ПРЕЗИДЕНТ. БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Ибтидои солҳои навадуми садаи гузашта пайки иқбол бо нидои зуҳури Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз ба гӯши миллати куҳансол расид, ки ҳазор сол боз дар интизораш буд. Таронаҳои шодиёна ба фалак печиданду дарахти иқбол ҳар лаҳза гул мекард. Вале истиқлоли тоҷик ба душманону нотавонбинони ин Ватани озод нафориду ба раҳгумӣ кашидани мардум, алалхусус ҷавонон, даст заданд, нахуст ба мақсад расиданд. Ҷанги таҳмилӣ сар шуд. Ғазали Хоҷа Ҳофиз бо матлаи “Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам”... ба ҳақиқат пайваст. Низоми давлатдорӣ барҳам хӯрд...
Ҳар кӣ ба ҳар роҳе дар ҷустуҷӯйи кашфи омилҳои моҷаро буд. Ҳодиса тул кашид. Халқ ниёз ба кушояндаи уқда дошт. Роҳнамо меҷуст. Интизорӣ поён надошт. Боиси рафъи ҳамаи интизориҳо фақат як чиз - сулҳ буд. Вале онро кӣ меовард?
Иҷлосияи XVI Шурои Олии ҷумҳурӣ барпо шуд. Аз шонздаҳ то дуюми декабри соли 1992 барои мунтазирон баробари сол, балки фаротар аз солро мемонд. Дар ҳамин лаҳзаи бисёр боарзиш барои пойдории истиқлол, баргардондани иқболи гумшуда, марде бо садо ва симои тоҷикона инони роҳбариро ба даст гирифта, садо баланд мекунад: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то вазъро ором намоем...”.
Ин таъбири “мо ҳама” дар он лаҳзаҳои ҳассос хеле арзиш дошт. Мисли қувваи ҷозиба қудрат дошт. Қавӣ, мустаҳкам ва пурҷозиба ба маънои томаш буд. Ҳар соҳибдиле, ҳар соҳибназаре, ҳар соҳибамале мехост аъзои маҳфили ин “мо ҳама” бошад.
Эътироф бояд кард, ки ироаи ин ҷумлаҳо ҷуръат, далерӣ, мардонагӣ ва гузашта аз ин, дар ҳамон шароит ба истилоҳ “дилу гурдаи тоҷикона” мехост. Дарунмояи мафҳуми гуфтаҳои Президенти мамлакат андешаи ҳакими машҳури чинӣ Конфутсиро ба ёд меоварад, ки мефармояд: “Дарозтарин роҳ аз нахустин қадам оғоз мегардад”. Ин нахустин иқдоме буд дар роҳи мурувват ва мадоро, ватандорӣ, хештаншиносӣ, бунёдкорӣ, расидан ба қадри арзишҳои миллӣ, бунёди мактаби навини давлатдорӣ, арҷ гузоштан ба тамомияти арзӣ.
Вақте 27-уми июни соли 1997 ҷаҳониён аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон хабар ёфтанд, ангушти ҳайрат мегазиданд. Дӯстон табли шодӣ мезаданду душманон дар оташи ҳасад месӯхтанд.
Ҳамин тариқ, бо такя ба маҷмуи барномарезие, ки дар суханрониҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо доданд, метавон Иҷлосияи ХVI Шурои Олиро сароғози истиқлоли воқеии мамлакат арзёбӣ намуд. Чунки дар меҳвари он барномаҳои рушду эъмори давлат – таҳкими истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ҷойгоҳи мустаҳкам гирифтанд.
Сиёсати фарҳангсози Пешвои миллат аз минбари Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олӣ то ба имрӯзу фардо пайванди мустаҳкам мебахшад, худогоҳии миллӣ ва маънавии ҷомеа, бавижа насли наврасу ҷавонро ба ҳукми пойдевори маҳками истиқлоли давлатӣ эътироф намуда, дар заминаи он эҷоди барномаҳои муҳим ба миён омад.
Таҷрибаи сулҳофариние, ки дар низом ва таълимоти сиёсии Сарвари давлат ҷойгоҳи махсус касб кард, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ беназир эътироф гашта, ҳамчун намунаи оштии зидҳо дар давлатҳои рӯ ба ташаннуҷи сиёсӣ ба кор гирифта шуд. Аксарияти сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба таълимоти сиёсии сулҳофарини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, татбиқи онро дар воқеияти бархӯрдҳои сиёсии ҷаҳони муосир таъсиргузор ва муфид арзёбӣ намуданд.
Бе ваҷҳ нест, ки дар суханрониҳои хеш Сарвари давлат ба сулҳу суботу ваҳдати миллиамон, ки дар замири он ифтихормандии милливу ҳувият қарор дорад, пайваста таваҷҷуҳ зоҳир месозанд, зеро пойдевори сиёсати пешанамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мантиқан ваҳдати миллист.
Имрӯз, вақте ба қуллаи бузурги шукӯҳу нусрат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ватан наздик мешавем, бояд зиёдтар барои ҷавонон корномаҳои давраи соҳибистиқлолиро ба ҳукми дарсҳои навини давлатдорӣ ва миллатсозӣ қисса намоем, то барои онҳо сабақи ибратомӯз бошанд.
Бахтиёр МУРОДЗОДА,
мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, номзади илмҳои филология