![]()
Дар даҳсолаҳои охир диабети қанд ба яке аз масъалаҳои ҷиддии соҳаи тандурустии ҷаҳон табдил ёфтааст. Афзоиши босуръати шумораи беморон нишон медиҳад, ки ин беморӣ дигар танҳо мушкили тиббӣ набуда, ба масъалаи муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ низ мубаддал гардидааст. Кишвари мо низ аз ин раванд дар канор нест, зеро солҳои охир зиёдшавии бемориҳои эндокринологӣ, аз ҷумла диабети қанд, бештар ба назар мерасад.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, шумораи гирифторони диабети қанд дар ҷаҳон аз соли 1990 то соли 2022 аз 200 миллион нафар ба 830 миллион нафар расидааст. Айни замон 14 фоизи аҳолии аз 18-сола боло гирифтори ин беморӣ мебошад.
Коршиносон бар он назаранд, ки фарбеҳӣ яке аз омилҳои муҳимтарини хавфи диабети қанд мебошад. Дар солҳои охир ин мушкилот на танҳо миёни калонсолон, балки байни кӯдакон ва наврасон низ бештар ба мушоҳида мерасад. Ин ҳолат зарурати ташаккули фарҳанги ғизои солим ва баланд бардоштани маърифати ғизоиро боз ҳам муҳим мегардонад.
ОМИЛҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ИҚТИСОДӢ
Вазъи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ ба сатҳи саломатии ҷомеа таъсири мустақим мерасонад. Қишрҳои рӯ ба рушд на ҳамеша имкони дастрасӣ ба ғизои босифат, ташхиси тиббӣ ва хизматрасониҳои зарурии тандурустиро доранд. Дар чунин шароит хатари гирифторшавӣ ба бемориҳои музмин, аз ҷумла диабети қанд, бештар мешавад. Аз ин рӯ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва таъмини дастрасии баробар ба хизматрасониҳои тандурустӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат ба шумор мераванд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки омилҳои ирсӣ ва муҳити зист низ ба пайдо шудани ин беморӣ бетаъсир намебошад.
Ба гуфтаи Моҳсафар Раҳимова, духтури бемориҳои эндокринологӣ, омилҳои ирсӣ низ дар пайдоиши диабети қанд нақши муайян доранд. Агар дар оила шахсони гирифтори диабети қанд мавҷуд бошанд, эҳтимоли рушди беморӣ дар фарзандон ва наздикон бештар мегардад. Бо вуҷуди ин, омилҳои генетикӣ танҳо дар якҷоягӣ бо тарзи нодурусти зиндагӣ, ғизои носолим ва фаъолияти ҷисмонии нокифоя хатари бемориро зиёд мекунанд. Ҳамзамон, стрессҳои доимӣ, мушкилоти иқтисодӣ, муҳоҷират ва маҳдуд будани имкониятҳои ташхиси барвақтӣ низ метавонанд ба афзоиши беморӣ таъсир расонанд. Бинобар ин, таҳкими кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва ташкили муоинаҳои профилактикӣ аҳамияти хосса доранд.
ПЕШГИРӢ – РОҲИ МУАССИРИ МУБОРИЗА
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки пешгирии диабети қанд, пеш аз ҳама, ба риояи тарзи ҳаёти солим вобаста аст. Ғизои мутавозин, машғулияти мунтазами варзишӣ, назорати вазни бадан, муоинаҳои даврии тиббӣ ва даст кашидан аз одатҳои зараровар метавонанд хатари пайдоиши бемориро ба таври назаррас коҳиш диҳанд.
Хуллас, диабети қанд имрӯз ба яке аз таҳдидҳои ҷиддии саломатии аҳолӣ табдил ёфтааст. Паҳншавии он натиҷаи таъсири ҳамзамони омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ирсӣ ва рафторӣ мебошад. Аз ин рӯ, мубориза бо ин беморӣ муносибати ҳамаҷониба ва ҳамоҳангшударо тақозо мекунад.
Пешгирии диабети қанд танҳо вазифаи кормандони соҳаи тандурустӣ нест. Ин масъулияти муштараки мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванд мебошад. Танҳо тавассути тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ метавон сатҳи гирифторшавӣ ба ин бемории хатарнокро коҳиш дода, барои ташаккули ҷомеаи солим заминаи устувор фароҳам овард.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»