Дар шаҳри Вашингтон вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио вохӯрд.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ширкатҳои амрикоиро ба лоиҳаҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ намуданд. Имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, инфрасохтори нақлиёт ва иқтисоди рақамӣ низ таъкид гардид.
ТОҶИКИСТОН – РОССИЯ
Баррасии робитаҳои парлумонӣ
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода бо котиби генералии Конфедератсияи умумииттифоқии иттифоқҳои касаба, вакили Думаи давлатии Федератсияи Россия Виктор Пинский мулоқот намуд.
Иброз гардид, ки ҳамкории ду давлат бар пояи шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ, эҳтироми мутақобила, баробарҳуқуқӣ ва ба инобат гирифтани манфиатҳои ҳамдигар мунтазам рушд меёбад.
Парлумонҳои ҳар ду давлат дар таъмини заминаи ҳуқуқии татбиқи созишномаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада нақши муҳим доранд ва густариши ҳамкории байнипарлумонӣ ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳад намуд.
Инчунин, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия фаъолият доранд, муҳокима шуд.
ТОҶИКИСТОН – ӮЗБЕКИСТОН
Нақшаи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2026 – 2027 ба имзо расид
Санад дар шаҳри Тошканд зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо муовини Сарвазир – вазири иқтисод ва молияи Ӯзбекистон Ҷамшед Кучкаров ба тасвиб расид.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисод, молия, савдо ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба дурнамои нави таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ ибрози назар намуданд.
Ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ дар Осорхонаи миллӣ
Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба эълон гардидани "Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036" ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор шуд.
Директори Осорхона Зафаршо Иброҳимзода доир ба аҳамияти ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани "Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036" ибрози назар намуда, таъкид сохт, ки қабули ин ташаббус аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ далели эътирофи нақши созандаи Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва густариши фарҳанги сулҳ мебошад.
Таъкид гардид, ки чунин иқдомҳо барои тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулгароӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ва ҳифзи сулҳу амният аҳамияти бузург доранд.
МАСТЧОҲ
Шиносоии раиси вилоят бо вазъи корҳои саҳроӣ
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, нашъунамои пахта ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ шинос гардид.
Дар хоҷагии деҳқонии ба номи Сангин Қуддус, ки дорои 50 гектар замини кишоварзӣ мебошад, соли ҷорӣ кишти пахта пурра бо усули зери плёнка ба роҳ монда шуд.
Дар баробари пахтакорӣ, хоҷагӣ ба парвариши полизӣ, сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво низ машғул мебошад. Аз ҷумла, дар 5 гектар харбузаи навъи «Оби набот» кишт гардида, ҳосили фаровон ба даст омад.
Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки бояд ҳар ваҷаб замин самаранок истифода шуда, барои гирифтани ду-се ҳосил дар як сол ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ чораҷӯӣ карда шавад.
ВМКБ
Оғози Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон – Ватани азизи ман"
Дар маросими ифтитоҳи Озмун, ки дар шаҳри Хоруғ доир гашт, муовини раиси вилоят Муслима Авзалшо иброз дошт, ки миллати тоҷик аз қадим дорои фарҳанги бою ғанӣ буда, маҳз бо расму русум ва суннатҳои аҷдодии худ дар ҷаҳон маълуму машҳур мебошад.
Гуфта шуд, ки баргузории Озмуни имсола аз солҳои гузашта бакуллӣ фарқ дорад, зеро имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 35-умин солгарди Истиқлоли давлатиро таҷлил менамоянд. Ҳар як иштирокчии Озмун орзу дорад, ки дар ин соли таърихӣ ба комёбиҳои арзанда даст ёбад.
Ғолибони даври вилоятӣ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.