![]()
Ҳар миллате, ки ба илму маърифат арҷ мегузорад, пеш аз ҳама, мақоми омӯзгорро гиромӣ медорад, зеро омӯзгор шахсест, ки бо нури дониш ҷаҳони маънавии инсонро равшан намуда, роҳи расидан ба ормонҳои волоро ҳамвор месозад. Агар табиб танро муолиҷа кунад, омӯзгор руҳу андеша ва ҷаҳонбинии инсонро парвариш медиҳад. Аз ҳамин ҷост, ки омӯзгорӣ дар ҳама давру замон яке аз муқаддастарин ва пурмасъулияттарин пешаҳои ҷомеа маҳсуб меёбад.
Аз ин рӯ, барои ман фаъолият дар соҳаи маориф танҳо иҷрои вазифа нест, балки рисолати муқаддас ва зиндагисоз аст, ки меҳру муҳаббат ба шогирдон, садоқат ба касб ва эҳсоси баланди масъулияти маънавиро тақозо менамояд. Ман ҳамеша кӯшиш мекунам, ки дар баробари омӯзондани дониш, дар қалби хонандагон арзишҳои волои инсонӣ, эҳтиром ба Ватан, худшиносии миллӣ ва фарҳанги муоширатро низ парвариш диҳам.
Чунонки мутафаккир Муҳаммад Риҷоӣ хеле дақиқ фармудааст:
«Муаллимӣ шуғл нест, муаллимӣ ишқ аст. Агар онро чун воситаи рӯзгоргузаронӣ интихоб намудаӣ, раҳояш кун. Агар ишқи туст, муборак бошад».
Ин суханон барои ман танҳо як андеша нестанд, балки меъёри фаъолияти ҳаррӯзаи омӯзгорӣ мебошанд.
Ҳамзамон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
«Омӯзгор шахсияти калидии ҷомеа буда, пешрафти давлат ва тарбияи насли оянда аз дониш, маърифат, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти ӯ вобастагии мустақим дорад».
Ин андешаи арзишманд рисолати омӯзгорро боз ҳам равшантар месозад. Воқеан ҳам, омӯзгор дар ҷомеа танҳо омӯзонандаи дониш нест, балки меъмори маънавияти инсон, тарбиятгари шахсият ва роҳнамои насли оянда мебошад. Аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти ӯ сарнавишти ҷомеа ва фардои миллат вобастагӣ дорад.
Ман бар он боварам, ки омӯзгор, пеш аз ҳама, бояд соҳиби қалби саршор аз меҳр, андешаи созанда ва масъулияти баланд бошад, зеро омӯзгор танҳо ба хонанда дарс намегӯяд, балки дар ташаккули шахсият, ҷаҳонбинӣ ва ояндаи ӯ саҳм мегузорад. Ҳар боре ки шогирде ба дастоварде ноил мегардад ё дар ҷомеа мавқеи арзанда пайдо мекунад, омӯзгор самараи заҳмати худро мебинад ва дармеёбад, ки рисолати ӯ беҳуда набудааст.
Дар ин раванд муҳаббат ба зиндагӣ ва ишқ ба дониш ҳамчун неруи асосии тарбия ва рушд хизмат мекунад. Омӯзгор бояд эҷодкор, навовар ва ҳамқадами замон бошад. Ин маънӣ дар андешаи шоиронаи банда чунин ифода ёфтааст:
Зиндагӣ пурмавҷи дарёву хурӯшон,
Умри инсон аз муҳаббат гашта рахшон.
Ишқ бошад маҳзари ҳар илму ирфон,
Машъале андар дили соҳибдилон.
Ин мисраъҳо бозгӯйи он ҳақиқатанд, ки муҳаббат ва ишқ ба дониш неруи асосии пешрафти инсон аст. Бе муҳаббат на омӯзиш маънои амиқ пайдо мекунад ва на тарбия ба самараи комил мерасад.
Андешаи волои тарбияи инсон ва бунёди ҷомеаи одилона дар осори мутафаккирони бузурги тоҷик низ мақоми махсус дорад. Аз ҷумла, Абдураҳмони Ҷомӣ дар асари машҳури «Хирадномаи Искандарӣ» симои шоҳи одилро ҳамчун роҳбари хирадманд, донишпарвар, адолатгустар ва ғамхори мардум ба тасвир кашидааст. Ба андешаи ӯ, пешрафти ҷомеа, ободии кишвар ва саодати мардум маҳз ба адолат, хирад ва таваҷҷуҳи роҳбар ба илму дониш вобаста мебошад.
Ҷомӣ бар ин назар аст, ки ҳокими одил бояд барои рушди маърифат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи инсонҳои донишманд шароити мусоид фароҳам оварад. Ин ғояи инсонпарварона имрӯз низ аҳамияти бузурги худро нигоҳ доштааст.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ғояи «шоҳи одил», ки Абдураҳмони Ҷомӣ дар асари «Хирадномаи Искандарӣ» ба тасвир кашидааст, имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст. Ҷомӣ роҳбари идеалиро ҳамчун шахсияти хирадманд, адолатгустар, донишпарвар ва ғамхори мардум муаррифӣ менамояд, ки тамоми фаъолияти худро ба хотири ободии кишвар ва саодати ҷомеа равона месозад.
Имрӯз ин ғояҳои волои инсонпарварона ва маърифатмеҳварро дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида метавонем. Сиёсати давлатдории Пешвои миллат бар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди илму маориф, дастгирии ҷавонон ва таъмини зиндагии шоистаи мардум асос ёфтааст. Маҳз тавассути чунин сиёсати хирадмандона барои омӯзгорон ва хонандагон имкониятҳои васеи таълиму тарбия фароҳам омада, Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи донишбунёд ва пешрафта қадамҳои устувор мегузорад.
Аз ҳамин ҷиҳат, метавон гуфт, ки ормонҳои маорифпарварона ва адолатмеҳвари Абдураҳмони Ҷомӣ дар замони соҳибистиқлолӣ дар сиёсати созанда ва мардумпарваронаи Пешвои миллат таҷассуми шоистаи худро пайдо намудаанд. Ин воқеият масъулияти омӯзгоронро боз ҳам бештар намуда, онҳоро водор месозад, ки барои тарбияи насли донишманд, ватандӯст ва худшинос бо садоқат ва эҳсоси баланди масъулият фаъолият намоянд.
Ман ҳамеша ба шогирдон таъкид менамоям, ки роҳи муваффақият аз меҳнат, сабр ва донишандӯзии пайваста оғоз мегардад. Дар яке аз дарсҳои худ ба хонандагон чунин иброз доштам:
«Зиндагӣ рӯди равонест, ки гоҳе орому мусаффо ва гоҳе пурталотуму туғёнгар мегардад. Баъзан инсонро чунон дар гирдоби имтиҳону озмоишҳои худ мекашад, ки танҳо бо неруи ақлу заковат, сабру матонат ва иродаи қавӣ метавонад роҳи растагориро пайдо намуда, ба соҳили мурод бирасад».
Ин андеша бозгӯйи он аст, ки муваффақият ҳаргиз тасодуфӣ нест, балки натиҷаи талоши пайваста, худтакмилдиҳӣ ва устуворӣ дар роҳи донишандӯзист.
Эҳсоси самимии шогирдон нисбат ба омӯзгор барои ҳар устод беҳтарин подоши маънавӣ мебошад. Яке аз шогирдонам - Беҳзод Ғафуров ин эҳсосро дар шеъри худ чунин баён кардааст:
Ташаккур бар ту устоду муаллим,
Ки додӣ баҳри мо тадрису таълим.
Ту шахси меҳтариву хоксорӣ,
Ту дорои вуҷуди беғуборӣ.
Зи дарси сулҳи ту меёбад оғоз,
Барои насли миллат роҳи парвоз.
Туӣ худ файзбахши зиндагонӣ,
Вуҷуди туст кони меҳрубонӣ.
Ба васфи ту ҳазорон достон кам,
Бисозем мо ҳаме пеши ту сар хам.
Набошад гарчи аъло шеъри Беҳзод,
Биболам, гар шавад таъби касе шод.
Ин гуна суханони самимӣ ва эҳтироми шогирдон барои омӯзгор аз ҳар гуна мукофоту унвон арзишмандтаранд, зеро рисолати омӯзгор дар саҳифаҳои китобҳо не, балки дар сарнавишт ва комёбиҳои шогирдон таҷассум меёбад.
Дар фарҷом метавон гуфт, чароғе, ки омӯзгор меафрӯзад, ҳаргиз хомӯш намешавад. Нури он дар қалби шогирдон боқӣ мемонад, онҳоро ба роҳи дониш, инсондӯстӣ ва созандагӣ раҳнамун месозад. Аз ин рӯ, эҳтироми омӯзгор эҳтироми маърифат, эҳтироми миллат ва эҳтироми оянда мебошад.
Диловар НАРЗУЛЛОЕВА,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори Гимназияи №5 ба номи академик Раҷаб Амонови шаҳри Истаравшан