Баргашт Чоп кардан

ДАНҒАРА. АМАЛИ МОДАРОН БАРОИ ИБРАТ


Дар доираи қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» як гурӯҳ модарон дар ноҳияи Данғара бо шароити хидмати ҳарбӣ, фаъолияти ҳаррӯза, таъминоти моддиву маишӣ ва сатҳи омодагии сарбозону афсарони қисми низомии дар ҳудуди ноҳиябуда, аз наздик шинос шуданд.
Ба иттилои муовини раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода, зимни мулоқот бо сарбозону афсарон модарон аз муҳити солим, интизоми намунавӣ ва шароити мусоиди хидмат изҳори хушнудӣ намуда, барои сарбозон дар иҷрои рисолати муқаддаси ҳифзи марзу буми Ватан барору комёбӣ орзу карданд.
Иброз гардид, ки модарон ҳамчун тарбиятгарони насли наврас дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва тарбияи фарзандони ватандӯст нақши калидӣ доранд. Маҳз меҳру муҳаббати модарон ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи истиқлолият ва эҳтироми арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ мекунад.
Дар вохӯрӣ қабули ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон кардани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» аз ҷониби СММ рӯйдоди муҳими байналмилалӣ арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки ин ташаббус ба таҳкими фарҳанги сулҳ, густариши муколама, таҳаммулпазирӣ ва ҳамкории созанда байни давлатҳо ва ҷомеаҳо равона шудааст.
Модарон ин дастоварди байналмилалиро мояи ифтихори ҳар як сокини Тоҷикистон арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аз сиёсати башардӯстона ва сулҳпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат шаҳодат медиҳад. Ҳифзи сулҳу оромӣ аз оила оғоз ёфта, модарон ҳамеша барои тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, таҳаммулгароӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ саҳм мегузоранд.
Ба сарбозон дастархон ороста шуда, модарон бо дуои хайр ва суханони ҳидоятбахш онҳоро ба хидмати содиқона ба Ватан, ҳифзи сулҳу субот ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ раҳнамун сохтанд.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”