
Дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, шаҳри Истиқлол талошҳои пайгирона дорад. Дар ин раванд фаъолияти корхонаи металлургии шаҳри Истиқлолро метавон ҳамчун намунаи равшани ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ шинохт.
Муовини директори корхона Эмомалӣ Норов зимни суҳбат иброз дошт, ки корхона бо сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи 200 миллион доллари ИМА бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии солонаи он ба 50 ҳазор тонна сурби 92-95-фоиза мерасад. Ин нишондиҳанда барои рушди саноати кӯҳӣ ва металлургии кишвар аҳамияти калон дошта, дар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ саҳми назаррас мегузорад.
Эмомалӣ Норов таъкид намуд, ки марҳалаи нави истеҳсолот аз соли 2023 оғоз гардида, имрӯз беш аз 300 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудааст. Роҳбарияти корхона ба масъалаҳои иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Барои кормандон шароити муносиби меҳнат ва истироҳат муҳайё шуда, мутахассисоне, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳо ҷалб мешаванд, бо манзили истиқоматӣ таъмин мегарданд.
Ҳамзамон, дар назди корхона бунёди боз як корхонаи нави истеҳсолӣ идома дорад, ки барои коркарди ашёи хом пешбинӣ шудааст. Баъди ба истифода додани иншоот зиёда аз 200 нафар бо ҷойи нави кори доимӣ таъмин мешавад. Бо фаъол гардидани корхонаи мазкур занҷири истеҳсолӣ такмил ёфта, имкониятҳои коркарди маҳсулот ва баланд бардоштани арзиши иловашудаи он бештар мешавад.
Корхонаи металлургии шаҳри Истиқлол имрӯз яке аз намунаҳои муваффақи ҳамкории иқтисодии байналмилалӣ ва татбиқи сиёсати давлатии рушди саноат ба шумор меравад.
ЗАФАРОБОД. НАҚШИ КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ ДАР ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИ НОҲИЯ ЛОИҚИ ТАҲСИН АСТ
Дар ноҳияи Зафаробод барои густариши иқтидорҳои саноатӣ ва истифодаи самараноки захираҳои маҳаллӣ тадбирҳои судманд меандешанд. Соли равон корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 57,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле зиёд аст. Истеҳсоли нахи пахта, равғани рустанӣ, чигит ва маҳсулоти сохтмонии алюминӣ нисбат ба соли рафта бештар ба роҳ монда шудааст.
Дар байни корхонаҳои фаъол ҶДММ «Кони ганҷ» мақоми махсус дорад. Корхона, ки чанд сол пеш ба фаъолият оғоз намуд, имрӯз яке аз ҳалқаҳои муҳими занҷири коркарди пахта ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо ашёи хоми кишоварзӣ ба маҳсулоти тайёр табдил ёфта, ба бозори дохилӣ пешниҳод мегардад. Масъулини корхона мегӯянд, ки ҳамкорӣ бо пахтакорон яке аз самтҳои асосии фаъолият мебошад. Бо хоҷагии деҳқонӣ шартнома баста шуда, барои таъмини онҳо бо тухмӣ, нурӣ ва дигар воситаҳои истеҳсолӣ ёрӣ расонда мешавад. Ҳар сол барои сармоягузорӣ ва дастгирии хоҷагиҳо то ду миллион сомонӣ равона мегардад. Ҳамзамон, дар мавсими коркарди пахта даҳҳо сокини маҳаллӣ дар ин корхона ба кор ҷалб гардида, даромади иловагӣ ба даст меоранд.
Коркарди маҳсулоти ширӣ низ дар ноҳия тадриҷан рушд мекунад. ҶДММ «Шири Зафаробод» бо истеҳсоли чандин намуди маҳсулоти ширӣ дар таъмини бозори маҳаллӣ саҳми назаррас дорад. Дар корхона сифати ашёи хом таҳти назорати ҷиддӣ қарор дошта, пеш аз оғози раванди истеҳсол шир аз санҷиши лабораторӣ мегузарад.
– Риояи меъёрҳои санитарӣ ва сифати маҳсулот барои мо авлавият дорад, – иброз медорад сармутахассиси коргоҳ Иззатшо Ғайратшоев.
Истеҳсоли ҳаррӯзаи маҳсулоти ширӣ талаботи қисми муайяни аҳолии ноҳияро таъмин мекунад ва қисме аз маҳсулот ба дигар минтақаҳои кишвар фиристода мешавад.
Рушди соҳибкорӣ низ аз омилҳои муҳими пешрафти иқтисодии ноҳия аст. Дар Зафаробод беш аз шаш ҳазор субъекти хоҷагидор фаъолият дорад, ки қисми асосии онҳоро соҳибкорони инфиродӣ ташкил медиҳанд.
Имрӯз саноат дар ноҳияи Зафаробод ба марҳалаи нав ворид шудааст. Бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, дастгирии соҳибкорон, ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави кор барои таҳкими иқтидори иқтисодии ноҳия заминаи устувор гузошта, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”