Баргашт Чоп кардан

ИСТИҚЛОЛ, ПРЕЗИДЕНТ ВА ВАҲДАТ


Дар баробари пойдории оромишу сулҳ дар кишваре бо номи Тоҷикистон, ҳамзамон баланд шудани мақоми зан дар ҷомеа бо номи Пешвою раҳнамои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.
Агар бо гузашти сию панҷ сол аз эълони истиқлоли давлатӣ ба таърихи навини давлатдориамон назар афканем, мебинем, ки Тоҷикистони азизи мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ аз як кишвари ошӯбзада ба мамлакати босуботу пешрафта ва фаъолу ташаббускор дар минтақа ва ҷаҳон табдил ёфт. Тавре маълум, дар оғози истиқлоли давлатӣ кишвари азизи мо бо дасисаи гурӯҳҳои манфиатдор ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд ва дар Ватани маҳбубамон буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ доман зад. Дар ҳамон давраҳои вазнин теъдоде аз занони тоҷик дар мақомҳои гуногун хизмат карда, намояндагии халқро бар уҳда доштанд. Аз ҷумла, Бозгул Додхудоева, Адолат Раҳмонова, Рафиқа Мӯсоева, Қимат Рустамова, Валентина Абдусамадова, Гулафзо Савриддинова ва Адолат Узоқова аз чеҳраҳои намоёни солҳои пурошӯб буданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба гурдофаридҳо шабоҳат дода, баланд бардоштани мақоми зан-модар дар ҷомеа, ҷалби бештари бонувон ба корҳои давлативу роҳбариро дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доданд.
Имрӯз, ба таъкиди Сарвари давлат, иштироки бонувон дар соҳаҳои маориф 73, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25 ва хизматрасонии иттилоотӣ 40 дарсадро ташкил медиҳад. Омори мазкур бармало нишон медиҳад, ки бидуни ширкати фаъолонаи занон рушди бемайлони ин самтҳоро таъмин кардан номумкин аст.
Маҳз чунин таваҷҷуҳи беназири Сарвари давлат буд, ки занону духтарон имрӯз на танҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ, балки бахшҳои дигари хоҷагии халқи мамлакат, ба монанди нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, кӯҳкорӣ, бонкдорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва Артиши миллӣ, софдилонаю содиқона хизмат менамоянд. Гузашта аз ин, нақш ва иштироки бонувон дар идоракунии давлатӣ тавсеа ёфта, ҳоло онҳо аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро ташкил медиҳанд.
Бори дигар бо ифтихору сарфарозӣ бояд таъкид дошт: талошҳои пайгирона ва муассири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон сарчашма гирифт, ба имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ замина гузошт, дар кишвар фазои сулҳу амнро фароҳам овард ва офтоби нурбахши сулҳу ваҳдатро барои тоҷикистониён чун неъмати худовандӣ ато кард.
Бузургтарин сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро барои дигар кишварҳои ҷангзада намунаи ибрат дониста, дар симои Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёмовари воқеии сулҳ ва меъмори ваҳдатро эътироф намуданд. Аз ҷумла, шоир ва адиби сатҳи ҷаҳонӣ Расул Ҳамзатов, ки муҳаббату алоқамандии вижа ба шеъру адаби тоҷик дошт, ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва хидматҳои Пешвои миллати мо баҳои баланд дода, таъкид кардааст: “Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд – Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад”.
Дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан, меъмори сулҳу ваҳдати тоҷиконро мешиносем, ки Ватани моро аз вартаи нестӣ наҷот дода, таърихи муосири миллати моро бо қалами сулҳофари хеш навиштанд.


Матлубахон САТТОРИЁН,
вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон