Баргашт Чоп кардан

ИЛМ. АЗ ПОЯИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА ОЯНДАИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ


Дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, ки бо шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ, афзоиши таҳдидҳои ғайрианъанавӣ, паҳншавии ифротгароӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва буҳронҳои экологию иқлимӣ тавсиф меёбад, масъалаи амнияти миллӣ дигар танҳо ба қудрати ҳарбӣ маҳдуд намешавад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки илм, маориф ва зеҳни инсонӣ ба унсури калидии амнияти устувори давлатҳо табдил ёфтаанд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (16-уми декабри соли 2025) маҳз бо ҳамин равиш фарқ мекунад. Дар ин Паёми фардоафрӯз илм ва маориф на танҳо соҳаи иҷтимоӣ, балки омили стратегӣ дар таъмини амнияти миллӣ, суботи ҷомеа ва бақои давлатдорӣ арзёбӣ мегарданд.
Пешвои миллат дар Паём таъкид намуданд, ки рушди устувори давлат ва ояндаи амни ҷомеа бевосита аз сатҳи илму маориф вобастагӣ дорад. Ин андеша бо консепсияи муосири «амнияти зеҳнӣ» мувофиқ мебошад, ки тибқи он давлате амн ҳисобида мешавад, ки дорои захираи қавии илмӣ, тафаккури интиқодӣ ва неруи инсонии босавод аст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ маҳз камбуди дониш, сатҳи пасти маърифат ва тафаккури илмӣ сабаби осебпазирии ҷомеа ба таҳдидҳои зерин мегардад: ифротгароӣ ва терроризм, таассубу хурофот, ҷиноятҳои фаромиллӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва таъсиррасонии идеологӣ.
Аз ин лиҳоз, дар Паём илм ҳамчун хатти аввали дифоъ аз ин таҳдидҳо маънидод мегардад. Тақвияти илм ва дониш сатҳи устувории зеҳнии шаҳрвандонро боло бурда, ҷомеаро аз таъсири ғояҳои ифротӣ эмин месозад.
Яке аз нуктаҳои калидии Паём таъкид ба он аст, ки решаи аслии гаравидан ба ифротгароӣ бесаводӣ, надоштани дониши дунявӣ ва муҳити ифротзада мебошад. Ин мавқеъ бо таҳлилҳои байналмилалӣ низ ҳамоҳанг аст.
Пешвои миллат ба падару модарон, омӯзгорон ва ҷомеа муроҷиат намуда, таъкид карданд, ки тарбияи насли босавод, соҳибтафаккур ва дорои ҷаҳонбинии илмӣ муҳимтарин воситаи пешгирии ифротгароӣ мебошад. Дар ин замина, омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури мантиқӣ, рушди маърифати ҳуқуқӣ ва шаҳрвандӣ ҳамчун унсурҳои амнияти миллӣ баррасӣ мегарданд.
Дар Паёми навбатӣ рақамҳои мушаххас оварда мешаванд, ки беш аз 21 фоизи буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф равона мешавад ва буҷети ин соҳа дар соли 2026 қариб ба 14 миллиард сомонӣ мерасад. Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки давлат илм ва маорифро на хароҷот, балки сармоягузории стратегӣ ба амнияти дарозмуддат мешуморад.
Афзоиши маоши омӯзгорон ва стипендияҳо низ ба баланд бардоштани сифати таълим ва ҷалби мутахассисони баландихтисос мусоидат мекунад, ки дар ниҳоят ба тақвияти иқтидори зеҳнии кишвар меорад.
Мустаҳкам гардидани мақоми омӯзгор ва олим боиси болоравии сифати таълим ва эътимоди иҷтимоӣ мегардад.
Дар Паём масъалаи бартарафсозии омилҳои инсонӣ дар низоми идоракунӣ ва имтиҳонсупорӣ таъкид мешавад. Ин нукта аҳамияти мустақим ба амнияти давлатӣ дорад, зеро коҳиши коррупсия, шаффофияти равандҳо, баланд шудани эътимоди шаҳрвандон ба давлат омилҳои асосии суботи ҷомеа мебошанд.
Гузариш ба низомҳои илмӣ асосёфта, истифодаи технология ва таҳлили коршиносӣ дар қабули қарорҳо давлатро аз хатарҳои идоракунии ғайрисамаранок муҳофизат мекунад. Шаффофият ва адолат дар идоракунӣ эътимоди мардумро ба ниҳодҳои давлатӣ тақвият медиҳад.
Паём таъкид мекунад, ки илм бояд бо арзишҳои миллӣ ва худшиносии шаҳрвандӣ ҳамоҳанг бошад. Тафаккури илмӣ дар баробари дониш, ҳисси масъулият, ватандӯстӣ ва дарки манфиати давлатро ташаккул медиҳад. Ҷомеае, ки дорои тафаккури илмӣ аст, фирефтаи таблиғоти ифротӣ намешавад, манфиати миллиро аз манфиати шахсӣ боло мегузорад, дар ҳифзи амнияти давлат саҳм мегирад. Пайвасти илм ва худшиносӣ ваҳдати миллӣ ва устувории иҷтимоиро таҳким мебахшад.
Паём ҷомеаро ба он ҳидоят мекунад, ки амнияти воқеӣ на танҳо бо қудрат, балки бо ақл, дониш ва маърифат таъмин мегардад.


Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,
раиси ноҳияи Спитамен