҳо», «Ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадориҳои» ва «ӯҳдадоранд» мувофиқан ба калимаҳои «кумак», «кумаки», «уҳдадории», «УҲДАДОРИҲОИ», «уҳдадориҳо», «Уҳдадориҳои», «уҳдадориҳои» ва «уҳдадоранд» иваз карда шаванд.
3. Дар сархати якуми моддаи 4, қисми 3 моддаи 5 ва қисми 1 моддаи 6 калимаи «маҳаллӣ» ба калимаҳои «шаҳрак ва деҳот» иваз карда шавад.
4. Аз қисми 1 моддаи 7 калимаи «дар» хориҷ карда шавад.
5. Дар сархати якуми қисми 1 моддаи 10 калимаҳои «таъмин шудан бо» ба калимаи «таъмини» иваз карда шаванд.
6. Моддаи 211 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 211. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ мансубанд:
- пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ;
- тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ;
- муайян намудани тартиби хизматрасонии иҷтимоӣ, номгӯй ва намудҳои хизматҳои иҷтимоӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.».
7. Дар моддаи 22:
- аз сархати якум калимаҳои «таҳия ва» хориҷ карда шаванд;
- ба сархати сеюм пас аз калимаи «амалигардонии» калимаҳои «консепсия, стратегия ва» илова карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
8. Ба матни моддаи 23 пас аз калимаҳои «ҳокимияти давлатӣ» калимаҳои «дар амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ иштирок менамояд ва» илова карда шаванд.
9. Дар сархати якуми қисми 1 моддаи 26 калимаи «муҳофизати» ба калимаи «ҳифзи» иваз карда шавад.
10. Дар сархати сеюми моддаи 27 калимаи «амалиёте» ба калимаи «амале» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2282


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №194


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 14 апрели соли 2026, №418


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ШАХСОНИ МАЪЮБИЯТДОШТА
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии ҳамаи шахсони маъюбиятдоштаро муайян намуда, барои фароҳам овардани имконияти баробари ҷалби шахсони маъюбиятдошта ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳамгироии иҷтимоии онҳо равона карда шудааст.


БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) абилитатсия – маҷмуи чорабиниҳои тиббию педагогӣ ва иҷтимоию равондармонӣ бо мақсади пешгирӣ ва табобати ҳолатҳои патологии (ихтилолҳои) кӯдакони хурдсол, ки ҳанӯз ба муҳити иҷтимоӣ мутобиқ нашудаанд ва ҳолатҳои мазкур боиси маҳдуд гаштани имконияти онҳо барои таҳсил намудан, меҳнат кардан ва узви фаъоли ҷамъият будан мегарданд;
2) барномаи инфиродии абилитатсия ва тавонбахшии шахсони маъюбиятдошта – ҳуҷҷате, ки маҷмуи чорабиниҳо оид ба тавонбахшии тиббӣ, иҷтимоӣ ва касбии шахсони маъюбиятдоштаро дар бар гирифта, ба барқарорсозии қобилияти шахсони маъюбиятдошта, аз ҷумла кӯдакон барои амалӣ намудани намудҳои муайяни фаъолият равона шудааст;
3) воситаҳои техникии тавонбахшӣ – дастгоҳҳо, таҷҳизот, таъминоти барномавӣ, технологияҳои махсус, воситаҳои дигари ёридиҳанда, ки барои пурра ё қисман бартараф сохтан ва иваз намудан (ҷуброн кардан)-и маҳдудиятҳои фаъолияти ҳаётӣ пешбинӣ шудаанд;
4) дастрасӣ – хусусияти маҳсулот, дастгоҳҳо, таҷҳизот, хизматрасонӣ ва муҳити атроф, аз ҷумла воситаҳои нақлиёт ва муҳити иттилоотию коммуникатсионӣ, ки дастрасии бемамониатро барои шахсони маъюбиятдошта таъмин карда, ба онҳо имкон медиҳад, ки ҳуқуқҳои худро амалӣ намоянд ва баробар бо шахсони дигар дар ҷомеа ҷалб шаванд;
5) забони имову ишора – забони мустақил, ки аз ишораҳо иборат буда, ҳар яки он тавассути дастҳо якҷо бо имо ё ҳаракати даҳон, чашмон ва лабҳо, инчунин дар ҳамбастагӣ бо ҳолати бадан анҷом дода мешавад;
6) иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон – иттиҳодияҳои ихтиёрии шаҳрвандон, ки аксарияти аъзои онро шахсони маъюбиятдошта (намояндагони қонунии онҳо) ташкил медиҳанд ва мақсади оинномавии онҳо амалӣ намудани чораҳо оид ба таъмини имкониятҳои баробари ҷалби шахсони маъюбиятдошта дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ баробар бо шахсони дигар мебошад;
7) маъюбият – дараҷаи маҳдудияти фаъолияти ҳаётии инсон дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм;
8) маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ – аз ҷониби шахс пурра ё қисман аз даст додани қобилият ё имконияти худхизматрасонӣ, мустақилона ҳаракат кардан, самтёбӣ, муошират, назорат кардани рафтори худ, таҳсил кардан ва ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудан, инчунин пешбурди фаъолияти синнусолӣ;
9) табъиз аз рӯйи аломатҳои маъюбият – ҳама гуна тафриқа, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ, ки дар асосҳои воқеӣ ва (ё) эҳтимолӣ нисбат ба шахсони маъюбиятдошта ба вуҷуд омада, ба аломатҳои маъюбият ва вазъи саломатӣ асос меёбад;
10) тавонбахшӣ – маҷмуи чораҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва касбие, ки барои пурра ё қисман барқарор сохтани қобилияти шахсони маъюбиятдошта барои фаъолияти маишӣ, ҷамъиятӣ ва касбӣ, ба даст овардани мустақилияти моддӣ ва ҳамгироии иҷтимоии онҳо ба ҷомеа равона шудаанд;
11) шахси маъюбиятдошта – шахсе, ки дорои ихтилоли устувори ҷисмонӣ, рӯҳӣ, зеҳнӣ ё ҳиссиётӣ буда, ҳангоми рӯбарӯ шудан (бархӯрд) бо монеаҳои гуногун ин нуқсонҳо метавонанд ҷалби пурра ва самараноки ӯро дар ҷомеа дар баробари шахсони дигар халалдор намоянд. Мафҳумҳои «шахси маъюбиятдошта» ва «маъюб» ҳаммаъноянд;
12) экспертизаи тиббию иҷтимоӣ – бо тартиби муқарраргардида бо назардошти арзёбии умумии ҳолати организм муқаррар намудани маъюбӣ, сабабҳо, давомнокӣ, вақти фарорасии он, дараҷаи гум кардани қобилияти корӣ ва муайян намудани эҳтиёҷоти шахси ташхисшаванда ба тавонбахшӣ;
13) ҳамгироии иҷтимоии маъюбон – раванди шомил кардани маъюбон ба ҷомеа, фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои иштироки онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёт;
14) ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта – маҷмуи чораҳои аз тарафи давлат кафолатдодашудаи ҳуқуқӣ ва чораҳои дастгирии иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта, ки барои муҳайё сохтани имкониятҳои баробари иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ равона карда шудаанд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмин намудани ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дошта, маъюбияти онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, паҳн мегардад.
Моддаи 4. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар самти таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) қонуният;
2) инсондӯстӣ;
3) риояи ҳуқуқҳои инсон;
4) манъи табъиз аз рӯйи аломатҳои маъюбӣ;
5) ҷалби пурра, самаранок ва ҳамгироӣ ба ҷомеа;
6) баробарии имкониятҳо;
7) дастрасӣ;
8) эҳтироми қобилиятҳои инкишофёбандаи кӯдакони маъюб ва эҳтироми ҳуқуқҳои онҳо барои ҳифз намудани шахсияти худ.
Моддаи 5. Воситаҳои муошират
1. Муошират истифодаи нутқи забонӣ, забони имову ишора, матнҳо, алифбои Брайл, муоширати тактилӣ, ҳарфҳои калон, воситаҳои мултимедиявии дастрас, ба монанди маводди чопӣ, воситаҳои савтӣ (овозӣ), забони маъмулӣ, қироаткунандаҳои матн, инчунин тарзу усулҳо ва шаклҳои тақвиятдиҳанда ва алтернативии муошират, аз ҷумла технологияи иттилоотию коммуникатсионии дастрасро дар бар мегирад.
2. Барои шахсони дорои ихтилоли шунавоӣ ба сифати воситаҳои муошират воситаҳои махсуси техникӣ барои дарки шунавоӣ (шинондани узви маснуии шунавоӣ, дастгоҳҳои баландкунандаи овоз) ва (ё) воситаҳои дидашавандаи (визуалии) иттилоот дар раванди муошират (субтитр, нутқи хаттӣ, тарҷума ба забони имову ишора) истифода мешаванд.
3. Барои шахсони дорои ихтилоли биноӣ воситаҳои муошират истифодабарии алифбои Брайл, муоширати тактилӣ, ҳарфҳои калонҳаҷм, сабти овозӣ ва воситаҳои дигари таъминкунандаи дастрасии иттилоотро дар бар мегиранд.
Моддаи 6. Забони имову ишора
1. Давлат забони имову ишораро ҳамчун воситаи муоширати байнишахсии ношунавоён эътироф мекунад. Забони имову ишораи тоҷикӣ забони имову ишорае аст, ки бо назардошти мансубияти миллӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфтааст.
2. Вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забони имову ишораро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
Моддаи 7. Корҳои маърифатию тарбиявӣ
Мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон ҷиҳати амалисозии корҳои маърифатӣ ва тарбиявӣ чунин тадбирҳо меандешанд:
1) баланд бардоштани маърифатнокии аъзои ҷомеа, аз ҷумла дар сатҳи оила оид ба масъалаҳои маъюбият ва мустаҳкам намудани эҳтироми ҳуқуқҳо ва шаъну шарафи шахсони маъюбиятдошта;
2) мубориза бо қолабҳои шахшуда, таассуб ва маросимҳои зараровар нисбати маъюбон, аз ҷумла бар асоси мансубияти ҷинсӣ ва синнусолӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт;
3) тарғиби иқтидор ва саҳми фаъоли маъюбон дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа;
4) ташкил ва гузарондани маъракаҳои ҷамъиятию маърифатӣ бо мақсади тарбияи дарки ҳуқуқҳои маъюбон, ташвиқи тасаввуроти мусбат дар бораи шахсони маъюбиятдошта ва мусоидат дар эътироф кардани малакаҳо ва қобилиятҳои онҳо;
5) дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва ҳамаи муассисаҳои таълимӣ тарбия намудани муносибати боэҳтиромонаи таълимгирандагон ба шахсони маъюбиятдошта.
Моддаи 8. Пешгирии маъюбият
1. Пешгирии маъюбият ё маъюбшавии аҳолӣ ин маҷмуи чораҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, беҳдоштӣ (гигиенӣ), педагогӣ, касбӣ ва чораҳои дигаре мебошад, ки ба паст кардани суръат ва дараҷаи вазнинии маъюбият нигаронида шуда, чорабиниҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
1) ташаккули тарзи ҳаёти солим;
2) пешгирии бемориҳое, ки боиси маъюбшавии аҳолӣ мегарданд;
3) беҳтар намудани шароити меҳнат ва ҳифзи меҳнат бо мақсади пешгирии маъюбшавӣ дар истеҳсолот, пешгирии бемориҳои касбӣ;
4) пешгирии осеббардории роҳу нақлиётӣ ва маишӣ;
5) андешидани чораҳои дигари муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар доираи салоҳияти худ бо мақсади омӯзиши сабабҳо, омилҳо ва шароите, ки боиси маъюбият мегарданд, чораҳо андешида, таҳлили сабабҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва сабабҳои дигари бемориҳоеро, ки боиси маъюбият мегарданд, анҷом медиҳанд.
Моддаи 9. Дастрасӣ
Бо мақсади барои шахсони дорои маъюбият фароҳам овардани имкониятҳо ҷиҳати амалӣ намудани ҳуқуқ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим ва иштирок дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёт тадбирҳои мувофиқ таҳия ва қабул карда мешаванд, ки ба баробар бо дигарон таъмин намудани дастрасии бемамониати шахсони маъюбиятдоштаро ба маҳсулот, дастгоҳҳо, таҷҳизот, хизматрасонӣ ва муҳити атроф, аз ҷумла воситаҳои нақлиёт ва муҳити иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин ба дигар объектҳо ва хизматрасоние, ки барои аҳолӣ ҳам дар шаҳрҳо ва ҳам дар деҳот пешниҳод мегарданд, равона шудаанд.


БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ТАЪМИНИ ҲУҚУҚҲО ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ ШАХСОНИ МАЪЮБИЯТДОШТА
Моддаи 10. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта мансубанд:
1) пешбурди сиёсати ягонаи давлатии таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта;
2) тасдиқи тартиби ҷорӣ намудани квотаи бо кор таъмин кардани шахсони маъюбиятдошта;
3) тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта;
4) таъсиси шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои шахсони маъюбиятдошта;
5) амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
Моддаи 11. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта дохил мешаванд:
1) амалисозии сиёсати давлатии иҷтимоӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта, аз ҷумла дар соҳаи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ;
2) ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилию методии мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта;
3) гузарондани экспертизаи тиббию иҷтимоӣ, муқаррар намудани маъюбияти шаҳрвандон ё қатъ намудани маъюбият, муайян кардани сабабҳо, давомнокӣ, вақти фарорасии маъюбӣ ва дараҷаи аз даст додани қобилияти корӣ;
4) қабули барномаҳои инфиродии тавонбахшии маъюбон ва таъмини иҷрои онҳо;
5) гузарондани корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию лоиҳавӣ ва таҳқиқоти сотсиологӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта;
6) омӯзиш ва гузарондани мониторинги сабабҳо, шароит ва ҳолати маъюбӣ;
7) ташкили такмили ихтисоси кормандоне, ки дар самти ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта фаъолият менамоянд, аз ҷумла кормандони экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ;
8) ташкили махзани марказонидашудаи иттилоотии маълумот оид ба шахсони маъюбиятдошта;
9) амалӣ намудани ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти дигари марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта
Мақомоти дигари марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта:
1) амалисозии сиёсати ягонаи давлатиро таъмин менамоянд;
2) корҳои илмию таҳқиқотиро ташкил намуда, барои гузарондани онҳо мусоидат менамоянд;
3) ҳангоми таҳияи барномаҳои давлатии соҳавӣ масъалаҳои таъмини ҳуқуқҳои маъюбон ва ҳамгироии иҷтимоии онҳоро ба инобат мегиранд;
4) мониторинг ва арзёбии иҷрои талаботи Қонуни мазкурро вобаста ба самтҳои мансуб ба салоҳияти онҳо таъмин менамоянд;
5) талаботи асосиро ба таҷҳизонидани ҷойҳои кори махсус барои бо кор таъмин намудани маъюбон муайян менамоянд;
6) оид ба таъмини илмию методӣ ва кадрии фаъолияте, ки ба амалишавии ҳуқуқҳои маъюбон ва ҳамгироии иҷтимоии онҳо нигаронида шудааст, чораҳо меандешанд;
7) ҳамкории байналмилалиро анҷом медиҳанд;
8) ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамоянд.
Моддаи 13. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи салоҳияти худ амалишавии сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта дар ҳудуди воҳиди дахлдори маъмурию ҳудудӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва санадҳои дигари қонунгузорӣ таъмин менамоянд.
Моддаи 14. Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои шахсони маъюбиятдошта
1. Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои шахсони маъюбиятдошта мақоми доимоамалкунанда ва машваратӣ буда, вобаста ба амалишавии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон масъул мебошад. Дар ин самт Шурои мазкур тадбирҳои зеринро таъмин менамояд:
1) ташвиқ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта;
2) ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ба иҷрои муқаррароти Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон, инчунин Қонуни мазкур равона карда шудаанд;
3) ташкил намудани таҳияи ҳисобот дар бораи чораҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани уҳдадориҳои худ аз рӯйи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон андешидашуда ва дар бораи пешрафтҳои бадастомада дар соҳаи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта.
2. Ба ҳайати Шуро намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон шомил карда мешаванд.
Моддаи 15. Омор ва ҷамъоварии маълумот
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор маълумоти заруриро оид ба шахсони маъюбиятдошта, аз ҷумла маълумоти оморӣ ва таҳқиқотиро ҷамъоварӣ менамояд. Ҷамъоварии маълумоти зарурӣ тавассути ҷорӣ намудани низоми электронии иттилоотӣ (рақамӣ) амалӣ карда мешавад.
2. Тартиби ташаккул ва пешбурди махзани маълумот, инчунин шаклҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ аз рӯйи ҳуқуқҳо ва ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти шахсони маъюбиятдошта, аз ҷумла оид ба дастгирии иҷтимоӣ ва пешгирии маъюбшавӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои маориф, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, нафақа ва мақомоти дигари марбута дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор муайян карда мешаванд.


БОБИ 3. ҲИФЗИ САЛОМАТӢ, АБИЛИТАТСИЯ ВА ТАВОНБАХШИИ ШАХСОНИ МАЪЮБИЯТДОШТА
Моддаи 16. Ҳифзи саломатии шахсони маъюбиятдошта
Шахсони маъюбиятдошта ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ доранд ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ барои таъмини дастрасии шахсони маъюбиятдошта ба хизматрасонии тиббӣ чораҳои заруриро меандешад. Ба шахсони маъюбиятдошта дар муассисаҳои давлатии тиббӣ ва иҷтимоӣ ба таври ройгон ё имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки тиббӣ расонда мешавад.
Моддаи 17. Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва муайян намудани маъюбии шаҳрвандон
1. Муқаррар намудани маъюбият, сабабҳо, давомнокӣ, вақти фарорасии маъюбият, дараҷаи аз даст додани қобилияти корӣ ва муайян намудани эҳтиёҷи шахсон ба ҳифзи иҷтимоӣ бо роҳи гузарондани экспертизаи тиббию иҷтимоӣ муқаррар карда мешавад.
2. Тартиби гузарондани экспертизаи тиббию иҷтимоиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
3. Таҳқиқоти илмӣ, илмию техникӣ ва клиникӣ, таҳияи дастурамалҳои методӣ оид ба масъалаҳои экспертизаи тиббию иҷтимоии маъюбон ва тавонбахшии онҳо аз ҷониби муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии мақоми ваколатдор дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ анҷом дода мешаванд.
Моддаи 18. Абилитатсия ва тавонбахшии шахсони маъюбиятдошта
1. Давлат барои ташаккул ва рушди раванди абилитатсия, ки пеш аз ҳама ба кӯдакони бо ихтилолҳои ҷисмонӣ ва ақлӣ таваллудшуда тааллуқ дорад, шароити мусоид фароҳам оварда, бо ин мақсад марказҳо ё шуъбаҳои махсуси абилитатсионӣ таъсис дода мешаванд.
2. Тавонбахшии шахсони маъюбиятдошта бо мақсади беҳтар намудани сифати зиндагии маъюбон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ноил шудан ва нигоҳ доштани мустақилияту соҳибихтиёрӣ, ҳаракати инфиродӣ, қобилиятҳои ҷисмонӣ, ақлонӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ, таъминоти маъюбон бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва маҳсулоти протезию ортопедӣ, инчунин ҷалби онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ амалӣ карда мешавад.
3. Cамтҳои асосӣ, мақсад ва вазифаҳои абилитатсия ва тавонбахшӣ дар Барномаи инфиродии абилитатсия ва тавонбахшии шахсони маъюбиятдошта муайян карда мешаванд. Барномаи мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
4. Таъминоти шахсони маъюбиятдошта бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва маҳсулоти протезию ортопедӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.


БОБИ 4. КАФОЛАТҲОИ ҲУҚУҚӢ, МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ ВА ИМТИЁЗҲО БАРОИ ШАХСОНИ МАЪЮБИЯТДОШТА
Моддаи 19. Ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта
Шахсони маъюбиятдошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба категория ва гурӯҳҳои маъюбият ба таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонии иҷтимоӣ, ҷубронпулӣ ва имтиёзу кафолатҳои дигари иҷтимоии давлатӣ ҳуқуқ доранд. Таъминоти ҳуқуқҳои шахсони мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 20. Таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шахсони маъюбиятдошта
1. Давлат таъмини ҳуқуқу озодиҳои шахсони маъюбиятдошта ва маҳдуд нашудани ҳуқуқҳои онҳоро аз рӯи аломатҳои маъюбӣ кафолат дода, баробар бо шахсони дигар барои амалишавии онҳо чораҳо меандешад. Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шахсони маъюбиятдошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби судӣ ва тартиби дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
2. Мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таъмин намудани инкишофи ҳаматарафаи кӯдакон ва занони маъюбиятдошта, беҳтар намудани вазъият ва имкониятҳои онҳо ҳамаи чораҳои заруриро меандешанд.
Моддаи 21. Ҳуқуқ ба таҳсил
1. Маъюбон бо тартиб ва меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ҳуқуқи гирифтани таҳсилро доранд. Низоми маориф барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти махсуси инфиродии таълимии ҳамаи таълимгирандагон шароити зарурӣ фароҳам меорад ва таҳсилоти фарогирро дар тамоми зинаҳои таҳсилот ва амалишавии барномаҳои таълимии таҳсилоти иловагиро таъмин менамояд.
2. Бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои тарбияи томактабии кӯдакони маъюбиятдошта ва ба онҳо расондани кумаки зарурии тавонбахшӣ дар муассисаҳои томактабӣ барои кӯдакони маъюбиятдошта шароит муҳайё карда мешавад.
3. Бо назардошти манфиатҳои беҳтарини кӯдакони маъюбиятдошта, вазъи саломатии онҳо ва шароити иҷтимоию иқтисодии оила барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти инфиродии тарбиявию таълимии кӯдакони дорои ихтилолҳои шунавоӣ, биноӣ, маъюбони дорои ихтилолҳои узвҳои такягоҳию ҳаракат муассисаҳои таълимии дорои шароити махсус (мактаб-интернатҳо, литсейҳо, коллеҷҳо ва ғайра) таъсис дода мешаванд.
4. Таҳсилоти касбии маъюбон (ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ) дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардонида мешавад.
5. Барои шахсони маъюбиятдоштае, ки ба шароити махсуси таълиму тарбия эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии махсуси касбии шаклу намудҳои гуногун таъсис дода мешаванд.
6. Маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки ба онҳо аз рӯйи хулосаи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ таҳсил намудан манъ карда нашудааст, ба муассисаҳои мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври имтиёзнок қабул карда мешаванд.
7. Тайёрии касбӣ ва таҳсилоти касбии шахсони маъюбиятдошта дар муассисаҳои таълимии махсуси касбӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таълимӣ, дар асоси барномаҳои таълимие, ки барои омӯзонидани маъюбон мувофиқ гардонида шудаанд, сурат мегирад.
Моддаи 22. Татбиқи ҳуқуқҳои меҳнатии шахсони маъюбиятдошта
1. Бо мақсади амалӣ намудани ҳуқуқ ба меҳнат давлат барои шахсони маъюбиятдошта шароит ва имкониятҳои баробари шуғл ва фаъолияти дигари меҳнатиеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, кафолат медиҳад. Тартиб ва шартҳои амалигардонии кафолатҳои давлатии таъмини шахсони маъюбиятдошта ба меҳнат тибқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
2. Дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба андозаи на камтар аз 3 фоизи шумораи умумии кормандон ба шахсони маъюбиятдошта барои ба кор қабул кардан квота муқаррар карда мешавад.
Моддаи 23. Табобати санаторию курортии шахсони маъюбиятдошта
Маъюбон дар асоси хулосаи муассисаи давлатии тандурустии ҷойи зист ба табобати ройгон ё имтиёзноки санаторию курортӣ дар муассисаҳои давлатии санаторию курортӣ, хона-истироҳатгоҳҳо, профилакторияҳо, пансионатҳо ва муассисаҳои дигари солимгардонӣ ҳуқуқ доранд. Таъмин намудани шахсони маъюбиятдошта ба табобати санаторию курортӣ бо қоидаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 24. Иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ, истироҳат ва машғул шудан ба варзиш
1. Давлат ҳуқуқи шахсони маъюбиятдоштаро барои иштироки баробар бо дигарон дар ҳаёти фарҳангӣ эътироф мекунад ва тамоми чораҳоро меандешад, ки шахсони маъюбиятдошта ба осори фарҳангӣ, барномаҳои телевизионӣ, филмҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, ба чунин ҷойҳои чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ё хизматҳо, ба монанди театрҳо, осорхонаҳо, кинотеатрҳо, китобхонаҳо, иншооти варзишӣ ва хизматрасонии сайёҳӣ, инчунин ба ёдгориҳо ва объектҳои дорои аҳаммияти миллию фарҳангӣ дастрасӣ дошта бошанд.
2. Асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодии таъмини фаъолият дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва истироҳати шахсони маъюбиятдоштаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 25. Иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ
Давлат ба шахсони маъюбиятдошта ҳуқуқҳои сиёсӣ ва имкони истифодаи онҳоро баробар бо дигарон кафолат медиҳад ва барои мустақиман ё тавассути намояндаҳое, ки озодона интихоб шудаанд, таъмини иштироки маъюбон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои доштани ҳуқуқ ва имконияти овоздиҳӣ ва интихоб шудан уҳдадор мешавад. Иштироки шахсони маъюбиятдошта дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 26. Хусусиятҳои таъминоти шахсони маъюб бо манзили истиқоматӣ
Масъалаи таъмини маъюбон бо манзили истиқоматӣ мутобиқи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
Моддаи 27. Озодии сухан ва дастрасӣ ба иттилоот
Ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта ба озодии сухан, нашр ва истифодаи воситаҳои ахбор баробар бо дигарон бо истифода аз ҳама шаклҳои муошират тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Моддаи 28. Дахлнопазирии ҳаёти шахсии маъюбон, эҳтироми онҳо дар оила ва ҷамъият
1. Дахлнопазирии ҳаёти шахсии маъюбон, новобаста аз маҳалли истиқомат ё шароити манзилӣ, махфияти маълумот дар бораи шахсият ва вазъи саломатии шахсони маъюбиятдошта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.
2. Давлат қонунгузории муассир ва стратегияҳо, аз ҷумла ба занон ва кӯдакон нигаронидашударо барои таъмини он қабул менамояд, ки ҳолатҳои истисмор, зӯроварӣ ва таҳқир нисбати шахсони маъюбиятдошта ошкор, тафтиш ва дар ҳолатҳои зарурӣ таъқиб карда шаванд.
3. Давлат барои аз байн бурдани табъиз нисбат ба маъюбон дар ҳама масъалаҳои марбут ба ақди никоҳ, оила, падарӣ, модарӣ ва муносибатҳои шахсӣ дар баробари шахсони дигар чораҳои муассир ва мувофиқ меандешад.
Моддаи 29. Фароҳам овардани шароит барои дастрасӣ ба бино ва иншооти иҷтимоӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ ва имтиёзҳои шахсони маъюбиятдошта
1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои дигар барои дастрасии бемамониати шахсони маъюбиятдошта (аз ҷумла маъюбоне, ки аз аробачаҳои маъюбӣ истифода мебаранд) ба иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ (истиқоматӣ, ҷамъиятӣ, биноҳои истеҳсолӣ, иншооти варзишӣ, мавзеъҳои истироҳат, муассисаҳои маданию маърифатӣ ва иншооту муассисаҳои дигар), инчунин барои истифодаи бемамониат аз нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, нақлиёти автомобилии байнишаҳрӣ ва ҳамаи намудҳои нақлиёти мусофирбарии шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ, воситаҳои алоқа ва иттилоот шароит фароҳам меоранд.
2. Маблағгузории хароҷоти марбут ба фароҳам овардани шароит барои дастрасии бемамониати шахсони маъюбиятдошта ба иншооти инфрасохтори муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, воситаҳои алоқа ва иттилоот аз ҳисоби соҳибмулкони онҳо амалӣ карда мешавад.
3. Бо пешниҳоди шаҳодатнома маъюбон барои рафтуомади ройгон дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ) ва истифодаи имтиёзноки хатсайрҳои маҳаллии нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ ҳуқуқ доранд.
4. Қоидаҳои таъмини маъюбон ба рафтуомади ройгон дар нақлиёти мусофирбарӣ ва тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон ё имтиёзноки хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
5. Маъюбони гурӯҳҳои I ва II ҳуқуқ ба имтиёзҳо оид ба пардохти ҳаққи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ (ба ғайр аз қувваи барқ ва гази табиӣ) ва телефон, инчунин имтиёзҳо ҳангоми ба моликияти шахсӣ харидани хонаи давлатии истиқоматиашонро ба андозаи 50 фоиз ва ҳуқуқи бе навбат ва ройгон гузарондани хатти телефон, барқ, газ ва оби нӯшокиро доранд.
6. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаву идораҳои дахлдори дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъюбон барои пардохти ҳаққи манзили истиқоматӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ имтиёзҳои иловагӣ муқаррар менамоянд.
Моддаи 30. Ҳуқуқи шахсони маъюбиятдошта ба таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
1. Шахсони маъюбиятдошта (намояндагони қонунии онҳо) бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии худ, расондани кумак ва хизматрасонӣ ба ҳамдигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис медиҳанд.
2. Мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дигар ҳуқуқ доранд намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбонро барои таҳия ва қабули қарорҳо, ки ба манфиати онҳо равона гардидаанд, ҷалб намоянд.


БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 31. Ҳамкориҳои байналмилалӣ
1. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти дигари марказии давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҳамкориро оид ба амалисозии Қонуни мазкур бо ташкилотҳои байналмилалӣ, давлатҳои хориҷӣ ва мақомоти дахлдори онҳо ба роҳ мемонанд.
Моддаи 32. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 33. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ. 1, мод. 834; с. 2020, №12, мод. 913) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2278


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №189


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюбиятдошта» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 6 майи соли 2026, №435


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии таҳсилоти ибтидоии касбиро муайян намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро, ки ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми омӯзиши касб, тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ равона карда шудаанд, танзим менамояд.


БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ – муайян кардани мақоми муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
2) аттестатсияи хатм – тартиби муқаррар намудани мутобиқати мазмун, сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
3) аттестатсияи давлатии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ – муайян кардани мутобиқати заминаи моддию техникӣ ва кадрии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба талаботи стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва мутобиқати фаъолияти муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба меъёрҳои муқарраршуда;
4) кормандони муҳандисию омӯзгорӣ (омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ) – шахсони дорои таҳсилоти касбӣ (ибтидоӣ, миёна ва олӣ), ки ба таълиму тарбияи хонанда дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ машғуланд;
5) мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ амалӣ мекунад ва ба раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, новобаста ба шакли фаъолият, роҳбарӣ менамояд;
6) муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ – муассисае, ки дар раванди таълим як ё якчанд барномаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро амалӣ намуда, таълим ва тарбияи хонандаро таъмин менамояд;
7) нақшаи таълимӣ – ҳуҷҷате, ки омӯзиши фанҳои таълимӣ ва тақсимоти солонаи онҳоро барои тамоми давраи таҳсил дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ муайян менамояд;
8) сифати таълим – тарзи ташкили дуруст ва самараноки раванди таълим, ки дар натиҷаи он шахс соҳиби таҳсилот мегардад;
9) сифати таҳсилот – маҷмуи нишондиҳандаҳои стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва талаботи давлатӣ;
10) стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ – маҷмуи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилот, моҳияту муҳлати таълим, ҳаҷми сарбории таълимӣ, сатҳи азхудкунии донишро аз тарафи хонандагон ифода намуда, талаботи асосӣ ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва баҳогузории сатҳи донишро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо назардошти дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ муайян мекунанд;
11) тахассус – дараҷаи касбие, ки дар раванди таҳсилоти ибтидоии касбӣ хонанда аз худ намуда, он бо ҳуҷҷати намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тасдиқ карда мешавад;
12) таҳсилоти ибтидоии касбӣ – зинаи таҳсилот буда, бо мақсади гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омӯхтани касбҳои коргарӣ аз рӯйи ихтисосҳои алоҳида ташкил карда мешавад. Шахс дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияташ ба муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дохил шуда, дар натиҷаи азхудкунии барномаҳои таълимӣ соҳиби таҳсилоти ибтидоии касбӣ мегардад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) хусусияти башардӯстона ва демократӣ доштани раванди таълим ва тарбия;
2) таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
3) дастрас будани таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
4) хусусияти дунявӣ доштани низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
5) хусусияти демократӣ доштани идораи низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
6) ҳавасмандгардонии маърифатнокшавии шахс ва инкишофи истеъдоди ӯ;
7) истифодаи имкониятҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ;
8) шарикии мунтазами таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо корфармоён.
Моддаи 4. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Вазифаҳои Қонуни мазкур иборатанд аз:
1) таъмини кафолати давлатии ҳуқуқи шахс ба таҳсил;
2) муҳайё намудани шароити мусоид барои азхудкунии барномаҳои таълимӣ;
3) фароҳам овардани заминаи ахлоқӣ ва тарзи ҳаёти солим;
4) тарбияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ;
5) тарбияи шахсияти дорои ҳисси масъулияти баланди шаҳрвандӣ;
6) дарки муносибати огоҳонаи шахс ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ.
Моддаи 5. Кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
1. Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва тайёрии касбӣ, давлат ба шаҳрвандоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ ё таҳсилоти миёнаи умумиро гирифтаанд, ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбиро кафолат медиҳад.
2. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ мутобиқи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати ройгон гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ дода мешавад, агар шаҳрванд сатҳи таҳсилоти мазкурро бори аввал гирад. Хонандагони ятим метавонанд ихтисоси дуюми таҳсилоти ибтидоии касбиро ройгон гиранд. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ илова ба фармоиши давлатӣ хонандагонро метавонанд бо тариқи шартнома (музднок) қабул намоянд.
3. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби озодонаи муассисаи таълимӣ, инчунин шаклҳои гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ кафолат дода мешавад.
4. Ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоии хонандагон ва кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмин карда мешаванд.
5. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тарғиб, таъсис ва фаъолияти сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва динӣ манъ аст.
Моддаи 6. Забони таҳсил
Забони таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.


БОБИ 2. НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
Моддаи 7. Сохтори низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз сохторҳои зерин иборат аст:
1) стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
2) барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
3) муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
4) шакл ва меъёри гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ, тартиби баҳодиҳӣ ва таъмини сифат дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
5) мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари тобеи он;
6) субъектҳои раванди таълиму тарбия.
Моддаи 8. Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
1. Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ амалӣ карда мешавад.
2. Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ иборат аст аз:
1) талаботи умумӣ ба стандартҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
2) талаботи умумӣ ба нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
3) талабот ба ҳадди ақалли ҳатмии мундариҷаи барномаҳои асосии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо назардошти талаботи стандартҳои салоҳияти ҳар як касб, ба шарти татбиқи онҳо, баҳодиҳии ҷамъбастии хатмкунандагон ва сатҳи омодагии онҳо;
4) муҳлати аз худ намудани барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
5) ҳаҷми ниҳоии сарбории таълимии таълимгирандагон.
Моддаи 9. Барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
1. Барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи шакл ба барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти умумӣ тақсим карда мешаванд, ки:
1) барои ноил гаштан ба татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилот, мунтазам баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва таҳсилоти таълимгирандагон, омодагии босифати онҳо чун кормандони соҳибтахассус равона карда шудаанд;
2) мундариҷаи таҳсилоти ибтидоии касбиро муайян менамоянд;
3) бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
2. Барномаҳои таълимии зерини таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ муттасил ва зина ба зина татбиқ карда мешаванд:
1) баъд аз гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ шаҳрвандон метавонанд таҳсилоти миёнаи умумиро мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ гиранд;
2) барномаи ягонаи якҷояшудаи таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) бо муҳлати таҳсил 2 сол;
3) таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) бо муҳлати таҳсил 1 сол;
4) тайёрии касбӣ, таҳсилоти иловагии касбӣ, аз ҷумла бозомӯзӣ ва такмили ихтисос бо муҳлати таҳсил 1 сол.
3. Барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ зина ба зина таҳия мешаванд. Баробари ба охир расидани зинаи таҳсилот аттестатсияи хатм пешбинӣ шудааст, ки баъд аз супоридани он хонанда ҳуқуқи гирифтани ҳуҷҷати намунаи давлатиро дорад ва тибқи тахассуси дар давраи таҳсили ҳар як зина гирифтааш кор кунад.
Моддаи 10. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва намудҳои он
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ, ғайридавлатӣ, муштарак ва байналмилалӣ фаъолият менамоянд.
2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолияти худро дар намудҳои зерин амалӣ месозанд:
1) литсейҳои касбию техникӣ;
2) литсейҳои касбӣ;
3) литсейҳои махсуси касбӣ;
4) марказҳои касбомӯзӣ;
5) комбинатҳои таълимию истеҳсолӣ;
6) марказҳои таълимии калонсолон;
7) марказҳои таълимии иҷтимоию соҳибкорӣ;
8) марказҳои таълимии назди корхона, муассиса ва ташкилотҳо;
9) муассисаҳои дигари тайёр намудани мутахассисоне, ки як ё якчанд барномаи таҳсилоти ибтидоии касбиро амалӣ менамоянд.
Моддаи 11. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, аттестатсияи давлатӣ ва аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешаванд.
2. Иҷозатномадиҳии фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аттестатсияи давлатӣ ва аккредитатсияи давлатии онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 12. Муассис (муассисон)-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
1. Муассис (муассисон)-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонанд:
1) мақомоти давлатӣ;
2) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.
2. Муносибати байни муассис (муассисон) ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Моддаи 13. Оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
1. Оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз ҷониби муассис (муассисон) тасдиқ карда мешавад.
2. Дар оинномаи муассисаи таълимӣ ном, маҳалли ҷойгиршавӣ, мақоми муассисаи таълимӣ, вазъи ҳуқуқии муассисаи таълимӣ, муассис (муассисон), шакли ташкилию ҳуқуқӣ, филиал ва гурӯҳҳои таълимии мақсаднок, мақсадҳои раванди таълиму тарбия, шакл ва намудҳои барномаҳои татбиқшавандаи таълимӣ, сохтори фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии муассисаи таълимӣ ва тартиби идораи муассисаи таълимӣ нишон дода мешаванд.
Моддаи 14. Вазифаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ дар амалӣ намудани раванди таълиму тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории мутахассисон, фаъолияти касбӣ ва молиявию хоҷагидорӣ дар доираи меъёрҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассиса мустақил мебошанд.
2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ дар доираи фаъолияти худ вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:
1) тасдиқи қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимӣ;
2) тасдиқи ҷадвали солонаи таҳсил ва ҷадвали дарсҳо;
3) риояи талаботи иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълим;
4) дар раванди таълиму тарбия ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим;
5) гузаронидани аттестатсияи ҷорӣ ва аттестатсияи хатми хонандагон ва назорати сатҳи сифати таълим;
6) амалӣ намудани такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, устоҳои таълими истеҳсолӣ ва кормандони дигари муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) таъмин намудани барӯйхатгирӣ, ҳифз ва нигоҳубини молу мулк, аз ҷумла таҷҳизоти таълимӣ;
8) андешидани тадбирҳо бо мақсади амалигардонии фаъолияти оинномавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сарчашмаҳои иловагии моддию техникӣ ва молиявӣ;
9) тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим дар байни хонандагон ва риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва бехатарӣ;
10) иҷро намудани вазифаҳои дигаре, ки оинномаи муассисаи таълимӣ пешбинӣ кардааст.
3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии ғайридавлатӣ ҳамчун қисми таркибии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ вазифаҳои дар моддаи мазкур пешбинишударо иҷро менамоянд.
Моддаи 15. Тартиби қабули хонандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Қабули хонандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 16. Ташкили раванди таълиму тарбия
1. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ раванди таълиму тарбия дар шакли зерин ташкил карда мешавад:
1) тибқи стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, стандартҳои таълимӣ, нақшаву барномаҳои таълимӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
2) дар асоси эҳтироми тарафайн миёни хонандагон, омӯзгорон ва кормандони дигар, истифода набурдани усулҳои зӯроварии ҷисмонӣ ва таъсири равонӣ;
3) таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии хонандагон, инчунин риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ;
4) назорат ва муайян намудани сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ бо роҳи ташкил намудани аттестатсияҳои ҷорӣ;
5) бо мақсади мустаҳкам намудани дониши назариявии хонанда ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ;
6) бо мақсади ташкили раванди таълиму тарбия таъсис додани кабинетҳои методӣ, нуқтаҳои хизматрасонии равоншиносӣ ва тиббӣ.
2. Аз иҷрои вазифаи асосӣ дур сохтани кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба корҳои кишоварзӣ ва корҳои дигари ба таълиму тарбия новобаста, ба истиснои ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, манъ аст.
3. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз тарафи хонандагон истифодаи телефони мобилӣ манъ аст.
4. Ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ омадани хонандагон бо воситаҳои нақлиёти механикӣ манъ аст.
Моддаи 17. Шаклҳои гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ
1. Хонандагон барномаҳои касбии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро метавонанд дар шаклҳои рӯзона, ғоибона (фосилавӣ), шабона ва экстернат аз худ намоянд.
2. Номгӯйи касбҳое, ки аз рӯйи онҳо гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шакли экстернат иҷозат дода намешавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
3. Ҳамаи шаклҳои гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи барномаи мушаххаси таълимӣ дар доираи стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ анҷом дода мешавад.
4. Хонандагоне, ки дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии аккредитатсияи давлатӣ надошта таҳсил намуда, нишондодҳои барномаҳои таълимиро аз худ кардаанд, барои супоридани аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии аккредитатсияи давлатӣ дошта ҳуқуқ доранд.
5. Ба хонандагоне, ки таҳсилро тибқи барномаҳои таълимии касбии таҳсилоти ибтидоии касбӣ хатм намудаанд ва аз аттестатсияи хатм гузаштаанд, дар хусуси сатҳи дахлдори таҳсил ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дода мешаванд.
6. Шахсоне, ки ҳуҷҷати намунаи давлатии таҳсилоти ибтидоии касбиро соҳиб гардидаанд, метавонанд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилро дар зинаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ идома диҳанд.


БОБИ 3. НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
Моддаи 18. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ мансубанд:
1) пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
2) тасдиқи консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
3) тасдиқи низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
4) маблағгузории рушди соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ;
5) тасдиқ намудани ҳуҷҷати намунаи давлатии зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
6) тасдиқи стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
7) тасдиқи таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо (касбҳои коргарӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) муайян ва тасдиқ намудани тавсифномаҳои тахассусии талабот ба кормандони муҳандисию омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
9) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 19. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ:
1) амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
2) муайян намудани тамоюли рушди таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нақшабандии он мутобиқи талаботи бозори меҳнат;
3) ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намудани роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии сохтори худ;
4) бо пешниҳоди роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намудани муовинони онҳо ва сармуҳосиб;
5) тасдиқ намудани стандартҳои таълимӣ, нақша ва барномаҳои таълимии касбу ихтисосҳои зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
6) таҳия ва тасдиқи низомномаи аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
7) таҳия ва тасдиқи тартиби қабули хонандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
8) таҳия ва тасдиқи нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
9) ба имзо расонидани шартномаҳои байналмилалии дорои хусусияти байниидоравӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10) таҳияи нақшаи дурнамои тайёр намудани кадрҳои коргарӣ;
11) амалӣ намудани нашри китобҳои дарсӣ ва тайёр кардани воситаҳои аёнии таълим;
12) таъмини иштироки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ дар таҳияи барномаҳои давлатии касбию техникӣ;
13) тасдиқ ва назорати иҷрои барномаҳои рушди муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
14) тибқи тартиби муқарраршуда гузаронидани аттестатсияи ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони муҳандисию омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
15) таҳияи таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо (касбҳои коргарӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
16) таҳия ва тасдиқи дастурамали ҷорӣ намудани методологияи таълим дар асоси салоҳият дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
17) тасдиқи тартиби гузаронидани баҳодиҳии муқаддимавӣ, миёнамуҳлат ва ҷамъбастии салоҳиятҳои хатмкунандагон, баҳодиҳии ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
18) ташкили ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ, корфармоёни соҳавӣ дар омӯзиши талаботи тахассусӣ дар бозори меҳнат;
19) ҷамъоварии маълумоти омори давлатӣ ва маводди дигар оид ба ҳолати таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
20) амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
21) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 20. Ваколатҳои мақомоти давлатие, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ доранд
Мақомоти давлатие, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ доранд, дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
1) ба мансаб таъин ва озод намудани роҳбарони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муовинони онҳо ва сармуҳосиб;
2) таъмин намудани раванди таълиму тарбия тибқи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии сохтори худ;
3) таҳияи стандарти таълимӣ (касбӣ), нақшаю барномаҳои таълимӣ, адабиёти таълимӣ ва пешниҳод намудан барои тасдиқ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
4) маблағгузории фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии сохтори худ;
5) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 21. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дохил мешаванд:
1) иштирок дар маблағгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ ва таҳкими заминаи моддию техникии онҳо тибқи меъёрҳои муқарраргардида;
2) таъмини ҳифзи иҷтимоии хонандагон ва кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
3) дастгирии молиявии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар доираи имкониятҳои буҷети маҳаллӣ;
4) амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 22. Назорати давлатии сифати таҳсилоти ибтидоии касбӣ
1. Назорати давлатии сифати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба таъмини сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисон, истифодаи дурусти маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои маблағгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҷудо шудаанд, равона карда мешавад.
2. Назорати давлатии сифати таҳсилоти ибтидоии касбиро мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм тибқи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
Моддаи 23. Идоракунии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
1. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимӣ идора карда мешавад.
2. Роҳбарии умумии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатиро шурои муҳандисию омӯзгорӣ ва роҳбарии бевоситаро директор иҷро мекунад.
3. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ раванди таълим, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва фаъолияти дигарро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиннома амалӣ менамояд.
4. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии ғайридавлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисии онҳо идора карда мешаванд.
5. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии ғайридавлатӣ бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ баробарҳуқуқ буда, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.


БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
Моддаи 24. Субъектҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ
Ба субъектҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дохил мешаванд:
1) хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
2) кормандони муҳандисию омӯзгорӣ (омӯзгорон, устоҳои таълими истеҳсолӣ, мураббиён ва кормандони дигар, ки раванди таълим ва тарбияро амалӣ менамоянд);
3) кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
4) падару модарон (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и хонандагон;
5) намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои касаба, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар, ки дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ иштирок мекунанд.
Моддаи 25. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ
1. Хонандагон ҳуқуқҳои зерин доранд:
1) хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатие, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, баъди анҷоми таҳсил ҳуқуқи гирифтани таҳсилотро дар зинаи минбаъдаи таҳсилот доранд ва метавонанд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии дигаре, ки иҷрои барномаҳои таълимии ба ҳамон сатҳ ва тахассус мувофиқро таъмин мекунанд, гузаранд;
2) ба стипендия, ёрдампулӣ, хизматрасонии тиббӣ ва солимгардонӣ, инчунин дастгирии дигари моддие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
3) ҳангоми таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ (касбӣ) бо тартиби муқарраргардида бо ҷойи кор, шароити бехатари меҳнат ва дар асоси шартнома оид ба тайёр намудани кадрҳо бо музди меҳнат;
4) хонандагоне, ки дар асоси шартнома таҳсил менамоянд, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳҳои таҳсили ройгон гузаранд;
5) ҳуқуқҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
2. Хонандагон уҳдадориҳои зерин доранд:
1) интизоми таълим, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро риоя намоянд;
2) донишҳои назариявию амалӣ омӯзанд ва маҳорати касбиро аз рӯйи ихтисоси интихобнамуда ба даст оранд;
3) дар муҳлати муқарраргардида талаботи дар нақша ва барномаҳои таълимӣ пешниҳодшударо иҷро намоянд;
4) уҳдадориҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
3. Давраи таҳсили хонандагон дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии шакли рӯзона ба собиқаи умумии корӣ ва муттасили меҳнатӣ дохил мешавад.
4. Кормандони муҳандисию омӯзгорӣ ҳуқуқҳои зерин доранд:
1) иштирок дар идораи муассисаи таълимӣ, ҳифзи шаъну эътибори касбии худ, таъмини шароити зарурӣ барои фаъолияти касбӣ, такмили ихтисос бо тартиби муқарраргардида, ташаббуси омӯзгорӣ ва паҳн намудани таҷрибаи худ, интихоби озодонаи шакл, усул ва тарзҳои самараноки таълим;
2) интихоби озоди истифодаи усули таълиму тарбия, дастурҳои таълимию методӣ, мавод, китоб ва усулҳои баҳодиҳии дониши хонанда;
3) ҳуқуқҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
5. Сарбории таълимии корманди муҳандисию омӯзгории муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар шартнома (қарордод)-и меҳнатӣ нишон дода шудааст, бо ҳадди ниҳоии муайяннамудаи шакл ва намуди дахлдори муассиса маҳдуд карда мешавад.
6. Уҳдадориҳои кормандони муҳандисию омӯзгорӣ:
1) таъмини татбиқи сифатнокии стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ташаккули сифатҳои ахлоқию эстетикӣ ва шаҳрвандӣ, истифодаи усулҳои муосир, самаранок ва модулии таҳсилоти касбӣ, ки ба методологияи таълим дар асоси салоҳият асос меёбад;
2) риояи оиннома ва қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимӣ;
3) таъмини аз худ намудан ва иҷрои барномаҳои таълимӣ дар сатҳи ҳатмии талаботи давлатӣ аз тарафи хонандагон;
4) риояи одоб ва ахлоқи омӯзгорӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва шаъни хонанда;
5) ҳифзи хонандагон аз шаклҳои гуногуни зӯроварии ҷисмонию равонӣ, амалӣ намудани корҳои маърифатию фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, истеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва машрубот;
6) уҳдадориҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
7. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба фаъолияти муҳандисию омӯзгорӣ он шахсоне машғул шуда метавонанд, ки дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ё таҳсилоти олии касбӣ, малакаҳои зарурии касбӣ ва тахассус аз рӯйи ихтисос, тайёрии амалии касбӣ бошанд, инчунин шахсоне, ки дар соҳаҳои иқтисодиёт таҷрибаи кории истеҳсолӣ ва сифатҳои баланди ахлоқӣ дошта бошанд.
8. Ба кормандони муҳандисию омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар раванди таълим истифода бурдани телефонҳои мобилӣ манъ аст, ба истинои истифодаи таҷҳизоте, ки дар раванди рақамикунонии таҳсилот барои мақсадҳои таълимӣ истифода мешаванд.
9. Муносибатҳои меҳнатии кормандони муҳандисию омӯзгорӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
10. Давлат барои кормандони муҳандисию омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ на камтар аз як маротиба дар се сол такмили ихтисоси ройгонро кафолат медиҳад.
11. Такмили ихтисоси кормандони муҳандисию омӯзгорӣ аз ҳисоби маблағи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ низ анҷом дода мешавад.
12. Такмили ихтисоси кормандони муҳандисию омӯзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии ғайридавлатӣ аз ҳисоби маблағҳои муассис (муассисон) ва манбаъҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
13. Таълим ва бозомӯзии касбии шаҳрвандони бешуғл ва калонсол дар литсейҳои касбӣ (техникӣ), марказҳои таълимии калонсолон ва марказҳои таълимии иҷтимоию соҳибкорӣ бо тариқи ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат вобаста ба талаботи бозори меҳнат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
14. Талабот ба кормандони муҳандисию омӯзгорӣ ба воситаи тавсифномаҳои тахассусӣ муайян карда мешавад.
15. Бо мақсади такмили фаъолияти муҳандисию омӯзгорӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, таъмини мутобиқати онҳо бо мансаби ишғолкарда, ҳавасмандгардонии рушди сатҳи касбӣ, такмили сифат ва самаранокии кор мунтазам дар се сол як маротиба аттестатсияи кормандони низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ гузаронида мешавад.
16. Тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
17. Ба фаъолияти муҳандисию омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ шахсоне роҳ дода намешаванд, ки ба онҳо ин фаъолият бо ҳукми суд, бо нишондодҳои тиббие, ки номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд ё ҳолатҳои дигари пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
18. Ҳуқуқҳои падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда):
1) барои фарзандонашон муассиса ва шакли таълимро интихоб намоянд;
2) дар кори мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ иштирок намоянд;
3) ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандон муроҷиат намоянд;
4) манфиатҳои қонунии фарзандони худро вобаста ба таълиму тарбия дар мақомоти давлатӣ ва суд ҳифз намоянд;
5) барои сифати пасти таълим ва мувофиқ набудани сатҳи таҳсили фарзандон ба стандарти давлатии таҳсилот, стандартҳо, нақша ва барномаҳои таълимӣ, ҳангоми ошкор гардидани чунин ҳолат аз тарафи комиссияи босалоҳият, баргардондани маблағи барои таҳсил супурдаи худро аз муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намоянд;
6) ҳуқуқҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
19. Уҳдадориҳои падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда):
1) барои сиҳатии ҷисмонӣ ва равонии фарзанд пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба муассисаи таълимӣ омода ва барои инкишофи қобилияташ шароити зарурӣ муҳайё созанд;
2) ба фарзандон барои гирифтани таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ мусоидат намуда, дар хона шароити мусоид муҳайё созанд;
3) бо раванди таълиму тарбия, мазмуну давомоти таҳсилот ва сатҳи дониши фарзандонашон шинос шаванд;
4) уҳдадориҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.


БОБИ 5. ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБИИ ШАХСОНЕ, КИ БО ҲИФЗИ МАХСУСИ ИҶТИМОӢ ТАЪМИН КАРДА МЕШАВАНД
Моддаи 26. Категорияи шахсоне, ки бо ҳифзи махсуси иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд
Ба шахсоне, ки мутобиқи Қонуни мазкур бо ҳифзи махсуси иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд, инҳо дохил мешаванд:
1) маъюбон, ятимон ва ноболиғоне, ки бе сарпарастии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) мондаанд;
2) хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии махсус;
3) муҳоҷирони иҷборӣ, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд.
Моддаи 27. Таъмини таҳсили маъюбон
Давлат ба маъюбон мутобиқи хоҳиши онҳо ва тавсияномаҳои меҳнатии комиссияи экспертии тиббию меҳнатӣ имтиёзро барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ барои омӯхтани касб кафолат дода, шароити таълимиро барои онҳо мутобиқ ва фароҳам меорад.
Моддаи 28. Таъмини ҳуқуқи ятимон, ноболиғони бе сарпарастии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) монда ва муҳоҷирони иҷборӣ, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳсил менамоянд
1. Давлат ба ятимон, ноболиғони бе сарпарастии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) монда ва муҳоҷирони иҷборӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ имтиёз медиҳад.
2. Дар давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ, давлат хароҷоти иловагиро барои таълим ва таъмини онҳо ба зимма мегирад.
Моддаи 29. Таъмини ҳуқуқи хонандагони литсейҳои махсуси касбӣ
1. Барои шахсоне, ки ба шароити махсуси таълимӣ эҳтиёҷ доранд, литсейҳои махсуси касбӣ таъсис дода мешаванд.
2. Давлат мутобиқи ихтисоси литсейҳои махсуси касбӣ ба хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии махсус ҳуқуқи идома додани таҳсилоти миёнаи умумӣ ё таълими касбиро кафолат медиҳад.
3. Шахсоне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии махсус ба гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ фурсат наёфтаанд, барои давом додани таҳсил дар курси дахлдори муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ ҳуқуқ доранд.
Моддаи 30. Таълими наврасони маъюби дорои нуқсонҳои инкишофи ҷисмонӣ ва кӯдакони маъюб
1. Барои таълим, тарбия ва табобати наврасони маъюби дорои нуқсонҳои инкишофи ҷисмонӣ ва кӯдакони маъюб литсейҳои махсуси касбӣ таъсис дода мешаванд.
2. Хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии махсус дар таъминоти пурраи давлат мебошанд.


БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДӢ ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
Моддаи 31. Маблағгузории муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
1. Маблағгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Пардохти маблағи хизматрасонии муздноки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.
3. Манбаи асосии маблағгузории фаъолияти таълимию истеҳсолӣ ва хоҷагӣ, рушди иҷтимоии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ маблағҳои буҷети давлатӣ (маблағгузории сарикасӣ), корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, инчунин манбаъҳои дигар мебошад.
4. Маблағгузории муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ метавонад бо маблағҳои зерини ғайрибуҷетӣ пурра карда шавад:
1) даромади фаъолияти истеҳсолӣ;
2) хизматрасонии муздноки таълимӣ;
3) маблағи корфармоён;
4) маблағи сарпарастон;
5) маблағҳои эҳсонкорӣ;
6) манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
5. Тайёр намудани мутахассисон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии ғайридавлатӣ метавонад мутобиқи меъёрҳои давлатӣ аз лаҳзаи аккредитатсияи давлатӣ гирифтан ва ҳангоми мавҷуд будани фармоиши давлатӣ ҷиҳати тайёр намудани кадрҳо аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда шавад.
6. Маблағгузории тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон, хизматчиён ва шаҳрвандони бекор аз ҳисоби маблағи корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари манфиатдор, инчунин аз ҳисоби дигар маблағҳо анҷом дода мешавад.
Моддаи 32. Хизматрасонии муздноки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ
1. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ метавонанд ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таври шартномавӣ хизматрасонии иловагии муздноки таълимро аз рӯйи барномаҳои иловагии таҳсил, дарсомӯзӣ дар курсҳои махсус ва силсилаи фанҳо, машғулиятҳо бо хонандагон ба омӯзиши амиқи касбҳо ва хизматрасониҳои дигар, ки барномаҳои дахлдор ва стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ пешбинӣ мекунанд, расонанд.
2. Муносибати муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии ғайридавлатӣ ва хонанда, падару модари он (шахсони онҳоро ивазкунанда) ба воситаи шартнома, ки сатҳи таҳсилот, муҳлати таҳсил, ҳаҷми пардохти маблағи таҳсил ва шартҳои дигарро муайян мекунад, танзим карда мешавад.
3. Хизматрасонии таълимии шартномавӣ наметавонад ба ҷойи фаъолияти таълимӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, амалӣ гардад.


БОБИ 7. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБӢ
Моддаи 33. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ
1. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ мегардад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ мақоми мутамаркази тамоми сохторҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бахши ҳамкории байналмилалӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, давлатҳои хориҷӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқии хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраршуда дар мувофиқа бо муассис (муассисон) ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, давлатҳои хориҷӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқии хориҷӣ робита барқарор намоянд.
4. Таҳсил, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таҳсил, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳое, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба имзо мерасанд, дар мувофиқа бо муассис (муассисон) амалӣ карда мешавад.
Моддаи 34. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дорои ҳуқуқ ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бошанд, аз номи худ бо тарафи хориҷӣ дар мувофиқа бо муассис (муассисон) созишномаҳо банданд ва санадҳои дигарро ба имзо расонанд.
2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбие, ки бо фаъолияти иқтисодии хориҷӣ машғуланд, метавонанд дар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори миллӣ ва хориҷӣ суратҳисобҳо кушоянд.
3. Маблағе, ки аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ворид мешавад, дар ҳуқуқи идоракунии оперативии онҳо қарор мегиранд. Маблағи мазкур ба мақсади рушди муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таҳкими заминаи моддию техникии он, ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва кормандони дигари соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ истифода бурда мешавад.


БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 36. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» аз 22 апрели соли 2003, №21 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод. 151; с. 2007, №7, мод. 696; с. 2009, № 3, мод. 84; с. 2012, №7, мод. 718; с. 2014, №7 қ. 2, мод. 424; с. 2017, №7-9, мод. 582; с. 2021, №1-2, мод. 15) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 37. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2275


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №188


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2003, №810 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №3, мод. 94; с. 2007, №6, мод. 497; с. 2009, №3, мод. 142; с. 2012, №5, мод. 369; с. 2014, №6, мод. 294; с. 2017, №7-9, мод. 625; с. 2020, №12, мод. 1036) аз эътибор соқит дониста шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 25 феврали соли 2026, №343


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР»
Моддаи 1. Ба қисми 2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» аз 25 декабри соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, № 12, қ. 1, мод. 1115; с. 2017, № 7-9, мод. 578; с. 2019, № 6, мод. 328; с. 2020, № 1, мод. 29; с. 2023, № 1-3, мод. 10) пас аз калимаҳои «гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «, фаъолияти зиддиинҳисорӣ вобаста ба созишномаҳои уфуқӣ (картелҳо)» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2295


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид
намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши
фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №207


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 10 июни соли 2026, № 480


ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Қисми дуюми моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2001 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, № 4, мод. 215; с. 2003, № 4, мод. 152; с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 1; с. 2009, № 12, мод. 813; с. 2016, № 7, мод. 602; с. 2017, № 7-9, мод. 565; с. 2022, № 1-3, мод. 1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бе гузарондани маҷлис бо имзои аксарияти аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаҳои хусусияти фавридошта ва бебаҳс қарору фармоишҳо қабул намояд.».
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2296


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №208


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 3 июни соли 2026, №450


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аз 5 августи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 7-8, мод. 503; с. 2012, № 4, мод. 277, № 8, мод. 833; с. 2015, № 11, мод. 964; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 288; с. 2019, № 4-5, мод. 226) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 6 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии аҳаммияти маҳаллидошта метавонанд ба мақомоту сохторҳои давлатӣ, шахсони мансабдор ва ташкилотҳои дигар таклифҳо пешниҳод намоянд.».
2. Ба моддаи 10 сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ташкили қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо;».
3. Ба моддаи 11 сархатҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти оморӣ оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳрак ва деҳот;
- мусоидат ба ҷалби сармоягузорӣ барои амалисозии барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳрак ва деҳот;».
4. Дар моддаи 13:
- ба сархати сеюм пас аз калимаи «зист» калимаҳои «ва назорати ҳолати санитарӣ» илова карда шаванд;
- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- мусоидат ба амалисозии барномаҳо оид ба ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазир;».
5. Дар сархати дуюми моддаи 13 ва сархати ҳаштуми моддаи 23 калимаҳои «анъана ва ҷашну маросимҳо» ба калимаҳои «ҷашну маросим» иваз карда шаванд.
6. Дар сархати чоруми қисми 5 моддаи 19 ва сархати ҳафтуми моддаи 22 калимаҳои «ӯҳдадориҳои» ва «ӯҳдадорони» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳои» ва «уҳдадорони» иваз карда шаванд.
7. Ба сархати якуми моддаи 23 пас аз калимаи «камбизоат» калимаҳои «, ятимони кулл» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2297


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, № 209


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 14 апрели соли 2026, №416


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» аз 15 марти соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2023, №1-3, мод. 17; с. 2025, №6-10, мод. 646) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 18:
- дар қисми 2 калимаҳои «СМС-паёмак, фармоишҳои USSD» ба калимаҳои «хизматрасонии паёмакҳои кӯтоҳ ва дархости маълумоти иловагии хизматрасонии сохторнашуда» иваз карда шуда, пас аз калимаи «дигар» калимаҳои «, аз ҷумла шинохти чеҳра ва изи ангушт,» илова карда шаванд;
- дар ҷумлаи сеюми қисми 4 калимаҳои «истифодаи бехатарии» ба калимаҳои «бехатарии истифодаи» иваз карда шаванд.
2. Дар муқаддимаи қисми 2 моддаи 21 калимаи «талаботҳои» ба калимаи «талаботи» иваз карда шавад.
3. Моддаи 251 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 251. Ҳуқуқҳои дорандаи сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда
Дорандаи сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда ҳуқуқ дорад:
1) ба маркази тасдиқкунанда бо ариза дар бораи додан, бақайдгирӣ, боздоштан, аз нав барқарор намудан ва қатъи амали сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда муроҷиат намояд;
2) ба маркази тасдиқкунанда бо дархост барои тамдиди муҳлати эътибори сертификати калиди имзои электронии ҳифзшуда муроҷиат намояд;
3) аз дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва шартномаи бо маркази тасдиқкунанда басташуда истифода намояд.».
4. Аз қисми 1 моддаи 31 калимаи «бояд» хориҷ ва калимаи «шавад» ба калимаи «мешавад» иваз карда шавад.
5. Дар банди 1) моддаи 32 калимаи «пӯшонидани» ба калимаи «ҷуброни» иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 33:
- дар ном калимаи «вазифаҳои» ба калимаи «уҳдадориҳои» иваз карда шавад;
- дар қисми 1:
- бандҳои 3) ва 4) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«3) барои нигоҳдории дурусти калидҳои пӯшидаи имзоҳои электронии ҳифзшуда чорабиниҳои ташкилию техникӣ таҳия ва татбиқ намояд;
4) хизматрасониро вобаста ба гузоштани муҳри тасдиқкунандаи мавҷудияти ҳуҷҷати электронии имзошуда дар вақти муайянгардида пешниҳод намояд;»;
- банди 3) банди 5) ҳисобида шавад;
- дар банди 1) қисми 2 калимаи «эътимодбахшии» ба калимаи «дурустии» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2298


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №210


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 6 майи соли 2026, № 439


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Моддаи 1. Дар қисми 1 моддаи 360 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, № 12, қ. 1, мод. 681; с. 2022, № 1-3, мод. 18, № 12, қ. 2, мод. 774; с. 2023, № 1-3, мод. 8, №11, мод. 472; с. 2024, № 5-6, мод. 267; с. 2025, № 2, мод. 112, № 3-4, мод. 243, мод. 244, мод. 245, мод. 246, № 5, мод. 506; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2025, №2210) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- сатрҳои дуюм ва сеюми ҷадвал дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«
»;
- дар сатри чоруми ҷадвал рақамҳои «15» ва «20» мувофиқан ба рақамҳои «20» ва «25» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур 1 моҳ пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2283


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»


Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №196


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»


Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 25 феврали соли 2026, № 341


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ»


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» аз 1 августи соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №8, мод. 827; с. 2021, №12, қ. 2. мод. 701; с. 2022, №6, мод. 350) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои «Ӯҳдадориҳои», «Ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадоранд», «ӯҳдадор», «фавқулодда», «мӯҳлати», «мӯҳлати», «кӯтоҳмӯҳлат», «дарозмӯҳлати», «мӯҳлат», «Мӯҳлати», «мӯҳлате», «Шӯрои» ва «гражданию» мувофиқан ба калимаҳои «Уҳдадориҳои», «Уҳдадориҳои», «уҳдадоранд», «уҳдадор», «фавқулода», «муҳлати», «муҳлати», «кӯтоҳмуҳлат», «дарозмуҳлати», «муҳлат», «Муҳлати», «муҳлате», «Шурои» ва «маданию» иваз карда шаванд.
2. Дар сархати чоруми моддаи 12 калимаи «хоҷагидорӣ» ба калимаҳои «хоҷагидории онҳо» иваз карда шавад.
3. Дар сархати якуми моддаи 16 калимаи «таҳияи» ба калимаи «пешбурди» иваз карда шавад.
4. Дар қисми 3 моддаи 28 калимаи «агрохимиявӣ» ба калимаи «агрокимиёвӣ» иваз карда шавад.
5. Ба қисми 9 моддаи 36 пас аз калимаи «онҳо» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
6. Ба номи моддаи 39 пас аз калимаи «накардани» калимаи «талаботи» илова карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2284


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №195


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»


Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 14 апрели соли 2026, №420


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Моддаи 1. Аз қисми 3 моддаи 251 ва қисми 1 моддаи 254 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, № 12, қ. 1, мод. 681; с. 2022, № 1-3, мод. 18; № 12, қ. 2, мод. 774; с. 2023, № 1-3, мод. 8, № 11, мод. 472; с. 2024, № 5-6, мод. 267; с. 2025, № 2, мод. 112, № 3-4, мод. 243, мод. 244, мод. 245, мод. 246, № 5, мод. 506, № 11-12, мод. 880) калимаҳои «пилла, нахи пахта, калобаи пахта, пахтаи коркарднашуда,» хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур 1 моҳ пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2285


Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир
ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»


Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №197


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид
намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»


Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 10 июни соли 2026, № 462


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ»


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ» аз 14 майи соли 2025 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2025, № 5, мод. 510) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 3 моддаи 9 пас аз калимаҳои «буҷети давлатӣ» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
2. Ба ҷумлаи дуюми қисми 2 моддаи 13 пас аз калимаҳои «ваколатдори давлатӣ» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2286


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №198


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ»


Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 11 марти соли 2026, № 354


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ»


Моддаи 1. Ба моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 530; с. 2017, №5, қ.1, мод. 287; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.02.2026, №2251) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- ба қисми 1 пас аз калимаи «Тоҷикистон» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд;
- ба қисми 3 пас аз калимаи «сарпарастон» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2287


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №199


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 11 марти соли 2026, №358


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАМЕЪЁРДАРОРИИ ТЕХНИКӢ»


Моддаи 1. Ба қисми 1 моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» аз 19 майи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 329; с. 2011, №6, мод. 439; с. 2025, №2, мод. 119) пас аз калимаи «накардааст,» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2288


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ»


Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №200


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ»


Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 11 марти соли 2026, №360


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» аз 23 декабри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №12, қ. 2, мод. 718) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар бандҳои 6) ва 29) калимаҳои «давраи ҳаётии дастгоҳи» ба калимаҳои «марҳилаҳои ҳаётии иншооти» иваз карда шаванд;
- дар банди 28) калимаҳои «иҷозатномадиҳии намудҳои фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои давраи ҳаётии дастгоҳи» ба калимаҳои «додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта барои фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои ҳаётии иншооти» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 5:
- банди 1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1) додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта барои фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомӣ;»;
- дар банди 10) калимаҳои «давраи ҳаётии дастгоҳи» ба калимаҳои «ҳаётии иншооти» иваз карда шаванд.
3. Аз банди 5) моддаи 7 калимаи «давраи» хориҷ карда шавад.
4. Дар банҳои 1) ва 4) қисми 3 ва бандҳои 2) ва 4) қисми 4 моддаи 17, қисми 3 моддаи 19 ва қисми 5 моддаи 24 калимаҳои «давраи ҳаётии дастгоҳи» ба калимаҳои «ҳаётии иншооти» иваз карда шаванд.
5. Моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 10. Иҷозатдиҳӣ барои амалӣ намудани фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомӣ
Додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта барои фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.».
6. Дар банди 3) қисми 2 моддаи 21 калимаҳои «иҷозатнома ба фаъолияти» ба калимаи «шаҳодатномаи» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 июни соли 2026, №2290
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ»


Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2026, №202


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ»


Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» қабул карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 18 марти соли 2026, №377