Баргашт Чоп кардан

ИСТИҚЛОЛ ВА «ТОҶИКСТАНДАРТ»: 35 СОЛИ КАФОЛАТИ ШАРАФУ СИФАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД


Дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ кӯшиш доранд то сазовор пешвоз гиранд. Раёсати «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд фаъолияти назаррасро ба роҳ мондааст.
Ин раёсат дар 35 сол роҳи душвор, вале пуршарафро тай кардааст: аз як ниҳоди хурди назоратӣ дар солҳои аввали истиқлол, ки дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ лабораторияҳояш холӣ буд, то як сохтори пешрафтаи техникӣ, ки имрӯз бо дастгоҳҳои олмонӣ ва стандартҳои байналмилалӣ кор мекунад. Ин пирӯзии сиёсати давлатӣ дар самти стандартонист, ки мақсади он таъмини сифати хуб ва бехатарии маҳсулот мебошад.
Аввалин самте, ки мо дар таҳқиқи худ баррасӣ кардем, нақши «Тоҷикстандарт» дар рушди иқтисоди вилоят, махсусан дар соҳаи содирот, мебошад. Меваҳои хушк, сабзавот, маҳсулоти консервӣ ва масолеҳи бинокорӣ аз ҷумлаи молҳое мебошанд, ки ба бозорҳои Русия, Қазоқистон, Чин ва дигар кишварҳо содир мешаванд. Аммо бидуни сертификати содиротӣ ин кор ғайриимкон аст.
Яке аз дастовардҳои бузурги техникӣ дар соли 2024 хариди дастгоҳи хроматографи газӣ аз Олмон барои лабораторияи вилоятӣ буд, ки метавонад 0, 0001% заҳрҳои пестисидҳоро дар мева муайян кунад. Ин дастгоҳ ба соҳибкорон имкон медиҳад, ки пеш аз фиристодани маҳсулот ба хориҷа, боварӣ ҳосил намоянд, ки он ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавоб мегӯяд. Дар натиҷа, содироти меваҳои хушк аз вилояти Суғд дар 5 соли охир 3 баробар афзуд ва иқтисоди вилоят 20 дарсад рушд кард. Ин натиҷаи бевоситаи сиёсати дурусти давлатӣ дар самти стандартизатсия мебошад.
Дуюмин самти муҳими фаъолияти «Тоҷикстандарт» ин ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъмини бехатарии озуқаворӣ мебошад. Соли 2025 «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд ба миқдори муайян маҳсулоти қаннодӣ, гӯштӣ, равғани рустанӣ, хушбӯйкунандаҳо, маҳсулоти ордӣ, ширӣ, чойи хушк, маҳсулоти кишоварзӣ, хӯроки кӯдакона, инчунин, нӯшокиҳои ташнагишикан ва спиртиро аз муомилот гирифта, қисми зиёди он бо иштироки комиссия ва тибқи тартиби қоидаҳои муайяннамудаи қонун несту нобуд карда шуд.
Яке аз дастовардҳои бузурги ин соҳа ҷорӣ кардани стандарти нави СТ 6.023-2025 «Либоси кӯдакона. Талаботи бехатарӣ» мебошад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки пеш аз ҷорӣ намудани ин стандарт, 30 дарсади либоси кӯдаконаи фурӯхташаванда дар бозорҳои ҳудуди вилояти Суғд дорои миқдори зиёди формалдегид буд, ки боиси аллергия ва бемориҳои пӯст мегардад. Пас аз ҷорӣ кардани стандарти нав, ин миқдор то 90 дарсад кам шуд. Ин маънои онро дорад, ки ҳазорҳо кӯдакони тоҷик аз хатари бемориҳои вазнин наҷот ёфтанд.
Самти сеюм, ки бевосита ба ҳадафи чоруми миллии кишвар – саноатикунонии босуръат алоқаманд аст, ташвиқ ва дастгирии корхонаҳои саноатӣ мебошад. Аз соли 2020 то соли 2025 дар вилояти Суғд 45 корхонаи нави саноатӣ бо иштирок ва дастгирии «Тоҷикстандарт» сертификати стандарт гирифт. Ин корхонаҳо на танҳо ҷойҳои нави кор эҷод карданд, балки маҳсулоти рақобатпазире бароварданд, ки ба хориҷа содир мешавад.
Ҳамин тавр, 35 соли истиқлол барои «Тоҷикстандарт» роҳи аз як ниҳоди ношинос ба як қувваи бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буд. Имрӯз, ин ниҳод дар вилояти Суғд беш аз 15 лабораторияи замонавӣ дорад, ки бо дастгоҳҳои олмонӣ, швейтсарӣ ва ҷопонӣ таҷҳизонда шудаанд. Он метавонад ҳама чиз, аз оби нӯшокӣ то тилло, аз нон то либоси кӯдаконаро санҷад. Вақте мо дар бозори байналмилалӣ мегӯем "маҳсулоти тоҷикӣ", ин ибора бояд маънои сифати баланд ва бехатариро дошта бошад ва ин сифатро «Тоҷикстандарт» кафолат медиҳад.


Умедҷон АМОНӢ, муҳаққиқи ҷавон