Баргашт Чоп кардан

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АБДУЛЛОҲ ИБНИ МУҲАММАД


1-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайхро ба ҳузур пазируфтанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “мо Арабистони Саудиро шарики муҳими худ дар ҷаҳони арабу ислом медонем”.
Ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои давлатҳо дар ҷодаи дипломатияи парлумонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба тақвияти бештари он изҳори ҳавасмандӣ карданд.
Ба таҳкими робитаҳои сиёсӣ, ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву башарӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Мусоҳибон роҳандозӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ барои татбиқи тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисоди Тоҷикистонро, ки мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб қарор доранд, муҳим арзёбӣ намуданд.
Зикр гашт, ки идомаи ҷалби муассисаҳои молиявии Арабистони Саудӣ барои татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти милливу минтақавӣ ба рушди ҳамкориҳои мутаносибан судманд мусоидат менамояд.
Ҷонибҳо густариши робитаҳо дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, бахшҳои аграрӣ ва зерсохтори нақлиётиро аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ номиданд.
Роҳҳои тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, доир ба масоили рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт. Дар ин замина, ба Арабистони Саудӣ барои дастгирии ташаббуси Тоҷикистон дар хусуси эълон кардани "Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027 – 2036" изҳори сипос шуд.