Баргашт Чоп кардан

ДАВЛАТДОРӢ. СЕ ИҚДОМИ НАҶИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


Аз 20 то 28-уми майи соли 2026, яъне дар фосилаи камтар аз даҳ рӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд кори бузургу мондагоре анҷом доданд, ки дар таърихи давлатдории минтақа ва дар ҳавзаи паҳновари тамаддуни форсӣ то кунун ҳеҷ роҳбар ё фарде накардааст.


Се ташаббусе, ки дар самти арҷгузорӣ ба гузаштаи миллат аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳо эълон шуд, фарогири ифтихороти 10 қарни таърих аст. Иқдомоти мазкур реша дар умқи таърихи гузаштаи мо доштаву бо фараҳмандӣ метавон гуфт, ки ин ташаббусҳо дарбаргирандаи ҳаёти пешинаи пурифтихори мо мебошанд ва барои эҳёи руҳи миллӣ ва тақвияти ифтихори ватандорӣ равона шудаанд. Арҷгузорӣ ба тамаддуни боарзиши ориёӣ, такмили омӯзиши алифбои ниёкон, таваҷҷуҳ ба осори бебаҳои илмӣ, адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии миллат, таъкид ба ҷойгоҳи ҷаҳонии Абуалӣ ибни Сино, эҳтиром ба мардони давлатсози мо, ки бо баҳои ҷони худ Тоҷикистонро сохтаанд, ҳама ин иқдомот дар асли худ бебаҳоянд. Пешниҳоди андешаҳои созандаву миллатдӯстона, афкори муттаҳидкунандаву ваҳдатофарин ва амалӣ гардонидани ин ҳама иқдомоту ташаббусҳои наҷиб руҳи гузаштагони миллатро шод, ҳақиқати таърихиро барқарор ва ба боло рафтани эҳсоси худогоҳию худшиносии мардум мусоидат менамояд.
20-уми май бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон порахоки рамзии фарзонафарзандони Тоҷикистон, шаҳидони роҳи истиқлол ва озодии миллати тоҷик Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз Маскав ба Душанбе оварда шуда, бо шукӯҳу ҷалоли бемонанд ва бо арҷгузории тамом ба хоки поки Ватан супурда шуд. Ин иқдоми миллатдӯстонаи Раҳбари хирадманди Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар ҳамовозии гарму бесобиқае ба вуҷуд овард. Мардуми Тоҷикистон ин ташаббуси наҷиби Пешвои миллатро эҳтиром ба таърихи гузашта ва пос доштани хотираи бузургмардони миллат унвон карданд.
23-юми май Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо фармони 1180-и худ Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тибро таъсис доданд. Мақсад аз таъсиси он таваҷҷуҳи бештар намудан ба осори арзишманди олими бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино ва дастовардҳои илми тибби тоҷик, баланд бардоштани нақши илми тиб, дорушиносӣ ва омӯзиши ихтирооту технологияҳои муосири тиббӣ, рушди соҳаи тандурустӣ дар мамлакат, мустаҳкам намудани робитаҳои байналмилалӣ ва ҳавасмандгардонии олимону муҳаққиқони соҳаи мазкур мебошад.
28-уми май Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи бештар намудан ба тадриси фанни алифбои ниёкон ва беҳтар кардани сифати таълими фанни мазкур дар муассисаҳои таълимӣ изҳори назар намуданд ва дастур доданд, ки ин кор дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ анҷом шавад.
Таваҷҷуҳи бештар намудан ба омӯзиши алифбои ниёкон, тарғибу ташвиқи таърих ва тамаддуни ориёӣ, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино, арҷгузорӣ ба хидматҳои бузургмардоне чун Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ҳама ин ташаббусҳо саҳифаҳои тобноки таърихи пурифтихори миллат мебошанд, ки ба хонанда сабақи ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ медиҳанд. Ин ҳама иқдомоти арзишманд ҳалқаҳои як занҷире ҳастанд, ки гузаштаву имрӯзу ояндаи моро бо ҳам васл мекунанд.
Толибшо САИДОВ,
мудири бахши мониторинг
ва арзёбии сифати таҳсилот,
Аълочии маорифи Тоҷикистон