ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР МУАРРИФИИ БОНУВОНИ НОМВАРИ ТОҶИК
Забони ноби модарӣ халқи моро дар тули зиёда аз панҷу ним ҳазор сол бар зидди тамоми бадбахтиҳову тохтутози аҷнабиён муттаҳиду сарҷамъ нигоҳ доштааст ва ба миллати тоҷик умри ҷовидонӣ бахшидааст.
Эмомалӣ РАҲМОН
Яке аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати фарҳангӣ-миллии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус ба мероси адабии занони шоир мебошад, ки дар ин қарина онҳо чун ворисони шоистаи тамаддуни ориёӣ ва ҳувияти қадимаи он гиромӣ дониста мешаванд. Қарори ЮНЕСКО дар бораи таҷлили ҷашни Робиаи Балхӣ ба унвони қофиласолори назми занони порсигӯ нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба занони эҷодкор, ба он бонувоне мебошад, ки дар таҳкими худшиносии миллӣ ва идомаи тамаддуни ориёӣ саҳм гузоштаанд.
Беш аз сӣ сол мешавад, ки таваҷҷуҳи муаллифи ин сатрҳоро сарнавишт ва мероси адабии занони суханвар ба худ кашидааст. Сабаб он аст, мехостам ба суоле посух ёбам, ки чаро дар тули зиёда аз ҳазору дусад соли мавҷудияти шеъри форсу тоҷик ҳазорон нафар шоирони мард девонҳои зиёде аз худ ба мерос гузоштаанд, аммо дар тамоми ин солҳо занони соҳибдевон ангуштшуморанд? Ва оё ин занон хидмати сазоворе дар адабиёт анҷом додаанд ё шеъри онҳо такрори ашъори мардон буд? Аз миёни занони суханвари форсигӯ, ки имрӯз шуморашон аз панҷсад нафар ҳам гузаштааст, киҳо дар адабиёти мо таъсиргузор буданд? Ин аст, ки ҷамъоварии сарчашмаҳо ва омӯзиши манбаъҳо барои таҳқиқ ва таълифи силсилаи китобҳои «Хубони порсигӯ» шуруъ шуд ва аввалин китоби он бо номи «Сиришке дар лола. Нигоҳе ба аҳвол ва осори Робиаи Балхӣ» соли 1998 ба табъ расида, то имрӯз китобҳои дигаре дар бораи Маҳастӣ, Мастураи Курдистонӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Гулрухсор ва чанд бонуи дигар рӯйи кор омад.
Аввалин бонуи шоир, ки осораш то замони мо расидааст, ҳамзамони одамушшуаро устод Рӯдакӣ – Робиаи Балхӣ буд, ки инак, соли гузашта номаш ба феҳрасти ҷашнвораҳои байналмилалӣ ворид шуд. Ӯ, ки зода ва парвардаи яке аз марказҳои қадимаи ориёӣ – Балхи бостонӣ буд ва замони зиндагии ӯ чун давраи эҳёи тамаддуни ориёӣ шинохта шудааст, ба унвони намояндаи ин давра пазируфта мешавад. Ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Робиа бинти Каъби Қуздории Балхӣ аз нахустин бонувони сухансарои аҳди Сомонист, ки ба забонҳои тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) ва арабӣ шеърҳои ошиқонаи ҷаззобу рангин сурудааст... Забони ашъораш аз лутфи табъ ва рангинии хаёлаш дарак медиҳад”.
Номи Робиаи Балхӣ ба унвони нахустин зани суханвари порсигӯ, ки ибтикоре дар ташаккулу такомул ва густариши анвову авзони шеър дошт, то ба мо расидааст, вале ба сабаби зиёд будани ихтилоф дар шарҳи ҳол ва ашъораш шахсият ва манзалати шоириаш то имрӯз шинохта нашудааст.
Роҷеъ ба шарҳи ҳоли Робиа он чи дастраси умум аст, мухтасаран бо ишқи Робиа ба ғуломи турк Бектош ва фоҷиаи ба ҳалокат расидани ӯ аз дасти бародари ҷоҳилаш Ҳорис ҷамъбаст мешавад.
Ашъори Робиа аз лиҳози мавзуъ ва муҳтаво гуногун аст. Дар миёни шеърҳои ӯ ду ғазали бағоят зебое ҳаст дар мавзуи табиат ва васфи зебоии баҳор. Дар ғазали «Фишонд аз савсану гул симу зар бод» шоир аз мавзуи табиат ва тасвири фусункориҳои бод дур нарафтааст. Аммо дар ғазали дуюм – «Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт» дар баробари тасвири рангомезиҳои табиат як байти андарзӣ ҳам ҳаст, ки зоҳиран аз мавзуи табиат моро дур мекашад, вале дар асл бо абёти дигари ин ғазал қаробат дорад. Паёми шоир дар ин байт ба он маънист, ки дар иҳотаи чунин зебоӣ бояд шод зист ва аз лаззати ҳаёт бояд баҳра бардошт, зеро дилбастагӣ ба дунёву моли дунё инсонро бадбахт мекунад:
Қадаҳ гир чандеву дунё магир,
Ки бадбахт шуд он ки дунё гирифт.
Робиаи Балхӣ дар шеъри форсу тоҷик ду ибтикори адабӣ доштааст, ки яке аввалин шуда дар шакли ширу шакар, яъне муламмаъ шеър гуфтани ӯст ва дигар – ихтирои вазни нав – мафъулу фоилотун – мафъулун (Турк аз дарам даромад хандонак, Он моҳрӯи чобук меҳмонак) мебошад.
Забони ашъори Робиа нафису салис ва мавзуну шевост. Аз ашъори Робиа, ки чун шоири зуллисонайн маъруф аст, ҳамагӣ 5 мисраъ ба забони арабӣ ва боқӣ 106 мисраъ ба забони форсӣ ба даст омадааст.
Чеҳраи Робиаи Балхӣ дар асарҳои зиёди адибони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон бозофаринӣ шудааст, ки дар миёни онҳо «Илоҳинома»-и шайх Аттор, «Гулистони Ирам»-и Ризоқулихони Ҳидоят, «Духтари ниқобдор»-и Тоҷӣ Усмон, «Суруди нотамом»-и Абдусалом Атобоев, «Руҳи урён»-и Гулрухсор, «Достони ишқи Робия»-и Давлатшоҳи Тоҳирӣ, «Робиа, духтари Каъб»-и Носири Наҷмӣ, «Шуълаи Балх»-и Носири Таҳурӣ, «Робиа»-и Ҳусайнқулӣ Мустаон, «Эҳдо ба Робиаи Балхӣ»-и Сабрин, «Ирс»-и Нуқра, «Ғуруб»-и Салими Зарафшонфар, «Хунқалам»-и Абдубароти Қодириро метавон ном бурд. Ин осор дар шакли маснавиву достон, осори драмавиву ғиноӣ, повесту роман ва ғазалу чаҳорпора навишта шудаанд.
Аз занони дигаре, ки дар озодандешӣ ва пешбурди анвои шеъри форсӣ мисли рубоӣ ва шаҳрошӯб эътироф шудаву эътибор ёфтаанд, Маҳастӣ будааст, ки дар садаи ХI умр ба сар бурдааст. Мақому манзалат, хидмат ва ибтикори Маҳастӣ дар адабиёти форсӣ дар заминаҳои зерин қобили эътироф ва арҷгузорист:
1. Нахуст, ӯ аз пешоҳангони занони суханвари форсизабон буд. Ӯ аввалин зане буд, ки беш аз ҳазор мисраи манзумаш дар кутуби қадимӣ – тазкираву баёзу ҷӯнгҳо, таърихномаҳову осори илмии адабӣ сабт аст. Агар тавзеҳи сабки шоирии Робиа ба илали камии мероси адабӣ имкон надошта бошад, рубоиёти Маҳастӣ, хушбахтона, барои хулосаҳо заминаи мувофиқ фароҳам меоранд. Дар ин ҷода душвории кор танҳо дар рубоиёти саргардон аст, ки ба номи Маҳастӣ дарҷ шудаанд. Дар сурати ҷудо кардани рубоиёти асил аз рубоиёти махлут миқдори ашъори боқимондаи шоирро метавон муайян кард ва хусусиятҳои тозаи сабки фардии ӯро равшан намуд.
2. Сониян, Маҳастӣ дар замоне зиндагӣ карда буд, ки шеъри форсӣ, бахусус, рубоӣ давраи боландагии худро аз сар мегузаронд. Дар рубоисароӣ бузургмардони зиёде чун Умари Хайёму Масъуди Саъди Салмон, Амир Муиззиву Саноӣ, Рашиди Ватвоту Асириддини Ахсикатӣ, Хоқонӣ ва даҳҳо нафари дигар гӯи сабқат аз дигарон бурда буданд ва панҷа задан бо эшон барои як зан кори саҳлу сода набуд. Аммо Маҳастӣ тавонист таваҷҷуҳи ҳамагонро сӯи ашъори худ кашад ва бовар кунонад, ки дар адабиёт на ба хотири зан буданаш, балки ба хотири ҳунари волояш эътироф шудааст.
3. Солисан, Маҳастӣ аввалин шоире буд, ки дар қолаби рубоӣ силсилаи бузурги шаҳрошӯб офаридааст. Шаҳрошӯб дар шеъри форсӣ то Маҳастӣ ҳам вуҷуд дошт, аммо шуарое, ки дар ин ҷода ҳунар озмудаанд, дар қолабҳои ғайрирубоӣ шеър гуфтаанд. Чунончи, шаҳрошӯби Масъуди Саъди Салмон, ки иборат аз 92 пораи шеърист, дар қолаби қитъа гуфта шудааст.
4. Ниҳоят, Маҳастӣ аз аввалин занони сухансарое буд, ки бунёди тасвирҳои занонаро поя гузошт. Дар замони зиндагии ӯ набудани намунаҳои шеъри занон ва тарвиҷи тасвирҳову нигоҳи мардона ба зиндагӣ кори ин бонуи суханварро хеле сангин карда буд ва ӯ мебоист бо роҳе равад, ки дигарон ҳанӯз по нагузошта буданд.
Бо ин далелҳо ба хулосае мерасем, ки Маҳастӣ аз поягузорони назми занони суханвари форсизабон буда, бо хидматҳои бесобиқааш дар адабиёти гузаштаи мо шоистаи арҷгузорӣ гаштааст.
Шабҳо, ки ба ноз бо ту хуфтам, ҳама рафт,
Дурҳо, ки ба нӯки дида суфтам, ҳама рафт.
Ороми дилу муниси ҷонам будӣ,
Рафтиву ҳар ончи бо ту гуфтам, ҳама рафт.
Зимнан то садаи ХVI номи тақрибан 30 зани шоир маълум будааст, ки номи 26-тои онҳо ба тазкираи аввалини занони суханвар «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб»-и Фахрии Ҳиравӣ ворид шудааст. Дар миёни онҳо Подшоҳхотун, Ҳаётбибӣ, Меҳрии Ҳиравӣ, Офоқбика, Ниҳонӣ, Ҳиҷобӣ, Нисоӣ ва дигарон буданд ва ҳатто бонуи соҳибдевоне бо исми Ҷаҳонмаликхотуни Шерозӣ – ҳамзамони Ҳофизи бузург, низ зистааст, ки девонаш чанде пеш дар Эрон ба табъ расид.
Аз миёни занони суханвар исми Зебуннисо аз садаи XVII бо он сабаб, ки ба барномаҳои мактабӣ ворид шудааст, ба хосу ом ошно буда, баҳси зиёде дар атрофи ин ном сар задааст. Сабаби баҳсҳо он аст, ки тахаллуси Махфӣ, ки Зебуннисо аз он истифода бурдааст, ба шоири марди ҳамзамони ин бону низ мансуб буда, дар девони ӯ баъзе шеърҳои Зебуннисо ҳам омехта шудааст. Ин нукта ҳоло дар илми мо исботи худро ёфта, вале шахсият ва ашъори ин бонуи соҳибқалам то ҳанӯз ба дурустӣ омӯхта нашудааст. Бар он назар ҳастем, ки ашъори боқимондаи Зебуннисо бояд як-як аз сарчашмаҳои муътамад ёфта, шахсият ва ҳунари ӯ аз сари нав ба хонандагон манзур шавад. Чунонки ҳини таҳқиқи як баёзи нодири асри ХVII мо якчанд рубоии Зебуннисоро пайдо кардем. Намуна:
Гул киштаму матбуи машомат нашудам,
Мул гаштаму ҳамнишини ҷомат нашудам.
Умре ба пари бурида кардам парвоз,
Аз бахти нагун шикори домат нашудам.
Дар асрҳои дигар то садаи ХХ аз миёни занони суханвар номҳои Нодира, Тоҷуддавла, Тоҳираи Қурратулъайн, Гавҳаршодбегим, Оишаи Афғон, Мастураи Курдистонӣ, Шоҳҷаҳонбегим, Махфии Бадахшӣ, Дилшоди Барно, Иффат, Маҳзуна шуҳрати бештар пайдо кардаанд. Дар маҷмуъ, то имрӯз зиёда аз панҷсад нафар бонувонро метавон ном бурд, ки ба тазкираҳо ворид шудаанд ва бархе, мисли Ҷаҳонмаликхотун, Нодира, Мастураи Курдистонӣ, Гавҳаршодбегим соҳибдевон ҳам будаанд.
Бамаврид аст аз номи занони носир низ ёдовар шавем. Аввалин зане, ки ба забони форсӣ асари таърихии ёддоштӣ навиштааст, Гулбаданбегим, духтари Заҳируддини Бобур буда, дар садаи XVI умр ба сар бурдааст ва асари мондагоре бо номи “Ҳумоюннома” таълиф кардааст. Пас аз “Ҳумоюннома” низ ба забони форсии тоҷикӣ ду асари дигари адабиву таърихӣ аз ҷониби суханварони зан таълиф шудааст, ки яке “Таърихномаи Ардалон”-и шоир ва олими тавоно Мастураи Курдистонӣ (1805-1852) ва дигар “Таърихи муҳоҷирон”- и бонуи суханвар Дилшоди Барно (1800-1907) мебошад ва ҳар ду низ осори хеле ҷолибу муҳиманд.
Бонувони номбурда идомабахш ва ворисони шоистаи тамаддуни ориёӣ ҳастанд. Дар ашъору осори онҳо табиати зебо, ишқи пок, некиву ростӣ сутуда мешавад ва анъанаҳои накукориву хирадгароӣ, озодагиву инсондӯстӣ ва эҳсосҳои наҷиби ӯ, чунонки дар Авастову “Шоҳнома” тарғиб мешаванд, паёми меҳварӣ мебошад.
Забони форсии тоҷикӣ, ки яке аз пояҳои асосии тамаддуни ориёӣ ба ҳисоб меравад, аз давраҳои пешазисломӣ реша гирифта, на танҳо тавассути мероси адабии гаронбаҳои мардон, балки занони соҳибсухан низ пойдор ва бобақо мондааст.
Дар сиёсати имрӯзаи кишвари мо занон ҳамчун тарбиятгарони насли нав, ҳомии арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорони рушди ҷомеа ҷойгоҳи хос доранд. Пешвои миллат баланд бардоштани мақоми занонро асоси сиёсати хеш донистаанд ва ба саҳми занон чун меросбарони шоистаи тамаддуни ориёӣ ва посдори забони модарӣ дар дарозои таърихи миллат низ таваҷҷуҳи шоиста доранд.
Матлубаи МИРЗОЮНУС,
профессори ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров,
узви пайвастаи Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва педагогии Россия