![]()
Имсол дар остонаи ҷашнҳои фархунда Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бори дигар ҷавҳари сиёсати инсонмеҳваронаи роҳбарияти олии мамлакат зуҳури тоза пайдо намуда, ҳазорон оиларо дар мамлакат шоду масрур намуд. 16-уми июни соли ҷорӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод карданд ва баъд аз қабули Қонун ба он имзо гузоштанд, ки нисбат ба 18038 маҳкумшуда татбиқ хоҳад шуд. Қабули ин санад ифодаи сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат буда, ба маҳбусоне, ки шомили авф мешаванд, имкон медиҳад, ки ба зиндагии озодона баргарданд ва ба корҳое машғул шаванд, ки ба нафъи худу ҷомеа бошанд.
Як вижагии Қонуни мавриди назар аз дигар қонунҳои авф дар он зоҳир мегардад, ки он нисбат ба занон ва ноболиғон сабукӣ ё имтиёзҳои бештар медиҳад. Дар умум, авфи маҳкумшудагон ишора ба низоми ҷомеаи адолатгустарест, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ дошта, ҳамчун эҷоди василаи тафаккури инсондӯстӣ низ истиқбол мешавад.
Ман ҳамчун иштирокчии ду даври музокироти сулҳи тоҷикон ва собиқадори дипломатия чунин виҷдони поку иродаи шикастнопазири Сарвари давлатро аз наздик дидаву шинохтаам. Мо фаромӯш накардаем, ки Пешвои миллат барои даст ёфтан ба сулҳу созгории миллӣ монеаҳои зиёдеро гузашта, борҳо ба авфи гуноҳу бахшиши ҷазои онҳое, ки ҷиноят содир кардаанд, рӯ овардаанд. Ҳамин гуна сиёсати инсондӯстона ва хиради азалии Президенти маҳбуби кишвар буд, ки ҷанги хонумонсӯз ба хотираи таърих супурда шуд ва фазои сулҳу осоиш дар мамлакати мо ҳукмфармо гардид. Ҳосили заҳматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ роҳи тараққиёти давлатсозии навини мо ҳамвор гардида, хусумату навмедӣ аз миён рафта, байни гурӯҳҳои мухталифи ҳизбию сиёсӣ эътимод ба миён омад.
Имрӯз чун чароғи фурӯзон ба ҳама маълум аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо атрофи арзишҳои миллии тоҷикон ҳарф мезананд, балки ба ҳалли мушкилоти умумибашарӣ таваҷҷуҳи махсус доранд. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳодисаҳои ҷаҳонӣ бетараф набуда, назару мавқеи мусбати худро баён менамояд.
Акнун мо ифтихор аз он дорем, ки Сарвари давлати тоҷикон достони сулҳофарии худро аз Қасри Арбоб оғоз карда, дар сатҳи байналмилалӣ – минбари бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид идома медиҳанд. Дар баробари таваҷҷуҳи вижа ба масоили обу иқлим ва роҳандозии ташаббусҳои шоиста дар ин самт, ки ба манфиати тамоми аҳли башар аст, Сарвари давлати мо бо пешниҳоди таклифҳои созанда ҷиҳати таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ маҳбубияти хос ба даст овардаанд.
Тозатарин далел дар мавриди ҳамчун ҳомии сулҳ дар ҷаҳон шинохта шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асоси пешниҳоди Тоҷикистон қабул гардидани қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” мебошад. Қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 25-уми июн – дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ воқеъ гардид, мавқеи сулҳҷӯёнаи давлату Ҳукумати кишвари соҳибистиқлоли моро дар болотарин сатҳ қарор дод.
Ёдовар мешавем, ки ин пешниҳод бо дарназардошти шароити ҳассоси ҷаҳони муосир, ҳанӯз соли 2024 зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии СММ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд. Ва ҳоло қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” паёмест, ки башариятро ба андешаи ҳифзи сулҳу суботи ҷаҳонӣ водор месозад.
Бешубҳа, саҳми шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалии ҷаҳон ва таъмини сулҳу амнияти байналмилалӣ аз нигоҳи таҳлилгарону сиёсатшиносон ва марказҳои бонуфузи омӯзишию таҳқиқотӣ дур нахоҳад монд. Чанде қабл бо Ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид сарфароз гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамин равзанаи ҳақбин аст, ки боиси ифтихори тамоми тоҷикони рӯйи олам мебошад.
Дар баробари ифтихору сарафрозӣ моро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои бунёдии Пешвои миллат дар сатҳи миллию байналмилалӣ даст ба дасти ҳам диҳем, неъматҳои истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифзу таҳким бахшем.
Усмоналӣ САИДАЛИЕВ,
дотсенти Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит