Баргашт Чоп кардан

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА СУЛҲОФАРӢ ЗАМИНАҲОИ ТАЪРИХИИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР


Мафҳумҳои «ваҳдат» ва «ҳамдилӣ» ҷавҳари ҳастии ҳар як ҷомеаи мутамаддинро ташкил медиҳанд. Дар заминаи давлатдории муосир, ин мафҳумҳо аз доираи калимаҳои одӣ баромада, ба як сиёсати ҳаётан муҳим ва созанда табдил ёфтаанд. Ваҳдат ва ҳамдилӣ нишон медиҳанд, ки фарҳангҳо, ақидаҳо ва минтақаҳои гуногун метавонанд дар маркази як идеяи муқаддас – ободии Ватан ва амнияти насли оянда муттаҳид шаванд. Маҳз ҳамин ҳамбастагии маънавӣ ва ҷамъиятӣ ҳамчун таҳкурсии устувор имкон медиҳад, ки ҷомеа бар монеаҳои иқтисодию геополитикии асри нав пирӯз гашта, роҳи худро ба сӯйи пешрафт бо боварӣ пеш гирад.
Аз ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб се даҳсола сипарӣ мешавад. Дар ин муддат таърихи нави кишвар исбот намуд, ки ваҳдат на танҳо як мафҳуми сиёсӣ, балки кафолати ягонаи ҳифзи миллати тоҷик ва соҳибихтиёрии давлат мебошад. Вақте ки дар бораи ин муъҷизаи таърихӣ ва дипломатияи беназири сулҳхоҳона сухан меронем, пеш аз ҳама, симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар ҷилвагар мешавад. Нақши таърихии ин шахсияти барҷаста дар наҷоти давлат аз вартаи нестӣ бузург ва тақдирсоз аст.
Баробари имзои созишномаи истиқрори сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк карданд, ки сулҳи сиёсиро бояд бо дастовардҳои иқтисодӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум устувор намуд. Ин аст, ки имрӯз, ду ҳадафи асосии стратегии кишвар – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ маҳз дар заминаи мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ, ба шарофати сулҳу суботи сиёсии устуворкардаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодаанд.
Сохтмони НБО “Роғун” бо баландтарин сарбанди хокию сангии ҷаҳон (335 метр) маҳсули иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Хушбахтона, зери партави ваҳдати миллӣ имрӯз дар ин майдони сохтмон беш аз 18 000 нафар коргарону мутахассисон аз тамоми гӯшаву канори кишвар аҳлона меҳнат мекунанд. Танҳо дар соли 2025 Неругоҳ зиёда аз 1,6 миллиард кВт/соат барқи тоза истеҳсол намуд, ки ин исботи пешрафти босуръати соҳа аст.
Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Озодӣ» ва «Хатлон» сохта шуданд. Танҳо дар давоми соли 2025 дар кишвар 236 километр роҳҳои автомобилгард бо арзиши 5,4 миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар соли 2026 бошад, таҷдиди боз 300 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта оғоз гардид. Бо ин амал Тоҷикистон ба як қаламрави ягона ва чорроҳаи транзитии минтақавӣ табдил ёфт, ки пояҳои ваҳдати миллиро мустаҳкам менамояд.
Хидмати дигари бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки бо талошҳои зиёде тавонистанд модели сулҳи Тоҷикистонро ба як мактаби эътирофшудаи байналмилалӣ табдил диҳанд. Созмони Милали Муттаҳид (СММ) таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро ҳамчун яке аз намунаҳои нодир ва муваффақи дипломатияи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд. Ин таҷриба нишон дод, ки зиддиятҳои дохилиро метавон тавассути муколама, гузаштҳои дуҷониба ва дар мадди аввал донистани манфиатҳои миллӣ ҳал кард.
Дар шароити мураккаби геополитикии имрӯза, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои нави киберӣ, экстремизм, терроризми байналмилалӣ ва бархӯрди қудратҳои бузург рӯ ба рӯ аст, мазмуни ваҳдати миллӣ аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ ҳамеша таъкид менамоянд, ки сулҳу ваҳдат неъмати доимӣ нестанд, аз ин рӯ онҳоро бояд ҳар рӯз ҳифз кард ва устувор нигоҳ дошт.
Имрӯз вазифаи асосии ҷомеа, махсусан насли ҷавон, тақвияти ҳувияти миллӣ, муқовимат ба идеологияҳои бегона ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисоди рақамиву сохтмонҳои бузурги кишвар мебошад. Тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба таърихи сулҳофарии Сарвари давлат кафолати он аст, ки Тоҷикистон дар оянда низ орому устувор ва соҳибихтиёр хоҳад монд ва ҳифзи ин неъмати бузург, яъне ваҳдати миллӣ, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди содиқи ин Ватан аст.


РАҲМОН Исломиддин Хайриддин,
директори Агентии “Тоҷикстандарт”