ҚАВМИ ХИРАДМАНДИ ЗАМОН
Як қавми хирадманди замон миллати тоҷик,
Бо фазлу ҳунар ёри ҷаҳон миллати тоҷик,
Соҳиб ба ҳама шуҳрату шон миллати тоҷик,
Аз рӯзи азал дошт нишон миллати тоҷик,
Поянда дар оянда бимон, миллати тоҷик!
Чун Рустаму Суҳроби қавидаст ба дунё,
Халқе нашунидасту надидаст ба дунё,
З-он сон, ки аду маҳв намудаст ба дунё,
Аз ақл дари сулҳ кушудаст ба дунё,
Бо пайки хирад боз фузудаст ба дунё.
Бо амри Худо шуълаи хуршед асар кард,
Бар миллати ранҷур Худо боз назар кард,
Ин шуъла гули боғи Ватанро басамар кард,
Такрор ба таърих зи Сомон ба башар кард,
Тоҷик биболиду бино кохи падар кард.
...Абри сияҳе хест, ба хуршед даровехт,
Ин кохи навобод ба гирдоби ситам рехт,
Аз қатраи ин абр чи борони бало рехт,
Ин абри сияҳ миллати тоҷик барангехт,
То хуни бародар ҳама бо заҳри бад омехт...
Бедод чунон кард, ҳама дарбадар афтод,
Тарки Ватану рахти ғарибӣ ба сар афтод,
Не додрас, аз мурғи Ҳумо болу пар афтод,
Бегона ба амволи ғарибаш назар афтод,
Дар хонаи ин миллати ман бахт барафтод...
Бо ҳукми Худо миллати моро назаре дод,
Бар доди ғарибони Худо додгаре дод,
Бар иззати тифлони муборак падаре дод,
Ҳам раҳбаладу роҳнамо, Роҳбаре дод,
Подоши ҳама сулҳ Ватанро самаре дод.
Ин вориси Сомон дари бедодгарӣ баст,
Ин зодаи Хатлон раҳи оворагарӣ баст,
Дар саҳнаи пайкори ҷаҳон бадгуҳарӣ баст,
Бикшод назар, чашми баду бебасарӣ баст,
Аз баҳри наҷоти Ватани худ камаре баст!
Бо даъвати ваҳдат ба Ватан кӯфт ҳама дар,
Ӯ ҷаҳду ҷадал кард ба сулҳ аз ҳама минбар,
Баъд аз ҳама ранҷу таабу ҷанги саросар,
Бар давлати тоҷик бишуд Раҳбару довар,
Хуршеди фалак, фахри саропардаи Ховар.
Бехоб ду чашмаш чу бишуд фикр зи ҳад беш:
“Ин миллати ман дарбадару гашт чу дарвеш,
Пас сарвариям баҳри чи аст, ин дили ман реш,
Бояд пайи овардани ин халқ равам пеш,
То гирд биорам ҳамаро дар Ватани хеш”...
Ай марди ҳақиқат, ба ту ин шаън ато шуд,
Овардани ёрони ғариб аз дили мо шуд,
Аз номи ҳама бар ту ҳамин нек дуо шуд,
“Дар хонаву дар кишвари ту сулҳу сафо шуд,
Пеши ту, ҳама рӯи бадандеш сиёҳ шуд.
Исми ту Эмом аст, ту аз решаи Раҳмон,
Раҳмону Эмом аз камари ҷумлаи покон,
Чун номи худат тоза ту дорӣ дилу имон,
Дар роҳи ҳақиқат ба ҳама бош саробон,
То мушкили ҳар кор бигардад ба ту осон.
Ай миллати тоҷик, зи пайи раҳбари доно,
Саф баста, камар баста, намо сулҳ ба дил ҷо,
Пайванд шуда, сулҳ ситоем ба дунё,
То олами маънӣ шавад ин сулҳ гуворо,
Ҳам аз карами сулҳ бисабзад Ватани мо.
Ай тоҷики ман, дида кушо бар Ватани хеш,
Ай тоҷики ман, сулҳ саро дар Ватани хеш,
Аз банди ҷаҳолат бибаро дар Ватани хеш,
Бо покии дил рав ҳама ҷо дар Ватани хеш,
Ай тоҷики ман, саҷда намо бар Ватани хеш!
Маъруфшоҳ МАЗҲАБШОҲ