Тоҷикистони соҳибистиқлол аз файзи қудуми ваҳдати миллӣ ва шоҳкориҳои бемисли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бесобиқае ноил шуд, ки воқеан, қобили ситоиш аст. Гарчанде Тоҷикистон дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта истиқлолияти давлатӣ ба даст овард, вале танҳо баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ (27.06.1997) роҳи рушду тараққиёти кишвар муайян гардид.
Тоҷикистон дар ибтидои истиқлоли давлатӣ бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ талафоти калони моливу ҷонӣ дид ва соҳаҳои хоҷагии халқ фалаҷ ва дучори буҳрон гардиданд. Дар чунин марҳалаи сарнавиштсози таърихӣ талошҳои пайгиронаи Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифта, то ба имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ расид, сулҳу ваҳдатро ба сарзамини тоҷикон ҳамчун дастоварди бебаҳои таърих ба армуғон овард. Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвари моро дар ҷаҳон мешиносанд ва мо низ шукрона мекунем, ки мардуми соҳибватанем. Ваҳдат асоси пешравии Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони миллати моро таъмин кард ва имрӯз ҳам ба зиндагии мардум маънии тоза бахшида, саҳифаҳои нав ба наверо боз намудан дорад. Аз файзи сулҳу ваҳдати миллӣ таҳти роҳбарии оқилонаву хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон ба дастовардҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардида, сол ба сол ободу зеботар мегардад.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки феълан Тоҷикистон дар доираи густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба бо мамолики ҷаҳон ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ иқдомотеро амалӣ месозад, ки на танҳо ба нафъи мо, балки ба суди тамоми мардуми сайёра аст. Мисоли равшани ин гуфтаҳо пазироии гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ба ҳалли масоили вобаста ба об дар ҷаҳон мебошад. Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028», ки рӯзҳои 25 – 28-уми майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, нишон дод, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари башардӯсти худ дар эҷоди сулҳу ваҳдат ва ҳамгироӣ қадамҳои фаротар аз марзи хешро мегузорад. Тарҳрезӣ ва мизбонии чунин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ, ки бо эҳтимоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон сурат гирифт, ҳамин маъниро бозгӯ намуда, бори дигар мавқеи устувору сулҳхоҳонаи Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ намуд. Ин ҳамоиши сатҳи баланд на танҳо майдони муколамаи байналмилалӣ, балки минбари муҳими таҳкими дипломатияи об гардид, зеро дар гузашта об ҳам ба сари худ моҷароҳое дошт, ки ба низоъҳои мусаллаҳона кашонда шудааст. Аз ин рӯ, аҳамияти иқдомоти Тоҷикистон дар ин самт на танҳо дар таъмини сокинони сайёра бо оби тоза, истифодаи самараноку оқилонаи он, балки як навъ пешгирӣ аз ҳамагуна хушунатҳои эҳтимолӣ вобаста ба тақсими об миёни кишварҳои олам дониста мешавад. Муҳимтарин нукта ин аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз масъалаи обро ҳамчун омили асосии амнияти глобалӣ эътироф менамояд. Дар маҷмуъ, Конфронс собит намуд, ки Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар пешбурди дипломатияи об дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи худро боз ҳам мустаҳкам мекунад. Маҳз чунин ҳамоишҳо метавонанд барои таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ, ҳифзи захираҳои об ва дарёфти роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти вобаста ба об заминаи устувор гузоранд.
Мусаллам аст, ки касби ҷойгоҳи шоистаи Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалӣ баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба миён омад ва эътибори баланди кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ амалан ба ибтикороти Сарвари давлат пайванд мегирад. Аз ин рӯ, дар замони пуртазоди имрӯз, моро зарур аст, ки дар ҳифзи арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамчун сароғози барору комёбиҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ масъулияти бештар нишон дода, иҷрои ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти хеш қарор диҳем.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”