Дар остонаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоии соли ҷории кишвар ба ҳисоб меравад. Қонуни мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, ба татбиқи принсипҳои инсонгароӣ, адолати иҷтимоӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии ҷомеа равона гардидааст.
Ҳоким Қаландариён, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови АМИТ, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” қабули ин санади меъёрии ҳуқуқиро идомаи мантиқии сиёсати давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои мутобиқшавии иҷтимоии шахсони таҳти таъсири авф қарордошта маънидод кард. Номбурда таъкид кард, ки дар шароити муосир аҳамияти чунин иқдом на танҳо дар паҳлуҳои ҳуқуқӣ, балки дар ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ низ зоҳир мегардад, зеро бозгашти шаҳрвандон ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва меҳнатӣ метавонад ба афзоиши иштироки онҳо дар фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва дигар шаклҳои фаъолияти ҷамъиятӣ мусоидат намояд.
Аз нуқтаи назари илмӣ, институти авф татбиқи на танҳо принсипҳои раҳму шафқат ва адолатро амалӣ месозад, балки барои ҳифзи робитаҳои иҷтимоӣ, таҳкими муносибатҳои оилавӣ ва коҳиш додани хавфи канормонии иҷтимоии баъзе гурӯҳҳои аҳолӣ низ мусоидат менамояд. Тадқиқоти илмӣ дар соҳаи сиёсати иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки ҳамгироии муваффақонаи шаҳрвандон ба ҷомеа яке аз омилҳои муҳими таҳкими устувории иҷтимоӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои такрорӣ мебошад.
Дар тули солҳои истиқлолият дар мамлакат модели рушди ҷомеа ташаккул ёфтааст, ки бар пояи таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иҷтимоӣ асос ёфтааст. Дар ин замина, авф на танҳо ҳамчун санади ҳуқуқӣ, балки ҳамчун унсури муҳими сиёсати давлатӣ ҷиҳати таҳкими ҳамбастагии ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи эътимоди шаҳрвандон ба институтҳои давлатӣ арзёбӣ мегардад.
Аз дидгоҳи илмҳои гуманитарӣ, авфро метавон ҳамчун институти муҳими иҷтимоӣ арзёбӣ намуд, ки ба муносибатҳои ҷамъиятӣ, муҳити маънавию ахлоқӣ ва равандҳои ҳамгироии иҷтимоӣ таъсири назаррас мерасонад. Аҳамияти он аз доираи танзими ҳуқуқӣ фаротар рафта, масъалаҳои масъулияти иҷтимоӣ, ҳамраъйии шаҳрвандӣ ва таҳкими суботи ҷамъиятиро фаро мегирад. Аз ин рӯ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамчун қадами муҳим дар роҳи таҳкими арзишҳои инсонгароӣ, суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”