Солҳои охир Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну осоишта ва бо табиати нотакрор таваҷҷуҳи афзояндаи меҳмонони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Манзараҳои зебои кӯҳҳо, кӯлҳои мусаффо, мероси фарҳангӣ ва меҳмоннавозии мардуми кишвар иқтидор доранд, ки Тоҷикистонро ба як макони ҷолиб барои сайёҳони байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ табдил диҳанд.
Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Судипто Мукерҷи, ки, ҳамзамон, узви ваколатдори Институти банақшагирии шаҳрии Шоҳигарии Британияи Кабир мебошад, дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва яксолагии фаъолияташ чунин иброз дошт:
– Дар тули фаъолияти касбии худ дар кишварҳои дорои шароити гуногун, аз ҷумла Ироқ, Серра-Леоне, Сурия ва Бангладеш, ман шоҳиди мушкилоту дастовардҳои зиёди халқҳо будам. Аммо Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳу субот, амният ва меҳмоннавозии самимӣ барои ман таассуроти амиқ гузошт.
Дар соли аввали фаъолиятам дар Тоҷикистон бо зебоии табиати нотакрор ва фарҳанги ғании ин кишвар ошно шудам ва муҳимтар аз ҳама, меҳрубонӣ ва заҳматдӯстии мардуми тоҷикро хеле қадр мекунам. Тоҷикистон инъикосгари ҳамзистии осоишта, эҳтироми мутақобил ва рушди устувор мебошад. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ мехоҳам ба мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории созанда ва шарикии муттасил изҳори сипос намоям! Ба кишвар сулҳи пойдор, шукуфоии бештар ва пешрафти ҳамешагӣ таманно мекунам.
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”