Ҷаббор Носирзода, раиси шаҳри Ҳисор, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни сохтмон ва раванди корҳои ободонӣ дар иншооти ҷашнии соҳаи маориф шинос гардид.
Раиси шаҳр дар ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор ва деҳоти Навобод бо рафти корҳо дар муассисаҳои томактабӣ шинос шуда, дар ҷамоатҳои шаҳраки Шарора ва деҳоти Мирзо Ризо аз сохтмони бинои ду мактаби наву замонавӣ, ки барои 1600 хонанда пешбинӣ шудаанд, боздид намуд.
Зимни боздид раиси шаҳр бо мардуми маҳаллӣ дар бораи мушкилоту пешравиҳо, зарурати ба замони муосир мутобиқ кардани муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ дар деҳот гуфтугӯ намуд. Барои бо сифати баланд иҷро кардани корҳо, дар муҳлати муайяншуда супурдани биноҳо ва таҷлили бошукӯҳи Ҷашни миллӣ ба роҳбарони дастгоҳи ҷамоатҳо, масъулони соҳа ва сохтмончиён дастуру супоришҳои қатъӣ дод. Ҳамчунин, барои сабзу хуррамгардонии атрофи иншооти ҷашнӣ ва шинондани дарахтони сояафкану гулҳои ороишӣ тавсияҳои судманд дода шуд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар байни деҳаҳои Нилу, Тахт ва Кафшдӯзони Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ сохтмони пули нав идома дорад. Бояд гуфт, ки мардуми деҳаҳои Шоҳон, Чашмабозор, Кӯшкаки Мазор, Искичи Ҷамоати мазкур низ аз ин пул истифода хоҳанд кард. Ин иншооти муҳим бо ташаббуси сокинони маҳаллӣ ва тариқи ҳашари дастаҷамъона бунёд гардида истодааст. Тибқи лоиҳа, дарозии пул 15 метр, паҳноиаш 5 ва баландиаш 4 метрро ташкил медиҳад. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот рафтуомади сокинон осон гардида, робитаи байни деҳаҳо боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Сокинон иброз медоранд, ки бунёди чунин иншооти муҳими иҷтимоӣ натиҷаи фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумат мебошад. Корҳои сохтмонӣ айни ҳол бомаром идома дошта, сокинон тасмим доранд онро дар арафаи Ҷашни бузурги миллӣ ба анҷом расонанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»