Чанде пеш дар доираи ҷаласаи Гурӯҳи кишварҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ мулоқоти муштараки вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо муовини директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор ҷаноби Бо Ли баргузор гардид.
Фирдавс Толибзода иброз дошт, ки сарфи назар аз шароити ноустувори иқтисоди ҷаҳонӣ, иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди устувори худро нигоҳ дошта, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, аз ҷумла ҳаҷми воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, сатҳи захираҳои байналмилалӣ, дороиҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва нишондиҳандаҳои рушди хизматрасониҳои рақамии молиявӣ тамоюли мусбат ва афзоишро нишон медиҳанд.
Ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъорро мавриди баррасӣ қарор дода, ба татбиқи барномаҳои кумаки техникӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва такмили сиёсати макроиқтисодӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Дар фарҷом бо ишора ба сатҳи баланди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор ва нақши он дар таҳкими суботи макроиқтисодӣ, татбиқи ислоҳоти сохторӣ ва рушди низоми молиявии кишвар ба ҷаноби Бо Ли ва намояндагони ин ниҳоди молиявии байналмилалӣ барои ҳамкориҳои судманд изҳори миннатдорӣ баён гардид ва омодагӣ ҷиҳати идомаи муколама созанд, инчунин, густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид карда шуд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
ИШТИРОКИ ФИРДАВС ТОЛИБЗОДА ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “MONETARY POLICY DIALOGUE – 2026”
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар Форуми байналмилалии «Monetary Policy Dialogue – 2026», ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид ширкат намуд. Дар он мавзуи «Сиёсати пулию қарзӣ дар шароити ноустувории иқтисоди ҷаҳонӣ ва дигаргунсозии рақамӣ», инчунин масъалаҳои трансформатсияи рақамии бахши молиявӣ баррасиву арзёбӣ гаштанд.
Ҳангоми муҳокимаҳо оид ба дурнамои истифодаи зеҳни сунъӣ ва омӯзиши худкор дар таҳлили макроиқтисодӣ, пешгӯйии таваррум, назорати бонкӣ ва рушди инфрасохтори пардохтӣ миёни иштирокдорон табодули назар сурат гирифт. Таъкид шуд, ки истифодаи технологияҳои нав бо таҳкими устувории амалиётӣ, амнияти киберӣ ва механизмҳои самараноки идоракунии хатарҳо бояд ҳамоҳанг бошанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Форуми байналмилалии «Monetary Policy Dialogue – 2026» ҳамчун майдони муколамаи касбии роҳбарони бонкҳои марказӣ, намояндагони муассисаҳои молиявии байналмилалӣ, иқтисоддонҳои пешбари ҷаҳонӣ ва ҷомеаи илмӣ оид ба масъалаҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ дар шароити идомаи номуайянии ҷаҳонӣ, тағйироти сохтории иқтисоди ҷаҳонӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ истифода бурда мешавад.
Дар кори Форум намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO), инчунин, бонкҳои марказии кишварҳои Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Лихтенштейн, Полша, Сербия, Швейтсария, Тоҷикистон, Туркманистон ва марказҳои пешбари таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»