![]()
Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони истиқлол буда, дар фазои тантанавӣ ҷашн гирифтани ин санаи муборак фурсатест, ки мо бори дигар гузаштаи худро ба ёд оварда, аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва худсӯзиҳои ибтидои истиқлоли давлатӣ сабақ омӯзем. Зеро расидан ба ваҳдати миллӣ, ки ба корномаҳои сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад, кишвари соҳибистиқлоли моро аз як давраи торики таърихӣ ба самти рӯшаниву саодати миллӣ савқ бахшид.
Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар таърихи 27-уми июни соли 1997, ки дар ҷаҳони муосир таҷрибаи нодир дониста мешавад, дар таърихи давлатдории навини мо саҳифаи нав кушод. Акнун, он танҳо як санади расмию сиёсӣ нест, балки ҳуҷҷати таърихиест, ки реша дар фарҳанг, таърих ва виҷдони миллӣ дорад. Чунки миллати тоҷик аз қадим бо таҳаммулпазирӣ, хиради сиёсии баланд ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ маъруф буд. Маҳз ҳамин сифатҳо замина фароҳам оварданд, ки тоҷикон ба тасвиби чунин санаде даст ёбанд, аз гирдоби ҷанг раҳо шаванд ва роҳи рушди устуворро пеш гиранд.
Пас аз ба даст омадани сулҳ, дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои ободонӣ оғоз гардиданд. Мактабҳо, роҳҳо, бемористонҳо ва дигар инфрасохторҳо бунёд ёфтанд. Дурнамои нав дар ҳаёти мардум падид омад. Ҷавонон дубора ба мактабҳо баргаштанд. Оилаҳо муттаҳид гаштанд. Шахсият ва мақоми инсон арзиши воло гирифт.
Ваҳдати миллӣ шарти аввалини рушди давлатдорӣ ва зиндагии осоишта аст. Имрӯз ки мо дар як муҳити ором ва муътадил умр ба сар мебарем, набояд фаромӯш кунем, ки ин оромӣ бо чи қимате ба даст омадааст. Ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус насли наврасу ҷавон, бояд аҳамияти сулҳу суботро дарк кунанд ва дар ҳифзу таҳкими ваҳдат саҳми хешро гузоранд.
Дар шароити кунунӣ, ки ҷомеа ба марҳалаи нави тараққиёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ворид шудааст, нақши ваҳдати миллӣ бештар эҳсос мешавад. Бе он барномарезии сиёсати дурнамои давлат, рушди илм, маориф, фарҳанг ва иқтисод имконнопазир аст.
Бинобар ин, ҳар яки мо бояд ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва барои он, ки дигар ҳеҷ гоҳ чунин рӯзҳои вазнин бар сари миллат наояд, бо ҳам бошем, ҳамдигарро эҳтиром кунем ва дар ободии Ватани маҳбуб саҳмгузор гардем.
Хуршед МАҲМАДЗОДА, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон