Баргашт Чоп кардан

ПАВЛОНИЯ. АЗ МАНФИАТИ ИҚТИСОДӢ ТО ЭКОЛОГӢ


Парвариши ниҳоли павлония бо афзалиятҳои иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ, роҳи самарабахши ҳалли масъалаҳои норасоии чӯб, беҳтар намудани муҳити зист ва таъмини рушди устувори соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Парвариши павлония дар мамлакат таҳти назорати махсуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо ташаббусашон Барномаи рушди парвариши павлония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 – 2028 таҳия ва қабул гардид, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад.
Мувофиқи Барнома, расондани парвариши павлония дар як сол то ба 100 ҳазор бех ва бунёди плантатсияҳои саноатии павлония дар майдони зиёда аз 200 гектар дар заминҳои фонди давлатии ҷангал ва дигар заминистифодабарандагон, инчунин, зиёд намудани даромаднокии хоҷагиҳои ҷангал аз ҳисоби таъмини аҳолӣ бо ниҳолҳо ва чӯби корӣ дар назар дошта шудааст. Имрӯзҳо дар ташкилоту муассисаҳои низоми Агентии ҷангал дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, инчунин, хоҷагиҳои деҳқонӣ парвариши садҳо ҳазор бех ниҳоли павлония ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, павлония дар шафати роҳҳои пойтахт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ нашъунамои хуб ёфта истодааст.
Павлония дарахти зудрӯй буда, метавонад ба баландии беш аз 20 метр бирасад. Он дар минтақаҳои иқлими муътадил, намнок ва ҳосилхез нашъунамои хуб меёбад. Ватани павлония Чин мебошад. Павлония хусусияти худбарқароршавӣ дошта, шинондани дубораро талаб наменамояд. Ин дарахт баъди ҳар буридан аз ҳисоби қисми решаи боқимонда мерӯяд. Давомнокии умри решаҳои павлония 70-100 солро ташкил медиҳад, ки ин метавонад дар байни 4 ва ё 8-9 давраи ҳаштсола истифода гардад.
Павлония имкониятҳои иқтисодии калон дорад. Масалан, гулҳои дарахти павлония накҳати хушбӯйи қавӣ дошта, беҳтарин шаҳд барои истеҳсоли асал мебошад. Аз як гектар павлониязор то 800 кг асал гирифтан мумкин аст. Бартарии ин дарахт дар он аст, ки дар парваришаш заҳрхимикатҳо тамоман истифода бурда намешаванд. Чӯби корие, ки аз павлония гирифта мешавад, аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, чандир, ба оташ ва намӣ тобовар, сабук ва ба ҳашароти зараррасон устувор мебошад. Чӯбаш мулоим, вале ба қатъкунӣ ва тобдиҳӣ устувор буда, маҳсулоти аз чӯби павлония тайёршуда шакли худро аз таъсири муҳит дигар намекунад. Чӯби павлонияро маъмулан барои сохтмони хона истифода мебаранд. Бартарияш он аст, ки зуд хушк мешавад, шакли худро дигар намекунад ва мустаҳкам буда, ба осонӣ намешиканад. Бо сабаби чандирӣ ва мустаҳкамиаш онро дар мебелсозӣ истифода мебаранд. Тибқи арзёбии коршиносон, тамоми қисмҳои дарахти павлонияро ҳамчун ашёи хоми энергетикӣ барои таъмини гармӣ ва истеҳсоли биогаз истифода бурдан мумкин аст.
Дар ҷангалҳои Тоҷикистон, ки бештар буттазор месабзанд, барои истеҳсоли чӯби корӣ мувофиқ нестанд. Бинобар ин, беш аз 90-95 дарсади чӯби дар сохтмонҳо истифодашаванда аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Ба ғайр аз ин, ҷангалҳои Тоҷикистон бинобар буридани ғайриқонунии дарахтон барои ҳезум, чарондани чорво ва нигоҳубини начандон хуб рӯ ба таназзул оварда истодаанд. Аз ин лиҳоз, парвариши павлония баҳри ҳифзи ҷангал ва беҳтар кардани шароити иқтисодиву экологӣ таваҷҷуҳи хоссаро тақозо менамояд, зеро парвариши павлония дар Тоҷикистон на танҳо як роҳи ҳалли мушкилоти норасоии чӯб, балки як стратегияи комплексӣ барои рушди устувори иқтисодӣ, беҳтар кардани вазъи экологии кишвар ва мубориза бо тағйирёбии иқлим мебошад.


Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»