Баргашт Чоп кардан

АСОСГУЗОРИ СУЛҲ


27-уми июни соли 1997 – рӯзи расидан ба ваҳдат ва сулҳи деринтизор дар хотираи мардуми тоҷик мисли ангезаи орзуву ормонҳои дерина, зафар ба нотавонбинони миллат ва умед ба ояндаи дурахшон то абад боқӣ хоҳад монд. Ин аст, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ азизтарин ҷашни даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола дар сартосари кишвари маҳбубамон ҷашн гирифта мешавад.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор намудани сулҳ ва ваҳдати миллӣ пас аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мебошад. Дар шароити бисёр ҳассос роҳбарияти кишвар тавонистанд бо истифода аз усулҳои музокира ва созиш заминаи сулҳи пойдорро фароҳам оваранд. Ин раванд на танҳо ба суботи сиёсӣ мусоидат кард, балки барои рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт. Тоҷикистон бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат аз як сарзамини ноором, кишвари ҷангзада имрӯз ба мамлакати аз нигоҳи иқтисодию иҷтимоӣ рушдёбандаву гулгулшукуфон табдил ёфтааст. Имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳдӯсту сулҳпарвар шинохта шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гаштааст, ки боиси ифтихори ҳар яки мо – тоҷикон аст. Сулҳномаи тоҷиконро метавон як зуҳуроти деринаи ақлу заковати миллати куҳани тоҷик номид, зеро дастовардҳои бузурги раванди сиёсӣ дар Тоҷикистон боз дар фаъолияти сулҳофаринии инсоният садсолаҳои дигар хизмат хоҳад кард.
Бинобар ин, бояд шукргузор бошем ва дарк намоем, ки ваҳдати миллӣ, дарвоқеъ, орзуҳои якояки моро сабзонду зиндагиамонро ширин ва қалбҳоро ба фардо умедвор намуд. Комёбиҳои Ватани азизамон бештар ба кӯшишу иродаи ҷавонони мамлакат, ки аксарияти аҳолиро ташкил медиҳанд, вобаста аст.
Хулоса, дар таърихи давлатдории муосир, дар раванди корҳои ободонию созандагӣ хизматҳои мондагору арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи калидӣ доранд. Фаъолияти ин абармарди сиёсӣ бо такя ба таҷрибаи таърихии хеш ба таҳкими давлатдорӣ, пойдории сулҳ ва пешбурди сиёсати созанда равона гардидааст.


Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»