Таҳти ҳамин унвон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ ва тарбиявӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Донишгоҳ, олимону устодон, мудирони сохторҳо, деканҳои факултетҳо, муҳаққиқон ва намояндагони ҷомеаи илмӣ иштирок намуданд.
Ҳамоишро ректори Донишгоҳ, профессор Мирзотоҳир Набизода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди устувори кишвар нақши сарнавиштсоз дорад. Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба сулҳу оштӣ расида, заминаҳои рушди минбаъдаи давлат фароҳам оварда шуданд.
Сипас, муҳаққиқ ва сиёсатшиноси шинохта Абдуллоҳи Раҳнамо бо маърузаи пурмуҳтаво суханронӣ намуда, ҷанбаҳои сиёсӣ, таърихӣ ва иҷтимоии раванди ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллиро таҳлил кард. Ӯ нақши Пешвои миллатро дар муттаҳид сохтани ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон махсус таъкид намуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон доир ба аҳамияти таърихии ваҳдати миллӣ, дастовардҳои даврони истиқлол ва вазифаҳои насли ҷавон дар ҳифзу таҳкими ин неъмати бебаҳо мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ як қатор устодону кормандони Донишгоҳ барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди таълиму тарбия ва ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”