
30-юми июн дар деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон маросими видоъ бо муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон марҳум Алишер Мирзонабот баргузор шуд.
Алишер Мирзонабот 17-уми июн бар асари садамаи нақлиётӣ ҳамроҳи зану фарзанд ва ёрдамчиву ронандааш дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз дар дарёи Панҷ ғарқ шуда, ба ҳалокат расид.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 30-юми июн хабар дод, ки дар пайи корҳои ҷустуҷӯӣ наҷотдиҳандагон ҷасади марҳум Алишер Мирзонаботро дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мушоҳида карда, аз об берун бароварданд.
Дар маросими видоъ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо Асадулло Раҳмон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Саидзода, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин, наздикону пайвандон ва ҳамкорон иштирок намуданд.
Зимни маросим Асадулло Раҳмон ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум расонда, аз хизматҳои арзишманд ва фаъолияти пурсамари Алишер Мирзонабот ёдовар шуд ва саҳми ӯро дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, пешрафт ва ободонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоиста арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки ёди неки Алишер Мирзонабот ҳамчун роҳбари масъулиятшинос ва фарзанди содиқи Ватан дар хотираи мардуми тоҷик ҳамеша ҷовидон боқӣ хоҳад монд.
У.САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”