![]()
Маъмулан аксари мо медонем, ки низомиёнро баъди 20-25 соли фаъолият ба нафақа гусел мекунанд, аммо марди шариф, пири барнодил, генерал-майор Қалъадор Бақоев ҳамчун номвартарин низомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ба сарбозони ҷавон дарси шуҷоату мардонагӣ медиҳад. Дар солҳои охир мушовири фармондеҳи Гвардияи миллӣ буд ва ҳоло бо вуҷуди ба 87 расидани синну солаш дар яке аз бахшҳои низомии Вазорати мудофиа дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад. Сарнавишт бо номаш тавъам гардид, яъне ӯ Қалъадор, бонии қалъаи Меҳан аст ва чунин рисолатро то ҳанӯз бар дӯш дорад.
ҲАФТОД СОЛ ДАР СОҲАИ НИЗОМӢ
– Касоне, ки ин пешаро интихоб кардаанд, қабл аз ҳама, масъулиятшинос бошанд, ҳис кунанд, ки Ватан бар дӯшашон бори гарону пуршараф – ҳифзи марзу бум ва қонунро гузоштааст. Ин бори амонатро бояд ба манзил расонд, – мегӯяд қаҳрамони мо.
Қалъадор Бақоев соҳибтаҷрибатарин устоди илми ҳарбу зарб ва тарбияи ватандӯстӣ буда, сараш дар ҳамин ҷода сафед шудааст. Артиш, майдони ҳарб, бахшҳои низомӣ барои ӯ на танҳо хонаи дуюм, балки кайҳо хонаи аслиаш мебошанд. Қариб ҳафтод сол дар ин соҳа буд. Ҳамсафону ҳамсангарон ва шогирдонаш кайҳо ба неруи беҳамто, садоқат, тобоварӣ ба мушкилот, шавқу рағбати бекарон ба касб ва сабурии ин мард офаринҳо хондаанд.
БАРГАШТ БА ОҒӮШИ МЕҲАН
Соли 1991, баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон сафарбаркунӣ ба сохторҳои қудратӣ эълон шуд. Афсарону сарбозони мустаъфиро миллат ба хидмати Ватан даъват намуд. Яке аз аввалинҳо шуда Қалъадор Бақоев худро баҳри хидмат дар қӯшунҳои ВКД ҶТ номнавис кард.
Аз 19-уми октябри соли 1992 Бақоев ҳамчун муовини командири Қӯшунҳои дохилии ВКД ба фаъолият оғоз кард. Дар чунин вазифа он рӯзҳо кор кардан осон набуд, зеро дар кишвар муқовиматҳои хунини ҷонибҳои даргир идома дошт.
Он рӯзҳо барои кулли артиши навтаъсиси Тоҷикистон рӯзҳои вазнин мегузаштанд. Масъулони ин сохтор на шаб хоб доштанду на рӯз. Афсарону сарбозони зиёд қурбон шуданд. Соли 1995 дар ҷумҳурӣ бригадаи дифои иншооти таъиноти махсуси ВКД таъсис ёфт. Он бояд бехатарии сарварони давлат ва Ҳукумати кишварро таъмин мекарданд. Қалъадорро сардори шуъбаи тайёрии ҷангӣ ва баъдтар сардори Маркази кадрҳо таъин намуданд. Иҷрои ин вазифаҳо дар назди Меҳану миллат ва Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти баландеро тақозо дошт, ки полковник Қалъадор Бақоев онҳоро бо сари баланд иҷро намуд.
ТАЪСИСИ ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ
Бригадаи таъиноти махсус дертар Гвардияи президентӣ шуд ва роҳбарии онро ба Бақоев бовар карданд. Нисбат ба сохторҳои дигар масъулияти иҷрои ин вазифа ҷиддитар буд, зеро он бевосита таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекард. Яке аз хидматҳои арзандаи Қалъадор Бақоев командирони хурд, прапоршикҳо ва афсарони ҷавонро дар руҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба халқу Ватан ва Президенти кишвари хеш тарбият намудан буд.
Солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон афсарону сарбозони Гвардия дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, қонунӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амният ва таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуданд. 26-уми январи 2004 баъди тағйироти сохторӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сохтор ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдили ном кард.
Қаҳрамони мо ҳама нерую дониши низомии хешро истифода мебурд, то кор бенуқсон пеш равад. 7-уми сентябри соли 1998 Қалъадор Бақоев бо мукофоти олӣ – ордени Спитамен, дараҷаи 1 қадр шуд. Соли 2000 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи генерал-майорро гирифт.
Пири дарёдили 87-сола бо ифтихор изҳор медорад: “Ба Ватани хеш, барои мардуми худ хидмат кардану подоши онро дидан, лаззати дигар доштааст. Барои як ҷавони рустои дурдасти кӯҳистони Бадахшон, як фарзанди чӯпон расидан ба чунин рӯзҳо мисли хоб буд. Агар падарам зинда мебуд, аз замин то осмон ифтихор мекард. Сипосгузорам аз Сарфармондеҳи Артиши миллии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Тоҷикистони азизи моро аз нобудӣ эмин доштанд ва ба мо имкони хидмат ба Ватан доданд”.
Соли 2008-ум ҳайати фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал-майори гвардия Қалъадор Бақоевро бо тантана ба нафақа гусел намуд. Бо ин ҳам таҷрибаи бисёрсола ва донишҳои низомии ӯро ғанимат дониста, бо пешниҳоди Пешвои миллат мушовири фармондеҳи Гвардияи миллӣ гардид ва то ба наздикӣ фаъолият дошт. Ҳоло ҳам дар яке аз бахшҳои низомии Вазорати мудофиа пайи иҷрои рисолати хеш аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”