![]()
![]()
Ҷашни Тиргон дар қатори дигар ҷашнҳои бостонии бузурги миллии мо – Наврӯз, Меҳргон, Сада ва амсоли инҳо ҷойгоҳи хосса дорад. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон эҳёи суннатҳои миллӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии давлат табдил ёфтааст. Бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бостонии миллӣ аз нав эҳё гардида, мақоми шоистаи худро дар ҳаёти ҷомеа пайдо намудаанд.
Ин матлаб зимни ифтитоҳи Ҷашни Тиргон, ки 28-уми июн дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе якҷо бо Иди зардолу ва намоиши хушкмеваҳои Тоҷикистон баргузор гашт, баён шуд.
Дар маросими ифтитоҳи Ҷашн муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода ва дигар намояндагони вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд.
Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни Тиргон аз тарафи муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода ироа карда шуд.
Ҳадафҳои асосии баргузории ин чорабинӣ нигоҳдорӣ ва инкишофи анъанаҳои қадимаи кишоварзӣ, мавриди тарғиб қарор додани Ҷашни Тиргон бо нигоҳи тоза ва омӯзиши он аз тарафи пажӯҳандагон, бозтоби мероси дастовардҳои илмию инноватсионии технологияҳои парвариши боғдорӣ, тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватанпарварию инсондӯстӣ, муаррифии дастовардҳои боғдорон ва хоҷагиҳои ба соҳаи боғдорӣ машғулбуда, фаровонии меваи зардолу дар бозорҳои дохилӣ, афзоиши нишондодҳои содироти ин навъи маҳсулот ба хориҷи кишвар ва мусоидат намудан ба рушди соҳа арзёбӣ гардиданд.
Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, навъҳои гуногуни зардолу, анвои аз он омодашуда, олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладона, зироати полизӣ, аз ҷумла тарбузу харбуза, ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд. Илова бар ин, дар боғ гӯшаҳое мавҷуд буданд, ки дастовардҳои илмии олимони соҳаи кишоварзии мамлакатро нишон медоданд. Сокинон аз олимон, коршиносон ва деҳқонони ботаҷриба оид ба тарзи парвариши ин ё он навъи рустанӣ маслиҳат мегирифтанд.
Дар охир иштирокдорони фаъол бо диплому сипосномаи Вазорати кишоварзӣ сарфароз гаштанд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”