Оғози бунёди корхонаи нави истеҳсоли семент
23-юми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд.
Мавриди зикри хос аст, ки тасмим дар бораи бунёди корхонаи нави семент дар доираи иҷрои супориши Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми майи соли равон барои сохтмони 4 корхонаи нави семент бо иқтидори умумии 6 миллион тонна дар як сол гирифта шудааст.
Ҳамин тавр, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Семент» тасмим гирифт, ки корхонаи нави истеҳсоли сементро дар қисмати ҷануби деҳаи Харангони Боло дар масоҳати 18 га дар муддати 17 моҳ ба истифода диҳад.
Зимни муаррифии лоиҳа, иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна, дар як сол бошад, 1,2 миллион тонна сементро ташкил дода, ҷараёни истеҳсолот аз майдакунӣ то ба бандубасти натиҷаи ниҳоии истеҳсоли маҳсулот иборат хоҳад буд.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ, беш аз 1150 сокини маҳаллӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ ба кори мавсимӣ ҷалб шуда, пас аз ба истифода додани корхона бошад, зиёда аз 1000 ҷойи нави кор ба шаҳрвандон фароҳам оварда мешавад.
Сармоягузор ва бунёдкунандаи корхона ҶДММ «Семент» мебошад. Бо дарназардошти технологияи муосири истеҳсолӣ ва ашёи хоми истифодашаванда, сементи истеҳсолнамудаи корхона ба талаботи меъёру стандартҳои аврупоиву ҷаҳонӣ мутобиқат мекунад.
Сохтмони корхонаи мазкур дар назди конҳои оҳаксанг, магнетит ва хоки Харангон, ки дар наздикии он мавҷуданд, ба нақша гирифта шуда, сохтмон, воридоти техника, технология, дастгоҳу таҷҳизот ва дигар лавозимоти зарурӣ бо ҷалби сармояи ватанӣ роҳандозӣ мегардад.
Боиси тазаккур аст, ки дар раванди истеҳсолот қоидаҳои экологӣ ва бехатарии муҳити зист таъмин мешаванд.
Корҳои лоиҳакашӣ, таъмин, насб, ба истифода додан ва истеҳсоли тамоми таҷҳизот аз ҷониби ширкати «Синома» (SINOMA)-и Ҷумҳурии Мардумии Чин роҳандозӣ хоҳад гашт. Бояд зикр намуд, ки ширкати «Синома» бузургтарин корпоратсияи давлатии чинӣ ва муҳандисии байналмилалист.
Ширкати «Синома» яке аз ташкилотҳои пешбари хизматрасонии ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияи семент, таҷҳизот ва ҳамгироии системаҳои муҳандисӣ, корхонаи баландтехнологӣ ва инноватсионии Чин буда, барандаи ҷоиза дар соҳаи саноат мебошад.
Оғози бунёди корхонаи дуюми истеҳсоли семент
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисмати шимолии деҳаи Харангони Болои ноҳияи Варзоб, ҳамчунин, барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд.
Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони корхона, иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ «Семент» дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, то дар масоҳати 16 га корхонаи нави истеҳсоли сементро дар муддати 17 моҳ ба истифода диҳад.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи бунёдшаванда дар як сол 1,2 миллион тоннаро ташкил хоҳад дод.
Дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 1100 сокини маҳаллӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ ба кори мавсимӣ ҷалб шуда, пас аз ба истифода додани корхона зиёда аз 1000 ҷойи нави кор ба шаҳрвандон фароҳам оварда мешавад.
Бунёди ин корхона низ дар назди конҳои оҳаксанг, магнетит ва хоки Харангон ба нақша гирифта шуда, сохтмон, воридоти техника, технология, дастгоҳу таҷҳизот ва дигар лавозимоти зарурӣ бо ҷалби сармояи ватанӣ роҳандозӣ мегардад.
Тамоми дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ муосир буда, дар раванди истеҳсолот қоидаҳои экологӣ ва бехатарии муҳити зист таъмин хоҳад шуд.
Сармоягузор ва бунёдкунандаи корхонаи дуюм ҶДММ «Семент» мебошад.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаҳо ва оғоз бахшидан ба корҳои сохтмони ду корхонаи калони истеҳсоли семент, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои ҳамовозӣ ба сиёсати бунёдкоронаву созандаи Ҳукумати кишвар изҳори сипос карда, онҳоро ба иҷрои босифати корҳо ҳидоят намуданд.
Ифтитоҳи маркази техникии ФФТ
23-юми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди ҳамаҷонибаи футболи кишвар бунёд шуда, барои тамрини футболбозон, омодасозии мураббиён, доварон, мутахассисони соҳа, рушди футболи кӯдакону наврасон, ҷавонон, бонувон ва дастаҳои касбӣ, инчунин, оммавигардонии футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим пешбинӣ мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки дар маҷмаа бинои асосӣ, ду майдони тамринӣ, ки яке аз онҳо бо сабзаи табиӣ ва дигаре бо сабзаи сунъӣ бунёд шудааст, ҷойгиранд.
Ҳудуди маҷмаа бо тарҳи муназзам ба ду минтақаи асосӣ, аз ҷумла минтақаи варзишӣ ва минтақаи маъмуриву маишӣ, бунёд гардид.
Дар минтақаи варзишии маҷмаа барои рушди намудҳои гуногуни варзиш ва баргузории тамринҳои касбӣ майдонҳои футбол бо сабзаи табиӣ ва сунъӣ, варзишгоҳ, корти теннис ва майдони машқҳои гимнастикӣ мавҷуданд. Дар минтақаи маъмуриву маишӣ бошад, бинои асосӣ, манежи варзиш, ҳавзи шиноварии пӯшида, роҳ барои давидан ва гузаргоҳ бо нуқтаи назоратӣ ҷойгиранд, ки барои фаъолияти бонизом, хизматрасонии босифат шароити мусоид фароҳам меоранд.
Дар таҳхонаи бинои асосӣ толори фитнес бо таҷҳизоти муосири варзишӣ ва шароити зарурӣ барои истифодабарандагон муҷаҳҳаз гардида, дар ин қисм ҳуҷраҳои ёрирасон ва анборҳо ҷойгир шудаанд.
Дар ошёнаи якум тарабхона ва қаҳвахонаи барҳаво ва замонавии маҷмаа ҷойгир буда, дар онҳо барои қабули шоистаи меҳмонон, истироҳати бароҳат ва хизматрасонии босифат тамоми шароити зарурӣ фароҳам мебошад.
Тарабхонаю қаҳвахона низ дорои толори айвонҳои васеи истироҳатӣ мебошанд, ки барои варзишгарон ва меҳмонону сайёҳон ҷолибу ҷаззоб омода гаштаанд. Инчунин, дар ин ошёна хизматрасонии меҳмонхона пешбинӣ гардида, толори барҳавои қабул ва бақайдгирии меҳмонон, ҳуҷраҳои кории кормандон, шароити зарурии санитариву беҳдоштӣ фароҳам оварда шуда, барои истифодабарӣ лифтҳои замонавӣ насб гардидаанд.
Дар маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои будубош ва истироҳати меҳмонон ҳуҷраҳои замонавии якнафара, дунафара ва люкс, аз ҷумла ҳуҷраҳои дорои айвонҳои кушоду барҳаво, бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳазанд. Илова бар ин, толорҳои муосири конфронсиву машваратӣ барои баргузории мулоқотҳо, чорабиниҳои гуногун ва қабули меҳмонон бунёд гардидаанд.
Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон бо кумаку дастгирии техникӣ ва молиявии Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA), Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ва шарикони дохилӣ бунёд ёфта, дар он 50 ҷойи кории доимӣ муҳайё аст.
Бунёди чунин маҷмаа бо мақсади оммавигардонии варзиш, бахусус футбол, дар кишвар роҳандозӣ гардида, ҳамовоз ба иқдомҳои наҷибу созандаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар мебошад.
Мавриди зикри хос аст, ки соли 1994 Федератсияи футболи Тоҷикистон ба сифати намояндаи давлати мустақили Тоҷикистон ба узвияти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) пазируфта шуд.
Солҳои 2012 – 2022 бо дастгириҳои пайвастаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ футболи тоҷик ба марҳалаи нави рушд ва пешравиҳои назаррас аз ҳисоби таҳияву татбиқи стратегияву барномаҳои рушди соҳа ворид гардид.
Дар ин давра сохтмони майдонҳо ва варзишгоҳҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ, таъсиси лигаҳои нав, омодасозии мутахассисони соҳа ва рушди футболи занона вусъат ёфт.
Бо ҷалби коршиносони Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) курсҳои омӯзишӣ баргузор гардида, бошгоҳҳои футболи кишвар дар раддабандии ташкилотҳои болозикр ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.
Бо мақсади амалисозии иқдомҳои варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шабакаҳои телевизионии “Варзиш” ва “Футбол” таъсис ёфта, бо ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъол гардид.
Ин иқдомҳо ба тақвияти ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма ва боз ҳам васеътар инъикос гаштани дастовардҳои футболи тоҷик мусоидат намуданд.
Бо таваҷҷуҳи роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон низоми футболи кӯдакону наврасон ба марҳалаи нави рушд ворид шуда, лигаи кӯдакону наврасон, мактабҳо ва академияҳои футбол таъсис ёфтанд.
Дар натиҷаи амалисозии нақшаҳои заминагузор, яке аз дастовардҳои ин соҳа роҳ ёфтани мунтахаби ҷавонони то 19-сола дар солҳои 2016 ва 2018 ба чорякниҳоии Чемпионати Осиё ва соҳиби медали нуқра гаштани мунтахаби наврасони то 17-сола дар соли 2018 ва аз ин ҳисоб соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон – 2019 шудан имконпазир гардид. Дар баробари ин, тими миллии Тоҷикистон дар “Ҷоми Шоҳ – 2022” дар Тайланд бар тимҳои Тринидад ва Тобаго ва Малайзия пирӯз омада, соҳиби ҷоми асосӣ шуд.
Маврид ба зикр аст, ки бо пешниҳоди президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ тибқи қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 7-уми майи соли 2024, 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид.
Ташаббуси мазкур нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешбарандаи ғояҳои сулҳ, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ тавассути футбол дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошт.