Аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, ки муовини вазир Музаффар Ҳусейнзода роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис ва сафири Шоҳигарии Шветсия дар Тоҷикистон Томас Данестадро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо дар баробари баррасии ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шветсия, ҳамчунин, имкони густариши робитаҳо бо Иттиҳоди Аврупоро мавриди муҳокима қарор доданд.
БАРРАСИИ ЛОИҲАИ ҚОНУНҲО ДАР СОҲАИ ЭКОЛОГИЯ
Дар шаҳри Зеленогорски Россия ҷаласаи Комиссияи доимӣ оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологияи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ баргузор гардид, ки дар он раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Рустам Латифзода иштирок намуд.
Котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад, ки дар он лоиҳаи қонунҳои намунавӣ дар бораи кишоварзии органикӣ, арзёбии таъсири эҳтимолии фаъолияти истихроҷи маъдан ба саломатии аҳолии ҳудудҳои ҳамшафат, ҳифзи ҳавои атмосфера ва рушду ҳифзи ҳудудҳои кӯҳиро баррасӣ намуданд.
ЛОИҲАИ БАРНОМАИ ТАҲҚИҚОТИ БУНЁДӢ
Дар Кумитаи иҷроияи ИДМ ҷаласаи Гурӯҳи кории Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи байнидавлатии тадқиқоти бунёдии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.
АМИТ хабар медиҳад, ки дар ҷаласа намояндагони макомоти ваколатдори мамолики аъзои ИДМ ширкат намуданд.
КОНФРОНСИ СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ СУДЯ
Дар шаҳри Марокаши Шоҳигарии Марокаш Конфронси 16-уми Созмони байналмилалии занони судя таҳти унвони «Занон – судяҳо: дастовардҳо ва чолишҳо» баргузор гардид.
Суди Олии ҷумҳурӣ хабар додааст, ки дар кори Конфронс 1200 судябону аз 72 давлати ҷаҳон иштирок кард. Тоҷикистонро дар Конфронси мазкур судяҳои Суди Олӣ Р. Ҳаким, М. Пӯлодӣ ва раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Г. Саидзода намояндагӣ намуданд.
ҲАФТАИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар пойтахт «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» оғоз гардид.
Маркази кӯдакону наврасони шаҳр иттилоъ додааст, ки дар доираи ҳафта ташкилу баргузории барномаи фарҳангӣ ва маросими ҳавасмандгардонии ғолибони Фестивал–озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» дар назар аст.
МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ БАТР
Ба «Ҷумҳурият» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, ки мулоқоти раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва ҳайати мушовирони байналмилалӣ сурат гирифт.
Дар рафти он ҷонибҳо масоили марбут ба раванди татбиқи лоиҳаҳоеро, ки аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузорӣ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд.